sebiston july new
Арӯс аз дискотека қисми 1
1642

Сабур писари ягонаи оилаи зиёӣ буд, деҳаи онҳо дур аз марказ воқеъ шуда бошад ҳам, мардумаш донишпарвару фарҳангӣ буданд. Падари Сабур раиси ҷамоат ва модараш директори мактаб буданд, ишқи волидони ӯ дар деҳа афсонаи худро дорад…

Собирҷон мактабро бо баҳои аъло хатм намуда, ба донишгоҳ дохил шуд, писари болобаланди зебо ва абрӯсиёҳи кӯҳистонӣ хушдорони зиёде дошт, вале дили ӯро Дилроз тоҷикдухтаре, ки аз Қазоқистон ба Душанбе барои илмомӯзӣ омада буд, моили худ кард. Дилрози қоматбаланди сабзина зебо набуд, вале маданияти баланди гуфтору рафтору муошират дошт.

Духтароне, ки умедвори лутфи Собирҷон буданд, бо тамассхур ба Дилроз нигариста, ҳайрон мешуданд, ки ин қоқи сиёҳ чӣ ҷаззобияте доштааст, ки як ҷавони нозанинро моили худ намудааст?! Аммо ошиқонро парвои ин ғайбатҳо набуд, онҳо дар дунёи поку беолоиши худ зиндагӣ доштанд. Онҳо танҳо шабона аз ҳам ҷудо мешуданд, боқӣ тамоми рӯз бо ҳам буданд. Чун донишгоҳро хатм намуданд, Дилроз ба ватани худ баргашту Собир ба деҳаи худашон, онҳо бо ҳам азм карданд, ки хонадор мешаванд ва бояд ҳар яке волидайни худро розӣ менамуданд.

Дилдодаҳо намедонистанд, ки онҳоро чӣ имтиҳоне дар пеш аст. На волидони Собирҷон ба ин издивоҷ розӣ шуданду на волидони Дилроз, вале ҷое ишқ ҳоким аст, дигар ҳама андешаҳо нол аст. Он вақтҳо телефони мобилӣ набуд, Собирҷон дар ҳукумати ноҳия ба кор даромада буду маоши аввалинашро гирифту аз кор ҷавоб гирифта, ба ҷустуҷӯи Дилрозаш рафт. Ӯ намехост арӯсаш назди мардум сархам шавад ва рост назди падари духтар, ки раиси совхоз буд, рафт.

Раис аз дидани ҳаммиллати шуҷоаш, ки аз дуриҳои дур ба ҷустуҷӯи ишқаш омада буд, мутаассир шуд, онҳо шаби дароз сӯҳбат карданд. Собирҷон аз рӯйи нақлҳои Дилроз медонист, ки бобояш тоҷик будаасту бо қазоқдухтаре хонадор шуда, ҳамин ҷо мемонад, аммо дар хонадонаш фарҳангу забони тоҷикиро пойдор нигаҳ медорад. Падараш аз Дилроз розигияшро пурсид ва фаҳмид, ки духтараш низ ин ҷавони зеборо дӯст медорад ва розӣ шуд ба ин издивоҷ. Собирҷонро лозим буд, ки падару модарашро гирифта, ба хостгорӣ биёяд, ӯ ба Ватан баргашт, аммо волидонаш ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ набуданд.

Собирҷон дар оила писари ягона буду ду апа дошт. Апаи калонияшро ба писари амакаш дода буданду онҳо ҳарду зиндагии шоиста доштанд, ба кӯмаки ҷавони ошиқ язнааш расид. Онҳо дукаса ба хостгорӣ рафтанд, падари Дилроз ҳайрон буд, ки чаро падару модари ҷавон наомаданд, аммо язнааш дурӯғ гуфт, ки модари Собирҷон бемори вазнин асту падараш натавонист биёяд.

Падари Дилрозу язнаи Собирҷон дар як тарабхона тӯйи зебое ороста, ҷавононро ба мақсад расониданд. Дилроз як бародари варзишгар дошт, ӯ ба Собирҷон гуфт, ки баъди як моҳ тайёр шавед, ки ба хабаргирии хоҳарам хоҳам омад. Модари Дилроз ашки хунин мерехт, ки духтари ягонааш дар ҷойи дур шавҳар карду ғариб шуд.

Арӯс ҳамагӣ як ҷомадон либос дошту як бағал меҳр, хешовандонаш қарор кардан, кид баъ каме «сиҳат» шудани модари домод ҷиҳози духтарашонро мебаранд. Язнаи Собдиирҷон Сафар, ба амакбачааш гуфт, ки “агар волидонат шуморо қабул накунанд, то хона хариданатон дар ҳавлии мо зиндагӣ кунед, падару модари Дилроз, ки омаданд, баъд тӯй мекунем”.

Аз роҳи дароз хаставу лакот ба хонаи падарии Собирҷон даромаданд, бечора Дилроз ҳаросон ба падару модари дӯстдоштааш менигарист, амаки Набӣ ба саломи духтарак ҷавоб дод, Холаи Марямбӣ бошад, ба чашмони ҳаросону дастони ларзони ӯ нигариста, раҳмаш омад, охир ин духтарак ба хотири муҳаббати писари вай ҳазорон километр роҳро тай карда омада буд. Модар беихтиёр бағал кушоду Дилрозро ба оғӯш кашид, Парвонаи духтараш пешакӣ онҳоро аз иқдоми додараш хабар карда буд. Ҳарчанд никоҳи мусулмонӣ доштанд, аммо то омадани хешовандонаш Дилроз ҷудо аз Собирҷон дар хонаи апаи ӯ зиндагӣ мекард. Дар як моҳ ин духтараки ҳунарманду хушзабон дили пайвандони шавҳарро ёфту дар дилу дидаи онҳо ҷо шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД