formula
Алло, ин ман, Соли нав!
1511

Алло, ин ман, Соли нав!
Соли нав яке аз идҳои дӯстдоштатарини тамоми сокинони сайёраи Замин буда, онро дар ҳар як гӯшаи олам ба таври ба худ хос ҷашн мегиранд. Имрӯз мо дар бораи баъзе расму одат ва анъанаҳои солинавии мардумони кишварҳои мухталифи дунё бароятон маълумти мухтасар медиҳем.

Соли нав дар Ҳиндустон
Сокинони Ҳиндустони шимолӣ дар иди Соли нав худро бо гулҳои сурх, бунафш, гулобӣ ва сафед оро медиҳанд. Дар қисмати ҷанубии ин кишвар, модарон туҳфаву гулу шириниро дар лаълии махсус мегузоранд. Субҳи рӯзи якуми соли нав кӯдакон бо чашмони баста интизор мешаванд, ки кай онҳоро ба назди лаълии туҳфаҳо мебаранд. Танҳо бо чашми баста кӯдак метавонад туҳфаашро бигирад.

В
Аҷинаҳои ҷопонӣ аз чӣ метарсанд?
Ҷопон мамлакати пешрафта бошад ҳам, мардумаш то ҳол ба хурофот бовар доранд. Дар ин кишвар соли навро рӯзи 1-уми январ ҷашн мегиранд. Барои он ки чину аҷинаҳо ба манзилашон надароянд, ҷопониҳо дар погаҳи дар як бандча хас мегузоранд. Мардуми ин кишвар боварӣ доранд, ки хас сади роҳи қувваҳои нопок гашта, як соли дароз онҳоро аз ҳуҷуми деву париён эмин нигоҳ медорад. Боз як анъанаи аҷиби солинавии ҷопониҳо ханда аст. Баробари садо додани занги соати 12 тамоми мардуми Ҷопон ба ханда медароянд, то тамоми солро бо хандаю шодиву нишот гузаронанд.

Анъанаҳои солинавии чинӣ
Соли навро дар Хитой аз 17-уми январ то 19-уми феврал ҷашн мегиранд. Ҷашни ботантанаи солинавӣ дар кӯчаҳои шаҳр мегузарад. Дар ин кишвар ҳазорон чароғаку фонусҳоро якбора фурӯзон менамоянд, то роҳи соли навро равшан намоянд. Хитоиҳо бар он ақидаанд, ки ҷину аҷинаҳо соли навро аз чор тараф иҳота намуда, монеи ба пеш ҳаракат карданаш мегарданд, аз ин лиҳоз бо мушак ва гулӯлаҳои тарканда қувваҳои нопокро тарсондан мехоҳанд. Бархе аз мардумони ин кишвар дару тирезаҳояшонро бо коғаз маҳкам мекунанд, то ки қувваҳои нопок ба манзилашон роҳ наёбад.


Асрори «ТЕТ»-и Ветнамиҳо
Дар Ветнам соли навро "тэт" меноманд. Онро байни рӯзҳои 21 январ ва 19 феврал ҷашн мегиранд.
Санаи ҷашни соли нав ҳар сол иваз мешавад. Мардуми Ветнам бар он назаранд, ки дар ҳар як хона Худо ҳаст ва дар соли нав Худо ба ҷаннат рафта, дар бораи он ки соли равонро ҳар як аъзои оила чӣ гуна гузаронидааст, нақл мекунад. Замоне ветнамиҳо бовар доштанд, ки Худо дар болои моҳии капур шино мекунад. Имрӯз ҳам баъзан онҳо капури зиндаро харида, ба дарёча ё ҷӯй сар медиҳанд. Касе, ки дар соли нав аввалин шуда ба хона медарояд, ба аҳли он хонавода бахт ё баръакс бадбахтӣ меорад.

Бобои Барфӣ об мешавад?
Соли нав дар Австралия аз аввали январ сар мешавад, вале маҳз дар ҳамин давра ин кишвар чунон гарм аст, ки Бобои Барфӣ ва Барфак бо либосҳои шиноварӣ ба кӯдакон туҳфа мебаранд. Дар кишвари Индонезия соли нав дар моҳи октябр фаро мерасад

Ҳамаи одамон либосҳои зебо ба бар карда барои дар соли гузашта якдигарро хафа карданҳояшон бахшиш мепурсанд.
Соли нав дар Бирма аз аввали моҳи апрел сар мешавад. Як ҳафтаи дароз ин мардум ба якдигар обпошӣ мекунанд.

Rosh Hashanah-соли нави яҳудӣ
Соли нави яҳудиён Rosh Hashanah ном дорад. Ин айёми муқаддас ба шумор меравад, аз ин лаҳзаҳо одамон дар бораи гуноҳҳояшон фикр карда, ваъда медиҳанд, ки дар соли оянда танҳо бо накӯкорӣ машғул мешаванд. Дар ин рӯз ба кӯдакон либоси нав тақдим мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД