formula55
Ғамзаро гӯр партофт?
1599

...Давомаш. Аввалашро дар сомона пайгирӣ намоед!

                                          Ғамза ба ноз

Пас аз гузаштани посе аз шаб, Мадуд оҳиста-оҳиста чун дуздон байн-байни ҳотаи мардум гузашта, ба назди тути поёни ҳотаи Собири галабон қарор гирифт. Оромии шабро садои чир-чиракҳо ва аҳён-аҳён овози одамон омехта, ба ҷакиши сагҳо беқарор мекарданду халос. Мадуд рӯи юнучқазори сабз дароз кашида, мунтазири баромадани моҳаш буд.

Пас аз як лаҳза садои пасти қадаммонӣ шунида шуду Ғамза наздаш омада, чун шиноси дерин нишаст. Дили ҷавон дар сина пар-пар мезад, баъди раду бадали чанд сухан духтарро ба бағал кашиду беҳунарона ба бӯсидани ӯ даромад, Ғамза низ дар навбати худ мӯю рӯйи ҷавонро навозиш карда, оташи шавқашро меафрӯхт. Ин ҳама чанд дақиқа давом карданду Ғамза ба Мадуд гуфт:

-Пагоҳ ба маркази ноҳия меравам, мегӯянд дар универмаг туфлиҳои зебо омадааст.

Ҷавон мақсади духтарро фаҳмида гуфт:

-Пагоҳ не, рӯзи якшанбеи дигар ман туро худам ба маркази ноҳия мебарам. Ҳамин тавр, аз ҳисоби Мадуд дар се-чор моҳ Ғамза соҳиби либосҳои зебои касмаёбу касамахар шуда бошад ҳам, дилаш кашоли Носири муаллим буд. Вай умед дошт, ки Носир ки қариб ҳар шаб ӯро ба хонаи холаи кампираш бурда, аз ӯ коми дил меситонаду бо ӯ ҳар гуна бозиҳои шаҳвонӣ мекунад, ба занӣ мегирад, вале ошиқи муаллимаш якбора аз қишлоқ ғайб зад.

Холаи бефарзандаш, ки ӯро баъди фавти модараш калон карда буд, ба мардум гуфт, ки падари Носир пайдо шудаасту писарашро наздаш ҷеғ задааст. Носир танҳо баъди ду моҳ пайдо шуда, ҳамроҳаш духтараки шаҳрии соҳибҷамолеро низ оварда буд, мардум аз рӯи нақлҳояш фаҳмиданд, ки падараш духтари занашро ки аз никоҳи аввалаш будааст, никоҳ карда, ба писараш додааст.

Кампири Басбӣ гов кушта, барои мардуми қишлоқ тӯй дод ва қудоҳояш, домоди собиқашро бо занаш даъват намуд. Ҳамин тавр, тарбузи умеди Ғамза аз бағалаш уфтоду ба Мадуди ошиқаш гуфт, ки хостгоронашро фиристад.

Мадуд ба норозигии волидон ва хоҳаронаш нигоҳ накарда, Ғамзаи таннозро тӯй карда, ба хонааш овард, меҳрубониҳои аз ҳад зиёди Мадуд арӯсро он қадар эрка карданд, ки на хусуру хушдоманашро писанд мекарду на хоҳаршӯҳояшро. Аслан дар хона танҳо дугонааш Мастура монда буду дигар хоҳарону апаҳои Мадуд шавҳар карда рафта буданд, аммо ситораи Ғамза ҳатто бо дугонаи худаш рост наомад.

                               Тардоман

Модари Мадуд Райҳон-хола зани чақоне буду маътали келини таннозаш нанишаста, ҳама кори хонаро ба анҷом мерасонд, кори Ғамза рӯфтани ҳавлӣ ва орою торои худаш буду бас. Аммо ин ҳама барои Ғамза кам буду ризоияти Мадудро гирифта, дар китобхонаи мактаб ба кор даромад. Акнун ӯ рӯзи дароз дар кор буду гоҳ баргашта “ман монда шудам” гӯён, мехӯрду мехуфт.

Ин ҳама коргар шуданҳои Ғамза ҳадаф доштанд, зеро ӯ то ҳол оғӯши гарми Носирро фаромӯш накарда буд ва баъди ду моҳи кор кардан дар мактаб ошиқони дерин боз ба ҳам унс гирифтанду албатта лаҳзаи фориғе ёфта, нафси ҳайвонии худро ором мекарданд. Дар урфият мегӯянд, ки ягон кори ҳаром пинҳон намемонад ва қиссаи ишқварзии Носиру Ғамза низ дар деҳа овоза шуд. Зани Носир Лайло, ки ҳамшираи шафқат буд, ба ин ҳама бепарво нигариста мегуфт:

-Шавҳари ман ҳар шаб бо ман аст, маошашро тин ба тин ҳисоб карда, дар дастам медиҳад, зан нест, ки бадном шавад, номам ҷони ширин асту маро болои сар мегардонад. Хушдоманам аз шавҳарам зиёдтар дӯстам медорад, писараки зебо дорам, гаштан гирад, ман ифтихор мекунам, ки зане ба хотири шавҳари ман ба рӯи тахту бахташ пой мемонад.

Мадуд бошад, ин хабарро шунида, “зани ман зебо асту ба вай бахилӣ мекунанд” гӯён, гӯшҳояшро зери тоқӣ карда мегашт. Аммо бо гузашти як сол Ғамза аз Мадуд талаби хонаи ҷудогонаро кард, Мадуд бори аввал ба сари занаш фарёд зад:

-Э аблаҳ, ту дар ҳамин хона дастатро ба косаи хунук намезанӣ, падару модарам ба хотири ман писари ягонаашон лаб во намекунанд, Мастура шавҳар карда равад, намедонам ҳоли модарам чӣ мешавад, ҳама туро бадгарду ғар мегӯянд, ман инро ҳам нодида мегирам, акнун боз хонаи ҷудо мехоҳӣ?!

-Эҳа аз кулӯх ҳам шарора мепаридааст-ку,- гуфт Ғамза бо хандаи хунук ва Мадуд худро дошта натавониста, ба рӯи ӯ шаппотие зад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД