Амонатбонк барои харидории панелҳои офтобӣ қарзҳои фоизашон паст медиҳад
114

Амонатбонк бо мақсади рушди иқтисодиёти сабз ва беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ аз ҳисоби барқи аз манбаъҳои табиии барқароршаванда истеҳсолшуда барои хариди панелҳои офтобӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ бо фоизҳои нисбатан паст қарз медиҳад.

Дар ин бора имрӯз, 10-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ раиси Амонатбонк Алиҷон Салимзода иттилоъ дод. Тавре ӯ гуфт, маблағҳои қарзӣ барои харидории панелҳои офтобӣ ҳамагӣ бо 17%-и солона дода мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд ба филилалҳои Амонатбонк барои дарёфти қарз баҳри хариди панелҳои офтобӣ муроҷиат намоянд.

Ёдрас мешавем, ки сандуқи қарзии бонки мазкур зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ ва шумораи қарзгирандагон 84 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД