arzon november
Арӯси банкир намешӣ?
21.12.2021
Zebo
2243

Арӯси банкир намешӣ?
Салом ба мухлисони сомонаи Оила. ТЧ
Меҳрона ҳастам, духтараки 18-сола аз шаҳри Ваҳдат! Бисёр мехостам баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, таҳсил кунам ва духтури кӯдакона шавам, аммо падару модарам ба ман иҷозат надоданд, ки ҳатто бахтамро санҷам. Ҳамин тавр бо амри падар хонашин шудам. Дар Ваҳдат бисёр духтарон натанҳо ҳаққи дар мактабҳои олӣ таҳсил кардан, балки ҳаққи кор кардан низ надоранд ва баъди хатми мактаби миёна мисли кампиракон хонашин мешаванд. Ман ҳам аз ҳамин тоифа ҳастам ва волидонам мехоҳанд маро бо обрӯ ба шавҳар дода, аз як бори зиёдатӣ халос шаванд. Падарам як ошнои серпул дорад, ки дар бонк кор мекунад. Ҳамон ҷӯраи падарам маро барои писараш, ки мисли худаш дар бонк кор мекардааст, хостгорӣ карда истодааст, вале ман арӯси хонадони бонкир шудан намехоҳам. Онҳо сарватманд ҳастанд, падару модари ман бошанд, одамони оддии деҳотианд. Ҳоло тарафи қудо садқаву бандаи ман шуда истодаанд, вале боварӣ дорам, ки баъди тӯй гап дигар мешавад ва камбағалдухтар гуфта, таъна мезананду маро писанд намекунанд. Ба модарам гуфтам, ки мо ба ҳамдигар муносиб нестем, аммо ба гапам гӯш кардан нахоста “духтари беақл, охир ҳар кас ҳам дар хонаи бодабдабаи корманди бонк келин намешавад, бахтатро пеши по назан” гуфта, маро хеле сарзаниш карданд. Намедонам чи хел фаҳмонам, ки ман арӯси банкир шудан намехоҳам ва аз боигарию давлату сарваташон безорам. Мехоҳам дар ягон оилаи мисли худамон камбағал ва одияк келин шавам, то ки “мо бою шумо камбағал” гуфта, баъд таъна назананд. Ҷавони деҳотие маро талабгор аст. Байни мо ягон хел муносибат нест, ягон бор мулоқоти ошиқона наоростаем, вале ин ҷавонро аз ду р дида бошам ҳам, рафтораш ба ман писанд аст. Ҳарду дар як мактаб таҳсил кардаем ва ман хуб медонам, ки рафтораш дар мактаб хеле хуб буд. Волидонаш ҳам одамони хоксору самимӣ буда, чанд бор ба хонаи мо хостгорӣ омаданд, аммо падари пулпарастам хостгориашонро қабул накард.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, ба падару модарам чи тавр хел фаҳмонам, ки ба ман шавҳари серпул не, балки бахт лозим аст?
Меҳрона, ш. Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД