sebiston july new
Абдурахим Сангинов чӣ гуна “Хонандаи сол – 2023” шуд?
07.06.2024
Мирсаид
826


Абдураҳим Сангинов ғолиби чандин озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, нияташ бо медали тилло хатм кардани мактаб аст.

Ӯ ҳоло хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе мебошад, ки ғолиби озмуни “Хонандаи сол – 2023” шуд.

Абдураҳим бо супурдани санҷишҳо аз рӯи 6 фанни таълимӣ, чун навиштани корҳои хаттӣ аз фанҳои алгебра ва физика, диктант бо забонҳои русӣ ва англисӣ, инчунин санҷиши донишҳои назариявӣ ва маҳорати гуфтугӯӣ дар 3 марҳалаи ин озмун дастболо шуд.

Ӯ 3 соли охири таҳсилашро дар Литсей сипарӣ кард. Дар умум, дар 5 мактаб хондааст. Худаш мегӯяд, таҷрибаи таҳсил дар панҷ мактаби ҷумҳурӣ нишон дод, ки дар ин ҷо беҳтар дониш андӯхта метавонад ва тасмим гирифт, ки ҳамин ҷойро хатм кунад.

Абдураҳим аз хурдӣ фанҳои дақиқро дӯст медорад, ҳалли мисолу масъалаҳо аз математика ва физикаро меписандад ва шавқу рағбаташ ба технологияи иттилоотӣ низ зиёд аст. Ӯ 4 сол боз ин соҳаро меомӯзад ва дар оянда мехоҳад дар ҳамин соҳа кор кунад.
Ӯ мегӯяд, саҳми оилааш дар дастовардҳояш бениҳоят калон аст, зеро онҳо ҳамеша пуштибони писар буда, ӯро дастгирӣ мекарданд ва кӯшиш мекарданд, ки фарзандонашон дар беҳтарин муассисаҳои таълимӣ таҳсил кунанд.

Чун имсол қаҳрамони мо хатмкунанда аст, ба донишгоҳҳои кишварҳои гуногун, аз ҷумла ИМА, АМА, Қатар, Туркия ва ғайра ҳуҷҷат супориду аллакай аз се донишгоҳ даъватнома гирифт, назири Туркия, Қатар ва ИМА. То ҳол тасмим нагирифтааст, ки дар кадом муассисаи таълимӣ ва бо кадом ихтисос таҳсил кунад, зеро аксари ихтисосҳои интихобкардааш ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ марбутанд.

Абдураҳим нақша дорад, ки пас аз хатми таҳсил дар хориҷа ба ватан баргардад ва дар хидмати давлату халқ саҳми худро гузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД