sebiston july new
Ҷанҷоли қудоҳо барои латта
3399


Валвалаи ҷангу ҷанҷолу ҳамдигарро ҳақорату дашном додани ду қудо тамоми маҳалларо ба по хезонд.

Дар ин миён раиси маҳалла ҳайрон, ки аввал даҳони ҷониби духтарро маҳкам кунад ё ҷониби домодро. Баъзан дар байни ғулғулаи овозҳо “ҳай занҳо, каме худро ба даст гиред”-гӯии раис ба гӯш мерасид, вале қудохолаҳоро парвои гапи раис набуд. Ду қудо барои ҷиҳози тӯёна ва сару пои арӯсу домод, хулоса барои латта тайёр буданд гӯшти бадани ҳамдигарро канда хӯранд.

Касеро пушти нохун барин фикри ба муросо овардани келину хушдоман набуд. Чаро зану шавҳар нею келину хушдоман будаст мегӯед? О, охир зану шавҳар бисёр сар ба сари ҳамдигар монда, якҷоя умр ба сар бурда бошанд, ҳамагӣ 5 ё 6 моҳ бурдаанд, боқимонда се соли расоро келин сар ба сари шавҳар не, сар ба сари хушдоман монда зиндагӣ дорад. Аввалҳои оиладорӣ ҳар бор, ки аз ғурбати модаршӯй озурда буданашро ба модараш мегуфт, танҳо як ҷавоб мешунид:
-Мо туро зора накарда будем, ки ба фалонӣ зан шав, худат ӯро ёфта риштаи тақдиратро тофтӣ духтарам. Падару модар шуда истода мо танҳо баъди маслиҳатро пазонданатон хабардор шудем, ки духтарамон ошиқу хушкарда доштааст. Акнун чӣ хеле, ки дӯст дошта расидӣ, ана ҳамон хел тоқат карда зиндагӣ кун!
Духтарро сарзаниш кардани модар дер напоид, зеро дар хонаи хушдоманаш ҳар гапу коре ки шавад, чи хӯроке хӯрад, ҳар меҳмоне, ки ояд, ҳамаро нарезондаву начаконда дарҳол ба модараш хабар мекашид Саодат. Хабаркашӣ ва мудом аз худ ғулом тарошидани духтари “бечора”-аш қудоро дар назари модари Саодат чунон бад гардонд, ки акнун сояи ӯро аз девор метарошид. Илоҷ надошт, вагарна пӯсти модари золими домодро аз танаш ҷудо мекард ин зан.
Пеш аз ба шавҳар баромадан Саодат як шиор дошт: “Дар ин дунё кас ба висоли ошиқаш расад, баъд мурад ҳам аз дунё бе ормон меравед!” Пас аз хонадор шудану ба васли ёр расидан шиори ин духтараки орзупарвар якбора дигар шуд. Акнун Саодати 21- сола кампиракони 70- сола барин, хурду калонро насиҳат карда мегуфт:
-Ҳар кӣ ошиқро шӯ кард, деги сиёҳ ба рӯ кард. Ҳаргиз ошиқ нашавед, ки дар бало мемонед! Ба дӯстдоштаатон, ки ба шавҳар баромадед, ҳар рӯз дар бехи гӯшатон танҳо таънаи хушдоман садо медиҳад: “нағзбиния медонеду кору бори хонаро наметавонед, келин-пошшо?!”
Саодат аз субҳ то шом ба гӯши духтарҳои ҳамсоя панду андарз хонад ҳам, гапаш ба касе кора намекард, зеро ба гуфти духтаракон “кал аз сари худаш бехабар” буд. Дар кӯчаву пасткӯчаҳо духтарҳоро насиҳат кунад ҳам, худаш гӯши пандшунав надошт Саодат, насиҳати модаршӯяшро бо дили нохоҳам гӯш дода худ ба худ мегуфт:
Ҷоғи ҳамин кампир кай мегирифта бошад-а?!
Насиҳатҳои хушдоман рафта-рафта оҳанги сарзанишу накуҳишро гирифт, чунки Саодати аз модар дар 7-моҳагӣ таваллуд шуда бетоқатиашро дар масъалаи оиладорӣ ҳам маълум карда монд. Хушдоман “А” гӯяд, дарҳол “Б” гуфта бо гапгардонӣ ба асабаш мерасид. Моҷарои келину хушдоман бо он анҷомид, ки Саодат ҳарду пояшро дар як мӯза андохта “ман дигар дар ин хона як соат ҳам зиндагӣ намекунам” гӯён, ароз кард ва аз каллаи саҳар бору буғҷомаҳояшро ғундошта “ман то ба кай шавҳардори аз беваҳо бадтар барин танҳо зиндагӣ мекунам” гӯён, бо доду фиғон ҳамсояҳои хоболудро бедор карда, гурс-гурскунон сӯи хонаи падараш равон шуд. Аз дарвозаи падар даромадан замон вай бо тамоми овоз “Очаҷон, ман дигар дар он дӯзах зиндагӣ карда наметавонам, хушдоманам маро пеш аз аҷал мекушад”-гӯён, инони гиряро сар дод. Модари аз фиқ-фиқи гиряи духтари эркаю азизаш ба ғазаб омад ва нархи сабзию пиёзро напурсида, 7-пушту мурдаву зиндаи қудоро ҳақораткунон паёпай ба сари модари домод рафт ва сар шуд барои латта талоши ду қудо.
ҶАНГ БАРОИ ЛАТТАКУҲНА
Модари Саодат баробари ба дарвозаи қудояш наздик шудан, ба ҷои даст пойро ба пеш ҳаракат дода, дарвозаро бо лагад зада кушод. Ин паёми ҷанҷол буд. Ду қудо миёнаи ҳавлии калон мисли ду хурӯси ҷангӣ ба ҳамла ба ҳамдигар омодагӣ мегирифтанд. Аъзоёни дигари оилаи домод ҳайрон монда намедонистанд даҳони кадомашонро маҳкам доранд, ки оташи ҷангу ғурбат аланга нагирад.
Ҷангу ҷанҷолро қудоҳо аз ҳавлӣ ба хона кашонданд. Аз даруни хона нисбат ба саҳни ҳавлӣ овози онҳо гӯшхароштар мебаромад. Ба ҷанги шифоҳӣ қонеъ нагашта ба шаттазанӣ даромаданд. Куртаю рӯймолро яке ба рӯйи дигарӣ мезад, ҳамин тавр чизу чораи арӯсу домоди хонавайроншударо тақсим мекарданд ду модар, вале як лаҳза ҳам ба сари ин занҳои сарсафед фикри муросо намеомад. Ақаллан як бор ба домоди бечора, ки бехабар аз ин моҷаро дар Русия барои бар гардонидани пули қарзи барои тӯй гирифтааш ҷон мекоҳонд, занг зада напурсиданд, ки ҳой бача, ту занатро сар медиҳӣ ё бо ӯ зиндагӣ кардан мехоҳӣ. Ҳушу ёди қудоҳо танҳо ба тақсим кардани ҷиҳоз банд буд: “инаш аз ман, инаш аз ту...” Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Хушнуд 2019-07-09, 17:10
Замона дигар шудаст.дар ин мочарои оилави Саодат хатои бузург кардааст.Агар волидайнаш уро нагз тарбия мекарданд басуханхои бар дуругуи вай бовар накарда худашон кудояшонро санчида суханхои бардуруги духтарашонро исбот мекарданд кор ба хонавайрони намерасид. Дар урфият мегуянд:"Модар чи гуна духтар намуна"
Посух
Панчакенти 2019-08-02, 22:46
Худоё чаро калонсолон намехоханд фарзандонашон хушбахт шаванд. Ман хам шавхарамро дуст медорам оммо модарам ва хушдоманам намехоханд мо хушбахт шавем. Ман сохиби 2 писарча хастам тули се сол аст зиндаги дорам. Хушдоманам рашки келин дорад намехохад бо писараш хандам гап занам у дар газаб мешавад. Ин аст зиндаги дар асри 21
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Хушнуд 2019-07-09, 17:10
Замона дигар шудаст.дар ин мочарои оилави Саодат хатои бузург кардааст.Агар волидайнаш уро нагз тарбия мекарданд басуханхои бар дуругуи вай бовар накарда худашон кудояшонро санчида суханхои бардуруги духтарашонро исбот мекарданд кор ба хонавайрони намерасид. Дар урфият мегуянд:"Модар чи гуна духтар намуна"
Посух
Панчакенти 2019-08-02, 22:46
Худоё чаро калонсолон намехоханд фарзандонашон хушбахт шаванд. Ман хам шавхарамро дуст медорам оммо модарам ва хушдоманам намехоханд мо хушбахт шавем. Ман сохиби 2 писарча хастам тули се сол аст зиндаги дорам. Хушдоманам рашки келин дорад намехохад бо писараш хандам гап занам у дар газаб мешавад. Ин аст зиндаги дар асри 21
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД