Ҳаққи тарбия
Ҳангоме ки дар бисту сесолагиам аввалин маошамро гирифтам, падарам ба ман гуфт:
– Ҳар моҳ ба ман 100 (сад) мефиристӣ.
Ба ӯ гуфтам:
– Чаро, падарҷон?
Гуфт:
– Ҳаққи тарбия.
Ман хандидам, аммо ӯ нахандид.
Аз ҳамон рӯз, ҳар санаи бисту ҳафтум, вақте маош мефуромад, ба ӯ сад мегузарондам ва дар шарҳаш менавиштам:
– Ҳаққи тарбия.
Ва ӯ ҳар дафъа ба ман ҷавоб медод:
– Расид. Худо ризқатро диҳад.
Ва як калима ҳам зиёд намекард.
Онро мефиристодам, вақте ки муҷаррад будам.
Дар моҳи тӯям низ фиристодам, дар ҳоле ки то баногӯш дар қарз ғӯтида будам.
Дар моҳе, ки писарам таваллуд шуд ва дар суратҳисобам ҳамагӣ 140 (саду чил) боқӣ монда буд, боз ҳам фиристодам.
Ҳамсарам мегуфт:
– Падарат нафақахӯр аст ва хонаи худашро дорад, ин 100 (сад)-ро чӣ кор мекунад?
Дӯстонам мегуфтанд:
– Падарат ба сарат андоз бастааст?
Ва ман ба онҳо мегуфтам:
– Падарам ҳамин хел аст, феълу хӯи худашро дорад».
Як бор як рӯз дер кардам.
Соати 7 (ҳафт)-и субҳ занг зада гуфт:
– Тинҷӣ аст?
Ҳамроҳи ханда пулро ба ӯ гузарондам ва дар дилам гуфтам: «Бахудо, ки дар масъалаи пул хеле дақиқ аст.
Ҳамин тавр дувоздаҳ сол гузашт.
Се моҳ пеш ширкат маро ихтисор кард.
Ба ҳеҷ кас нагуфтам, ҳатто ба ҳамсарам.
Ҳар рӯз либоси расмиамро мепӯшидам ва соати ҳафт аз хона мебаромадам, то нисфирӯзӣ дар назди қаҳвахонае даруни мошин менишастам ва сипас гӯё аз кор баргашта бошам, ба хона меомадам.
Рӯзи бисту ҳафтум фаро расид... ва маош наомад.
Бори аввал дар 12 сол ба падарам чизе нафиристодам.
Баъд аз намози хуфтан телефонам занг зад.
Гуфт:
– Ба ман чизе нарасид.
Гуфтам:
– Фаромӯш кардаам, падарҷон, пагоҳ иншоаллоҳ.
Каме хомӯш монд, сипас гуфт:
– Ҳозир биё, танҳо.
Ба меҳмонхона даромадам ва дидам, ки нишастааст ва дар пешаш як дафтари кӯҳна ва як лифофа ҳаст.
Дафтарро ба тарафи ман тела дода гуфт:
– Кушо.
Дар ҳар сатр сана, рақами 100 (сад) ва номи ман навишта шуда буд.
Ва дар паҳлӯи ҳар сатр навишта шуда буд, ки он пул ба куҷо рафтааст: «Обсардкунак»… «Кафолати ятим»… «Сабади рамазонӣ»… «Об барои коргарон».
144 сатр.
Гуфт:
– Ҳатто як танга аз пули ту ба ҷайби ман надаромадааст.
Сипас телефонашро ба ман дод, ки дар он акси як обсардкунак дар назди масҷид буд ва дар болояш лавҳаи хурде бо чунин навиштаҷот овезон буд:
– Садақа аз номи писарам, Худованд нигаҳбонаш бошад.
Онро дарҳол шинохтам.
Ин ҳамон обсардкунаке буд дар назди масҷиди паҳлӯи ҷои корам, ки ҳар рӯз баъд аз нисфирӯзӣ аз он об менӯшидам.
Солҳост, ки ман бехабар аз садақаи падарам, ки барои ман карда буд, об менӯшидаам.
Баъд лифофаро ба тарафи ман тела дода гуфт:
– Ин бошад, аз ҷониби ман аст.
Онро кушодам ва дар дарунаш ҳафтоду ду ҳазор дидам.
Гуфт:
– Аз аввалин маошат сар карда, ман ҳар моҳ ба ин ҷо 500 (панҷсад) мегузоштам. Гуфтам, рӯзе мерасад, ки аз ту ба ман чизе намерасад... ва дар ҳамон рӯз ту ба ман ниёз хоҳӣ дошт.
Гуфтам:
– Падарҷон, чӣ тавр фаҳмидед?
Гуфт:
– Дар 12 сол ҳамагӣ як рӯз дер карда будӣ, ва имрӯз чизе нарасид. Ҳоҷат ба гуфтани касе нест.
Дигар гап зада натавонистам.
Гуфт:
– Он сад ба ман ҳеҷ гоҳ лозим набуд. Ман танҳо мехостам ҳар моҳ бидонам, ки ҳолат хуб аст, бе он ки аз ту бипурсаму ту дар ҷавоб "ҳамааш хуб аст" бигӯӣ, дар ҳоле ки ҳолат хуб нест».
Баъд аз ду моҳ кор ёфтам.
Дар аввалин рӯзи бисту ҳафтум ба ӯ 100 гузарондам ва навиштам:
– Ҳаққи тарбия.
Ҷавоб дод:
– Расид. Худо ризқатро диҳад.
Ва як дақиқа пас, бори аввал аз ӯ паёми дуюм омад:
– Ва дигар ҳеҷ гоҳ аз ман чизеро пинҳон накун.
Парвардигоро, маро, падару модарамро ва тамоми мӯъминону мусалмононро, чи зинда ва чи гузаштагонро бубахшой.
Тарҷума аз интернет