Бузургдошти Ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Аз 23 то 27-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо ташаббуси Тоҷикистон чорабинии байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мешаванд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳайати кишварро вазир Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ мекунад. Дар барнома олимону муҳаққиқон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва аҳли фарҳанги кишварҳои гуногун иштирок хоҳанд кард.
Дар доираи чорабиниҳо 23-юми ноябр конфронси илмӣ ва намоишгоҳи китобу дастхатҳои Ибни Сино ва Умари Хайём, 24 -уми ноябр конфронси байналмилалӣ бахшида ба мероси илмӣ ва адабии Хайём баргузор мегарданд.
Ҳамчунин, рӯзҳои 25 ва 27-уми ноябр ҳунармандони тоҷик дар қароргоҳи ЮНЕСКО ва шаҳри Париж консерт баргузор мекунанд.
Мақомот ҳадафи ин чорабиниро, муаррифии мероси илмӣ ва фарҳангии тоҷикон ва арҷгузорӣ ба саҳми Ибни Сино ва Умари Хайём дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзёби кардаанд.