arzon replenishment
Ҷарроҳии нобарор як оиларо сарсону саргардон кард
980



Дар ноҳияи Зафарободи Вилояти Суғд зани ҳомиладоре, ки барои таваллуд кардани кӯдаки чорумаш ба духтур рафта буд, ҷабрдидаи ҷарроҳии номуваффақ гашт.

Вақте ин зан барои ташхис меравад, духтурон муайян мекунанд, ки дараҷаи биноишаш паст аст ва бояд тариқи ҷарроҳии чоки қайсар тифлашро ба дунё орад, аммо
“Ариза”- духтури ҷарроҳ баъди амалиёти нодуруст.

Дар нишасти матбуотии сардори Раёсати тандурусти Вилояти Суғд яке аз саволҳои асосӣ тақдири ҳамин заниҷабрдида ва духтури ҷарроҳ буд. Муҳиддин Ҳабибулло Хайруллозода, сардори раёсат гуфт, аз ин масъала бохабар аст ва табобати ин занро зери назорати ҷиддӣ гирифтааст.

Хурсанд Иброҳимова 33-сола ва модари 4 фарзанд мебошад. Ин занро пайвандонаш барои тавлиди кӯдаки чорумаш бо дарди зодан ба таваллудхона мебаранд, вале духтурон “биноияш паст аст, мустақилона таваллуд карданаш мумкин нест” гӯён, занро ҷарроҳӣ мекунанд. Мушкиле набуд, агар ҳамааш хуб мегузашт, вале ҷарроҳии чоки қайсар, ки чандон амалиёти душвор нест, номуваффақона гузашта, боиси бад шудани ҳоли зан ва такроран ҷарроҳӣ шудани зан гашт.

Модараш мегӯяд, ки Хурсанд бо пои худаш ба беморхона рафта буд, вале 70 рӯз мешавад, ки дар шӯъбаи эҳёгарӣ хобидаасту ба по намехезад.

Хурсанд Иброҳимоваи 33 сола, баъди бо буриши қайсарӣ таваллуд кардан 3 маротибаи дигар ҷарроҳӣ шуд. Ҷарроҳии охиронро дар беморхонаи клиникавии вилояти Суғд гузаронданд. Духтурон сабаби пайваста ҷарроҳи шудани ӯро ба бемориҳои гуногун доштанаш вобаста менамоянд, аммо наздиконаш инро рад карда мегӯянд, Хурсанд комилан солим буд ва бо пойи равон ба бееморхона омада, ба бистари беморӣ мехкӯб гашт.
Бо гузаштани 4 амалиёти ҷарроҳӣ ва табобатҳои пайваста ҳанӯз модари ҷавон дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад ва вазъи саломатиаш вазнин боқӣ мемонад.

Фатҳуддин Ғафуров, мудири шӯъбаи ҷарроҳии фасодноки БКВС дар сӯҳбат ба ҳамкасбонамон (кормандони ТВ СМ-1) гуфтааст, ки баъди муоинаи пурра нишондод барои ҷарроҳии чорум гузошта шуд.

Хунравии дарунӣ, баратараф кардани сифоқи паси сифоқ ва гузоштани обиакашҳои шикам нишондод барои ҷарроҳӣ гаштааст. Ҳоло беҳбудӣ дар саломатии зан дида мешавад. Табобат идома дошта, вазъи саломатии ин зани 33-сола зери таваҷҷӯҳи роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят қарор гирифтааст.

Навзод думоҳа шуд, аммо шири модарро начашидааст

Духтуре, ки Хурсанд Иброҳимоваро ҷарроҳии нобарор кард, ариза навишта аз кор рафтааст, мегӯяд сардори Раёсати тандурустӣ Ҳабибулло Хайруллозода. Ҳоло дар куҷо қарор доштани ӯ маълум нест. Аммо ҷойи нигаронӣ ин аст, ки чаро дигар моҳу солҳо не, балки маҳз баъди ҷарроҳии нодурусту бебарор, ки як зани ҷавонро маъюб ва оилаашро сарсон кард АРИЗА навиштааст? Магар мумкин аст духтур ба хатоӣ роҳ диҳад ва “ду пойи дигар қарз карда” гурезад?

Ин ҳам дар ҳолест, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадашон таъкид мекунанд, ки “духтур ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро ӯ бо ҳаёти инсонҳо сарукор мегирад”.

Дар ин таваллуди нобарор тариқи буриши чоки қайсар хушбахтона кӯдаки солим аст, вале аз ба дунё маданаш беш аз 2 моҳа гузашта бшад ҳам, ҳанӯз рӯи модарашро надидаву шири модарро начашидааст. Ҷинси кӯдак писарча буда, ба ӯ Меҳрон ном ниҳодаанд. Меҳрон дар куҷо аст ва кӣ ин тифли навздро нигоҳубин мекунад? Дар шумораҳои баъди ҳаёти ин тифли бетақдирро бароятон қисса хоҳем кард.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД