35 years of independency
Аҳолии Тоҷикистон аз 10,8 миллион нафар гузашт
20

Аҳолии Тоҷикистон аз 10,8 миллион нафар гузашт

Шумораи аҳолии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш буда, тибқи маълумоти нави оморӣ, ба 10 миллиону 860 ҳазор нафар расидааст.

Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот нашр кардааст.

Тибқи рақамҳои пешниҳодшуда, вилояти Хатлон бо 3 миллиону 930 ҳазор нафар аз рӯйи шумораи аҳолӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар вилояти Суғд беш аз 3 миллиону 40 ҳазор нафар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 миллиону 330 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Ҳамчунин, шумораи аҳолии шаҳри Душанбе ба 1 миллиону 300 ҳазор нафар ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 237 ҳазор нафар расидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар нӯҳ моҳи соли 2026 дар кишвар 175 ҳазору 800 кӯдак ба дунё омадааст. Ба ҳисоби миёна, ҳар моҳ тақрибан 20 ҳазор тифл таваллуд мешавад.

Ин нишондиҳандаҳо аз идомаи афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД