goodwell
Тантанаи Рӯзи Парчами давлатӣ дар Истаравшани куҳан
34

Тантанаи Рӯзи Парчами давлатӣ дар Истаравшани куҳан

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Истаравшан чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Нахуст, ҳазорҳо нафар сокинони касбу кори гуногуни шаҳр бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар раҳпаймоии идона иштирок намуда, эҳтирому садоқати хешро ба давлату миллат, муқаддасоти миллӣ, бахусус Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баён доштанд.

Ҳамзамон, ба муносибати ин санаи фархунда автомарафони идона баргузор гардид, ки дар он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшонӣ мекард.

Пас аз раҳпаймоии идона иштирокчиён дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонии шаҳр ҷамъ омада, дар чорабинии тантанавӣ ширкат варзиданд.

Чорабинии идона бо сухани табрикии раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ оғоз ёфт. Нахуст раиси шаҳр ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, аз ҷойгоҳи волои ин рамзи муқаддаси миллӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандон ёдовар гардид.

Сипас, муовини раиси вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров паёми табрикии раиси вилояти Суғдро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расонид.

Чорабинии идона дар фазои тантанавӣ ва бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ баргузор гардида, бори дигар аз муҳаббату эҳтироми сокинони Истаравшан ба муқаддасоти давлатӣ ва рамзҳои миллии кишвар шаҳодат дод.

Сипас, аз ҷониби Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид. Дар ҷараёни он сарояндагон бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона васфи Ватан, миллат ва арзишҳои миллиро намуда, ба чорабинии идона шукуҳу шаҳомати тоза бахшиданд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД