Commerce bank may-june 2026
7 лайфхак барои старт
27

1. Озмоиш кун - на тахмин.

Аз хурд шуруъ кун. Планҳои калонро ба таъхир мон - як идеяи хурдро имрӯз сар кун. Лэндинг соз, хизмат пешниҳод кун, талаботро бисанҷ. Ҷаҳон интизори лоиҳаи комил нест - интизори қадами аввалини ту аст.

2. Аз беҳтаринҳо омӯз, вале худат бош.

Аз соҳибкороне, ки эҳтиромашон дорӣ, илҳом бигир - вале нусхабардорӣ накун. Ту фишкаҳои худ, маъноҳои худ ва энергияи худро дорӣ.

3. Хато кун - вале зебо.

Хато - шикаст нест, балки гардиш ба самти нав аст. Ҳар як нокомӣ - зина нест, балки роҳи дигар аст. Таҳлил намо ва оқилонатар идома бидеҳ.

4. Версияи 2.0 шав.
Бизнес - марафони рушди шахсист. На танҳо идея, балки худатро рушд деҳ. Скиллҳои нав омӯз: аз коммуникатсия то рақамҳо, аз ИИ то стори-теллинг.

5. Нетворк - суперқудрат.

Муошират - бонус нест, мотор аст. Одамонеро ёб, ки бо онҳо метавонед кор кунед, фидбэк гиред ва таъсирро васеъ намоед.

6. Технология - ситоди ту.

Автоматизатсия кун. Нақша гир. Таҳлил намо. Асбобҳои рақамиро ҳамчун фишангҳои рушд истифода бар: ChatGPT, Notion, Canva ва садҳо дигар.

7. Чандир бош - ин сипари туст.
Бозор зуд тағйир меёбад. Агар идея кор надод - фоҷиа нест, ишора аст. Пивот, мутобиқшавӣ, апгрейд. Пластик бош - ва ҳамеша дар бозӣ мемонӣ.

📌 Натиҷа:

Соҳибкорӣ - ин роҳи қадамҳои комил нест.
Ин роҳи озмоишҳо, афзоишҳо ва пешравист.
Ин лайфхакҳо - компаси ту. Онҳоро истифода бар, мутобиқ кун ва бизнесе бунёд намо, ки аввал худат ба он бовар кунӣ.

Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»

https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#

https://www.instagram.com/mba.tj?igsh=dmhjNzM4bWljOGw4

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД