sebiston july new
Арӯс аз дискотека қисми 2
1654

Баъди як моҳ хешовандони Дилроз, падару модараш бо як мошини калони боркаши ҷиҳоз ба хонаи қудо омаданд, тӯйи зебое баргузор гашт. Дилрозро аз хонаи падари маънавияш Сафар ва хоҳаршӯяш Парвона бо аспи саманд ба хонаи хусуру хушдоманаш оварданд. Падару модараш як ҳафта бо онҳо буданду баъд рафтанд.

Дилроз дар мактаб ба ҳайси муаллима ба кор даромад, дасти ӯ ба ҳама кор мерасид, дар як муддати кӯтоҳ ҳам байни ҷомеа ва ҳам дар оила мавқеи худро соҳиб гашт ва соҳиби писараки зебое шуданду исмашаро Сабурҷон гузоштанд. Худованд дар тақдири онҳо дигар фарзанд накашида бошад ҳам, онҳо тамоми ҳастияшонро ба тарбияи писари ягонаашон бахшиданд.

Сабурҷон Донишгоҳи тиббиро хатм карду чун ҷарроҳи ҷавон ба ноҳия ба кор рафт, банди таҳсил ба ишқу ошиқӣ вақт надошт, буданд муносибатҳои кӯтоҳ вале ба духтарҳои ин замонӣ ҷавонони сахт ба дониш майл дошта маъқул нестанд. Ӯ ишқи худро дар деҳаашон пайдо кард, ошиқи духтари домуллои машҳуре гашт, ки дар деҳаи онҳо зиндагӣ мекард. Духтар ҳам ба ӯ майл дошт, онҳо пинҳонӣ аз ҳама вомехӯрданд, ҷавон шайдои ҷамоли Гуласал буд, вале...

Падари духтар хостгорони раиси ҷамоатро рад кард, Гуласал чун модари Сабурҷон мубориз набаромад, ҳама муборизаҳои ҷавон барои расидан ба васли маҳбубааш бефоида буданд. Гуласалро ба писари амакаш никоҳ карда доданду тӯяки оддие ороста, ӯро ба Русия бурданд.

Сабурҷон ба худ намеомад, насиҳатҳои модараш ба гӯшаш намедаромаданд, ба хотири каме осуда шудан рухсатӣ гирифта, ба Душанбе рафт. Як ҳамсабақаш, ки ҳамроҳаш рафиқи ҷонӣ буд, ӯро ба як клуби шабона даъват кард. Дар он ҷо шаш духтари урён рақс мекарданд, аз байнашон як нафараш шармидаю ким-чӣ хел ноустувор мерақсид, маълум буд, ки дар ин кор одами нав аст. Духтарак ба дараҷае зебо буд, ки ҳама чашмҳо ба сӯйи вай дӯхта шуда буданд. Сабурҷон каме сархуш буд ва азм кард, ки ҳамин шаб ҳамин нозанинро бо худ мебарад ва баъди хестан ба як нафар корманди клуб пул дода, он духтаракро берун баровард ва ба мошинаш шинонда, ба хонааш бурд. Падару модараш аёми донишҷӯияш барои вай дар як гӯшаи пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ харида буданд. Духтарак Шифо ном доштаасту коллеҷи тибиро хатм намуда будааст. Шифо бо оби чашм ба Сабурҷон дар бори зиндагии талхаш қисса кард…

-Ман дар батни модарам будаам, ки падарам моро партофта, думболи зани дигар рафтааст, маро бибии модариям ба воя расонид. Модарам шавҳари дигар карда, оламро падруд гуфт. Бибиям вафот кард, зани тағоям дигар маро дар хона нағунҷонд, дар коллеҷ мехондаму дар хобгоҳ зиндагӣ мекардам, баъди хатми коллеҷ бо кумаки як муаллимаамон, ки аз аҳволи ман воқиф буд, ба беморхонае ба кор даромадаму ҳозир он ҷо ҳам кору ҳам зиндагӣ мекунам. Чанде пеш бо як зани сарватманди бемор шинос шудаму ӯ маро дар ҳамин клуби шабона ба кор монда, гуфт, ки дар муддати кӯтоҳ метавонам соҳиби хонаи шахсии худам шавам. Ман аз кӯдакӣ ҳаёти хуб надидам, Худо медонад, ки мани ятим соҳиби шавҳару бахту тахт мешавам ё не? Аз ин рӯ, се рӯз боз дар ҳамин клуб мерақсам ва пули хуб низ меёбам, медонистам ки ин ҷо мардони пулдор меоянд ва шумо аввалин марде ҳастед, ки ҳамроҳатон омадам, аммо пушаймонам, илтимос, ба ман даст нарасонед.

Сабурҷон калидҳои хонаашро ба Шифо дода гуфт:

-Метавонӣ ҳамин ҷо зиндагӣ намоӣ, вале аз баҳри рақоссагӣ баро! Сабурҷон ду сол Шифоро санҷид ва ба ҳалолии ӯ боварӣ ҳосил карда, ба ӯ хонадор шуд, касе намедонад, ки арӯси шаҳрияшро зеботарин ҷавони ноҳия аз дискотека ёфтааст. Аҷаб таззодҳое дорад зиндагӣ….

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД