35 years of independency
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2026
962

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар муносибатҳои шахсӣ бо худ ва ҳамсаратон ростқавл бошед. Агар чизеро пинҳон дошта бошед, ин метавонад боиси ташвиш гардад. Ба мушкилоти рӯзгор ва масъалаҳои молиявии оила бештар таваҷҷуҳ кунед ва ба ҳамсаратон ёрӣ расонед. Дар касбу кор вохӯриҳои муҳим ва ҳуҷҷатгузориро ба таъхир нагузоред. Нимаи аввали рӯз нофаҳмиҳои хурд имкон доранд, вале бо оромӣ онҳоро бартараф мекунед. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Ҳангоми харидани маҳсулот ба муҳлати истифодаашон аҳаммият диҳед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз баъзе намояндагони ин мучал метавонанд аз ҷудоӣ ё мушкилоти муносибатҳо сахт руҳафтода шаванд. Кӯшиш кунед бештар ба корҳои мусбат машғул шавед. Эҳтимоли дидор бо шиносони дерина зиёд аст ва муносибат бо наздикон метавонад беҳтар шавад. Барои соҳибкорон ва тоҷирон бастани шартномаҳои судманд имконпазир аст. Барои нигоҳ доштани саломатӣ худро аз ҳад зиёд хаста накунед ва масъулияти зиёдатӣ ба зимма нагиред.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар муносибатҳои ошиқона танҳо ба эҳтиёҷоти худ таваҷҷуҳ накунед, зеро ин метавонад муносибатро сард кунад. Имрӯз аз наздикон ёрии зиёдро интизор нашавед, чун ҳар кас ба мушкилоти худ машғул мешавад. Дар ҷойи кор бояд ҳуҷҷатҳоро бодиққат санҷед, то хатое, ки метавонад ба зарари молиявӣ оварда расонад, пайдо шавад. Бо худ маблағи зиёд нагиред. Ба саломатӣ ва мустаҳкам кардани масуният аҳамият диҳед. Аз стресс ва изтироби зиёд дурӣ ҷӯед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба суханони хушомадгӯёнаи шахсони ношинос бовар накунед, зеро эҳтимол дорад чунин одам ба шумо зарар расонад. Имрӯз меҳмонони ногаҳонӣ, аз ҷумла хешовандон ё шиносони дерина, метавонанд ба хонаатон оянд. Дар муносибат бо дигарон бештар созиш намоед. Агар қарз дошта бошед, рӯзи муносиб барои баргардонидани он аст. Имкониятҳои худро аз ҳад зиёд баҳогузорӣ накунед ва аз харидҳои калон худдорӣ намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз эҳтимол бо шахсе шинос шавед, ки баъдтар дар ҳаётатон нақши муҳим пайдо мекунад. Барои нафарони танҳо вохӯрии ошиқона низ имконпазир аст. Агар нақшаи таъмири хона, харидани мебел ё техникаи маишӣ дошта бошед, метавонед онро оғоз кунед. Танҳо ба бахт такя накунед: барои расидан ба мақсад бояд худатон фаъолона амал кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ аз қарорҳои хатарнок худдорӣ намоед. Бегоҳ истироҳат кунед ва ба бадан, махсусан миён фишори зиёд наоред.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз эҳтимол дорад бо шахсе вохӯред, ки бо ӯ манфиатҳо ва арзишҳои муштарак доред. Ба ҳамсаратон бовар кунед ва бе далели кофӣ ӯро айбдор накунед. Нимаи дуюми рӯз барои варзиш ва истироҳати фаъол мувофиқ аст. Дар кор метавонад касе ба пешрафтатон ҳасад барад, бинобар ин эҳсосоти худро идора кунед. Вазъи молиявӣ муваққатан каме душвор шуда метавонад, пас хароҷоти нолозимро кам кунед. Ба ғизои солим ва истироҳат бештар аҳаммият диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз вақти тағйирот ва амалҳои ҷиддӣ расидааст. Ба масъалаҳои майдаву дуюмдараҷа диққати зиёд надода, ба ҳадафҳои асосӣ равона шавед. Эҳтимол як воқеаи ғайричашмдошт тартиби маъмулии рӯзатонро тағйир диҳад ва ҳатто бо мақомоти давлатӣ сарукор пайдо кунед. Барои расидан ба натиҷаи дилхоҳ хуб омодагӣ бинед. Дар масъалаҳои корӣ ростқавл бошед. Барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ кӯшиши зиёд лозим мешавад. Аз қарорҳои саросемавор ва корҳои хатарнок эҳтиёт шавед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар муносибатҳои шахсӣ вақти қабули қарорҳои ҷиддӣ расидааст. Эҳтимол ба он чизе, ки мехоҳед, осонтар ноил шавед. Кайфияти хуби худро ба корҳои фоиданок равона кунед: ба оила бештар таваҷҷуҳ намоед, бо варзиш машғул шавед ё ба як шуғли дерина баргардед. Дар кор меҳнатдӯстӣ ва омодагӣ ба созиш ба шумо натиҷаи хуб медиҳад. Гарчанде хароҷот зиёд шуда бошад ҳам, вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Агар рӯҳияатон паст шавад, ноумед нашавед, ин ҳолат зуд мегузарад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз баъзе ҳолатҳо шуморо водор мекунанд, ки нақша ва тарзи рафтори худро тағйир диҳед. Дар масъалаҳои ошиқона танҳо ба эҳсосот такя накарда, ҷанбаи воқеии вазъро низ ба назар гиред. Барои худ ҳадафҳои воқеӣ гузоред, то ба натиҷаи дилхоҳ бирасед. Дар атрофатон одамоне ҳастанд, ки метавонанд ғайбат ё суханҳои нодуруст паҳн кунанд, бинобар ин эҳтиёткор бошед. Дар моҳи наздик имкони барқарор ва беҳтар кардани вазъи молиявӣ зиёд мешавад. Ғизои дуруст саломатии меъдаро нигоҳ медорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ метавонад воқеаи ғайричашмдошт рух диҳад. Шояд вақти он расидааст, ки намуди зоҳирӣ ва муносибати худро ба баъзе чизҳо тағйир диҳед ва ба худ бештар бовар кунед. Эҳсосоти манфиро ба атрофиён нишон надиҳед, то боиси ҷанҷол нашавед. Агар аз маош ё шароити кор норозӣ бошед, дар бораи тағйири фаъолият фикр кардан мумкин аст. Барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ ё иваз кардани мошин имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Ба ғизо ва саломатии меъда диққат диҳед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз роҳи дурусти фаҳмидани муносибати ҳамсаратон танҳо гуфтугӯи ошкоро ва самимӣ мебошад. Барои ҳалли баҳсҳои ҷиддӣ ва қабули қарорҳои муҳим рӯзи чандон мувофиқ нест, бинобар ин шитоб накунед. Дар корҳои ҷамъиятӣ ё корӣ фаъолтар бошед, зеро ба зудӣ имкони нишон додани қобилияти роҳбарӣ пайдо мешавад. Дар амалиётҳои молиявӣ, харид ва хароҷот эҳтиёткор бошед. Нафарони калонсол метавонанд каме худро нотоб ҳис кунанд, аз ин рӯ ба саломатии онҳо таваҷҷуҳ кардан муҳим аст.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз эҳтиёҷи шумо ба меҳрубонӣ, муҳаббат ва таваҷҷуҳи наздикон бештар мешавад. Агар ба шахси дӯстдоштаатон меҳру муҳаббат нишон диҳед, эҳтимол ҷавоби гарм мегиред. Ҳамзамон, эҳсоси норозигӣ аз зиндагӣ метавонад рӯҳияатонро паст кунад, бинобар ин кӯшиш кунед асабониятро ба наздиконатон нагузаронед. Сафар барои кор метавонад бароятон хеле муфид бошад ва ҳатто шароити коратонро беҳтар кунад. Аммо аз корҳои хавфнок, харидҳои калон ва сармоягузории шитобкорона худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД