goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2026
427

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои ҳамалҳо рӯзи вохӯриҳои ғайриодӣ ва тағйироти муҳим аст. Эҳтимол бо шахсе шинос шавед, ки ҳаётатонро дигар мекунад. Дар муносибатҳои ошиқона ором бошед ва барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Дар кор фикрҳои эҷодӣ метавонанд натиҷаи хуб диҳанд ва ҳатто даромади иловагӣ оваранд. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Аз муноқишаҳои беҳуда ва хастагии зиёд худдорӣ кунед, зеро имрӯз хатари осеб ё беморӣ вуҷуд дорад.

Савр (21 апрел-21 май)

Барои саврҳо имрӯз муҳаббат бештар ба оромӣ, меҳрубонӣ ва вақтгузаронӣ бо шахси дӯстдошта вобаста аст. Ба наздикон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунед, зеро беэътиноӣ метавонад муносибатҳоро сард кунад. Сафари корӣ метавонад барои пешрафти шахсӣ ва касбӣ имкониятҳои нав фароҳам оварад. Вазъи молиявӣ беҳтар шуда, эҳтимол қарзҳоятонро пардохт кунед. Фаъолияти ҷисмонӣ низ барои саломатӣ муфид хоҳад буд.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Ҷавзоҳо имрӯз набояд мушкилотро дар ҷойе ҷӯянд, ки аслан вуҷуд надоранд. Ҳодисаҳои имрӯза метавонанд дар ниҳоят ба фоидаи шумо анҷом ёбанд. Барои хушҳол кардани шахси дӯстдошта ҳатто як туҳфаи хурд ҳам кофист. Дар кор нигоҳ доштани рӯзномаи корӣ ба интизом ва тартиби фикрҳо кумак мекунад. Маблағҳои пасандозкардаатон метавонанд ба зудӣ барои хариди калон ё сармоягузории муфид лозим шаванд. Вазъи умумии рӯҳию ҷисмониатон хуб хоҳад буд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз саратонҳо метавонанд аз лаҳзаҳои хурди хуш лаззат баранд ва ба эҳсосоти худ бештар иҷозат диҳанд. Шомро беҳтараш бо аҳли оила гузаронед. Дар касбу кор имконият доред ба шахсоне, ки қаблан ба қобилиятатон шубҳа доштанд, худро аз беҳтарин тараф нишон диҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ сарфакор бошед ва аз хароҷоти нолозим худдорӣ кунед. Хоби кофӣ, ғизои дуруст ва нигоҳубини саломатӣ низ барои шумо муҳим аст.

Асад (23 июл-23 август)

Асадҳоро имрӯз эҳтимол як сюрпризи ошиқона интизор бошад. Мулоқоте, ки ба нақша гирифта будед, метавонад назар ба интизоратон тамоман дигар гузарад. Аз ҷиҳати молиявӣ давраи мусоид оғоз мешавад, вале дар масъалаҳои тиҷоратӣ шитоб накунед, баъзе пешниҳодҳо метавонанд дар оянда фоидаи зиёд надиҳанд. Дар кор масъулияти бештар ба зиммаатон меафтад ва бояд ҳамчун роҳбар амал кунед. Ба саломатӣ аҳаммият дода, аз варзиши хатарнок худдорӣ намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Сунбулаҳои танҳо имрӯз набояд аз даъватҳои дӯстона канорагирӣ кунанд, эҳтимол аст бо шахсе вохӯранд, ки дар оянда нақши муҳим пайдо мекунад. Муошират бо наздикон ба шумо нерӯи тоза мебахшад. Дар касбу кор барои омӯзиш ва аз худ кардани донишҳои нав рӯзи хуб аст. Вазъи молиявӣ дар ду ҳафтаи наздик тадриҷан беҳтар мешавад. Барои ҳифзи саломатӣ хоби пурра ва истироҳати шабона муҳим аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизонҳо имрӯз хеле фаъол, хушҳол ва ҷолиб ба назар мерасанд, бинобар ин барои шиносоии нав ва муошират рӯзи хуб аст. Дар муносибатҳои ошиқона аз саволҳои таҳрикдиҳанда ва дахолат ба гузашта худдорӣ кунед, то баҳс ба миён наояд. Агар дар кор ба мушкил дучор шавед, аз ҳамкорони ботаҷриба ёрӣ пурсидан шармовар нест. Аз ашёҳои нолозим ва хотираҳои манфӣ халос шавед. Гоҳе худро бо ғизои дӯстдошта низ хурсанд кардан мумкин аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ақрабҳо бояд эҳсосоти худро ба шахси дӯстдошта бо ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ нишон диҳанд. Барои барқарор кардани муносибатҳои кандашуда низ рӯзи мувофиқ аст. Ба баҳсҳои беҳуда ҳамроҳ нашавед ва корҳои дермондаро ба тартиб дароред. Нимаи дуюми рӯз эҳтимол хабари муҳиме расад. Барои оғоз кардани корҳои нав ва тарҳрезии нақшаҳои дарозмуддат рӯзи мусоид аст. Аммо шом худро аз ҳад зиёд хаста накунед ва ба саломатӣ диққат диҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавсҳо имрӯз набояд аз шахси дӯстдошта барои кам нишон додани эҳсосоташ гила кунанд. Ҳар кас муҳаббатро ба тарзи худ баён мекунад. Барои нигоҳ доштани оромӣ дар оила эҳсосоти худро идора кунед ва бештар меҳрубонӣ нишон диҳед. Дар кор диққатро пурра ба вазифаҳо равона кардан натиҷаи хуб медиҳад. Вазъи молиявӣ метавонад беҳтар шавад. Имрӯз инчунин вақти муносиб барои даст кашидан аз одатҳои зараровар ва оғози тарзи ҳаёти солим аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз барои ҷаддиҳо рӯзи муносибест, ки эҳсосоти худро ба шахси барояшон азиз баён кунанд. Аз наздикон низ хабарҳои хуш гирифтан мумкин аст. Дар оила ҳангоми муҳокимаи хароҷот баҳсҳо эҳтимол доранд, бинобар ин андешаи якдигарро эҳтиром кунед. Кӯшишҳои шумо дар кор аз ҷониби роҳбарият қадр шуда, ҳатто мукофоти молиявӣ гирифтан мумкин аст. Аммо аз корҳои хатарнок, мошинронии босуръат ва истифодаи асбобҳои нӯгтез эҳтиёт кунед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Далвҳо имрӯз метавонанд худро дар муҳити пур аз муҳаббат ва таваҷҷуҳ эҳсос кунанд. Ҳатто барои оиладорҳо эҳсоси гармии муносибатҳо бештар мешавад, гарчанде ки ин метавонад боиси ҳасади дигарон гардад. Дар оила баҳсҳо эҳтимол доранд, вале бо сабр онҳоро ҳал кардан мумкин аст. Имрӯз вақти хубест, ки таҷрибаи худро ба ҳамкорони ҷавон омӯзонед. Дар масъалаҳои корӣ шояд қарореро зуд қабул кардан лозим шавад. Ба ғизои солим ва нӯшидани оби кофӣ аҳамият диҳед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз ҳутҳо бояд хоҳишу ниятҳои худро ба шахси дӯстдошта равшан ва самимона фаҳмонанд. Дар оила эҳтимоли баҳс ва ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале роҳи беҳтарини ҳалли мушкилот созиш ва оромӣ аст. Барои бастани шартномаҳои нав ё тағйири фаъолияти касбӣ рӯзи мусоид мебошад. Ҳангоми муошират бо шахсони муҳим дилёбӣ кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ сарфакор бошед ва хароҷоти беҳуда накунед. Аз шитоб ва фишори зиёд низ худро ҳифз кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД