arzon replenishment
Афшурдаи меваҳои бонувони ҷайҳунӣ дар бозорҳои кишвар
937

 

Боғигул Давлтова зери офтоби сӯзони ноҳияи Ҷайҳун ба кишту кори саҳроӣ машғул буду бо ин роҳ зиндагиашро пеш мебурд. Ҳеҷ гоҳ дар фикраш намеомад, ки рӯзе зиндагии ӯ ба тамом тағйир меёбаду аз зери офтоби гарм ба шароити хуби корӣ фаъолият мекунад.

 photo_2022-06-15_10-46-07

“Ман ва ин занҳое, ки дар назди ман кор мекунанд, дар заминҳои калон, дар офтоби гармии то 45-50 дараҷа гармӣ ба кишту кори саҳроӣ машғул будем. Чунки ин ягона даромади мо ба хонаводаҳоямон буд”, гуфт дар суҳбат Боғигул Давлатова”.

 20220614_113734

Муддати як сол мешавад, ки дар корхонаи истеҳсолии “Савлати Маҳмуд” ҳамчун бригадири занҳо фаъолият мекунад. Дар қатори Боғигул панҷ зани дигар, ки ба корҳои деҳқонӣ машғул буданд, ба кор ҷалб шудаанд. Айни замон бо меҳант ва саҳмгузории бонувони ҷайҳунӣ афшурдаи меваҳо, аз қабилӣ, шарбати зардолу, олу, олучабандак, шафтолу ва дигар меваҳо ба дигар минтақаҳои кишвар содирот мешаванд.

20220614_113722

Чуноне Боғигул ба хотир меорад, дар солҳои шӯравӣ ин корхона ба истеҳсолот машғул буд ва коргарони зиёд дошт. Баъд аз барҳамхурдани ин давлат корхона низ аз кор монд. Акнун бо дастгирии бонуи кордон ин корхона дубора барқарор шуд ва ману дигар занҳои деҳа, ки хонашин будануд ба корҳои колхоз машғул буданд, ба кори доимӣ ҷалб шуданд.

20220614_113657

То ба кор даромадани корхонаи мазкур мо бо даст дар як шабонарӯз 500 бонка бо афшурда ва соки меваҳо маҳкам карда, ба мағозаҳо равон мекардем. Асалан кори корхона аз моҳи июл оғоз меёбад, чунки мо маҳсулоти хомро ҷамъоварӣ карда ба кор шурӯъ мекунем. Аз баски харидорон аз мо хоҳиш карданд, ки афшурда пешниҳод намоем, аз мешавҳои боғи корхона рӯи дархости онҳо омода карда истодаем.

 photo_2022-06-14_15-57-16

Агар дастгоҳҳои мо пурра ба кор дароянд ва бо ашёи хом таъмин бошем, иқтидори кори мо зиёд шуда, дар як шабонарӯз то 10 000 бонка афшурда истеҳсол мекунем.

20220614_113803

Дар корхонаи истеҳсолии “Савлати Маҳмуд" -и ноҳияи Ҷайҳун дар баробари омода намудани афшураи меваҳо, ҳамчунин консервакунии пиёзи анзурро низ таҷриба карда истодаанд.

photo_2022-06-14_15-57-49

Боғигул Давлатова хушбин аст, ки бо ба кор даромадани дастгоҳҳои техникӣ ва зиёд шудани иқтидори маҳсулот сафи занҳои коргар дар корхона зиёд шуда, вазъи иқтисодии зиндагии онҳо рӯ ба беҳбудӣ меорад.

 

photo_2022-06-14_15-57-52

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД