arzon replenishment
Армуғони Рамазон (ҚИСМИ 2)
03.04.2024
ОИЛА.ТҶ
1113

 

Ташвишҳо дар шаҳр

Холааш барои каме беҳ шудани аҳволи хоҳарзодааш ўро ба маркази вилоят равон кард. Духтари кенҷагии холааш дар як донишгоҳ таҳсил мекарду бародаронаш барояш дар наздикии донишгоҳ хонаи якҳуҷрагие харида дода буданд. Саида аз омадани апаҷонаш чунон хурсанд шуд, ки ногуфтанӣ ва барояш дар мактаби наздикии донишгоҳ кор ҳам ёфт.

Кор барои Хиромон доруе буд барои раҳоӣ ёфтан аз дардҳояш, моҳи дуюми корияш ў дар синфи чор дарси забони русӣ мегузашт. Духтараки ҷингиламўи зебое, ки аз либоспўшияш маълум буд, ки аз оилаи камбағал аст, сараш рўи дастонаш хоб буд. Хиромон аз ҳамсинфонаш номи духтаракро фаҳмида, гуфт:

- Анора, чаро ту вақти дарс мехобӣ?!

Ҳама хонандагон бо овози баланд хандиданду духтараки ҷингиламӯ гирист…

Дили Хиромон сип-сиёҳ шуд, рўзи дигар падари ҳамон духтарак назди Хиромон омад ва асабиёна гуфт, ки чаро духтари ўро хафа кардааст? Хиромони ҳайратзада гуфт:

- Бародар, духтаратон вақти дарс хоб буд, ман фақат ўро бедор кардам, дигар на лом гуфтам, на мим.

Ҷавонмарди қоматбаланди маҳзун бо лабханди талх гуфт:

- Ҳамсари ман як сол пеш аз бемории саратон аз дунё гузашт, ман бо ду кўдак танҳо мондам. Писарчаам сесола аст, ман кор мекунам, дастёрам ҳамин духтар аст. Моҳи Рамазон даромаду Анора ба неву нестони ман нигоҳ накарда, саҳари барвақт хеста, ба ман наҳорӣ тайёр мекунад, аз ин рў, хобаш бурдааст.

Хиромон худашро дошта натавониста зор-зор гирист. Ҷавонмард дасту по хўрда, бахшиш пурсида, ўро ором мекард: “Муаллимаҷон, узр, ман хостам шумо ҳолати моро фаҳмед, тамом”.

Дили Хиромон аз чӣ бошад, худ аз худ кушода шуду тамоми сарнавишташро ба падари шогирдаш нақл кард. Падари Анора, ки худро Алишер муаррифӣ намуда буд, афсўс хӯрда, нақл кард, ки бо ҳамсараш хешу табор надоранд, чунки ҳардуяшон аз хонаи бачаҳоянд.

Ҳамин тавр, Алишеру Хиромон дўст шуданд.

Баракати Рамазон

Алишер дар як ширкати тиҷоратӣ кор мекард ва аз рўи хурд будани кўдаконаш бо корфармо мушкил дошт. Пиразани ҳамсоя, ки ба онҳо меҳрубон буд, ҳамеша тавсия медод, ки зан гирад. Ҷавонмард ба ў дар бораи Хиромон гуфту пиразан кофта-кофта, муаллимаро ёфта, барои хонадорӣ розияш намуд. Кампирак ба ҷойи дардманди дили Хиромон нохун зад.

- Дар ин моҳи шарифи Рамазон ту сари ду ятимакро сила намо, Худоҷон ба ту ҳам фарзанд медиҳад,- гуфт гиряомез кампири Нусха.

Дар тўй аз тарафи арўс холааш ва аз тарафи домод пиразани ҳамсоя буданду халос, мегуфтӣ ду нафар ба ҷое меҳмонӣ омадаанд. Хиромон ба хонаи Алишер даромаду нарасидани дасти занро сахт эҳсос кард, хонаи панҷҳуҷрадори барҳаво дар чангу чирк ғӯтида буд. Хиромони тозарўзгор то охири моҳи Рамазон фақат поккорӣ кард. Анора акнун ба серӣ хоб мекарду ҳушу ёдаш ба хондан буд, гоҳе ба корҳои Хиромон, ки аз рўзи аввали ба хона омаданаш ӯро аяҷон меномид, бо хоҳиши худаш ёрӣ мерасонд. Сайёд бошад, гумон мекард, ки модараш баргаштааст ва сару рўйи Хирмонро мебӯсид. Дили бонуи ташнаи фарзанд аз ин меҳрубониҳо об мехўрд.

Хиромон хурсанд буд, ки Худованд ба вай дар ин моҳи наҷот хонаи обод ва ду фарзанди нозанин ҳадя намуд. Алишер аввал Хиромонро ба хотири фарзандонаш гирифта бошад ҳам, баъдҳо ин зани зебову меҳрубонро дўст дошт, ошиқаш гашт ва…

Худованд баъди як соли издивоҷашон ба ин ҷуфти хушбахт писари нозанине ҳадя намуд. Чунин муъҷизаҳо дорад Худованд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД