sebiston july new
Арўси носкаш
4154

         Бачаи мулло
Сабур дар оилаи шахсони тақводор ба дунё омада, бачаи шўхи ситорагарм буд. Аз паси ин ҷавони хушқаду қомат духтарони деҳа ресмон барин кашола шуда, нимшӯхию нимҷидӣ гап мепартофтанд, вале Сабур аз тоифаи он бачаҳое набуд, ки рӯзи дароз арӯсбозӣ карда мегарданд. Дониши мукаммали динӣ ва тарс аз рӯзи ҷазову ғазаби Худованд намегузошт, ки духтарҳо ишқварзӣ карда, шаъну шарафи онҳоро доғдор намояд ва обрӯи падари муллояшро дупул созад. «Писарам шаҳбачаи тайёр шудаӣ, ҳоло, ки мо, падару модарат зиндаем, биё саратро ҷуфт кунем»,- як бегоҳ дар сари дастурхон арзи матбал намуд модараш Ҳанифахола. «Ҳамсинфонам зан нагирифта, ман зан гирам? Саросема нашавед, вақташ ояд, худам мегўям, ки модарҷон маро зан диҳед»,- рад кард Сабур.

       Домоди серхаридор
Аз дасти духтарони деҳа рўз надошт бачаи мулло, духтарон тез-тез бо дасти кўдакони ҳамсоя ба хонаи онҳо номаҳои пурсӯзи ошиқона мефиристоданд, вале Сабур он мактубҳоро ҳатто нахонда ба оташдон мепартофт. Ҳамин ки ба кӯча баромад, Саида, Марҷона, Нозанин, Бунафша, Рисолат, Сабрина ё боз ягон духтари дигари ҳамдеҳаашон пайти муносиб ёфта «Сабур, агар маро ба занӣ гирӣ, умре аз хати кашидаат берун намебароям ва мӯямро ҷорӯб карда хизмати модаратро мекунам» гӯён, рози дил менамуданд. Бо шунидани ин суханҳо дили Сабур ба фараҳ биёяд ҳам, фахр карда мегуфт: «Беҳуда умедвор нашавед, ман аз қишлоқ зан намегирам. Кофта-кофта чунон нозанинеро меёбам, ки даҳони ҳама дӯсту душман аз дидани ҳусну ҷамолаш воз монад!» Духтарҳо гирён ба хонаҳояшон мерафтанд. Сабур он вақтҳо ба гўшаи хайёлаш ҳам намеовард, ки рўзе оҳи дили ин духтарҳои дилшикаста ўро мегирад.


        Меҳмони дилдузд
Рӯзе холаҳояш бо духтарҳояшон ба хонаи Сабурино меҳмонӣ омаданд. Ҳамроҳи онҳо як духтараки ношинос ҳам буд. Бо дидани ҳусну ҷамоли он паричеҳра Сабур дилу ақлу ҳушашро аз даст дод. Меҳмонҳоро ба меҳмонхона дароварда дар наздашон дастурхони пурнозу неъмат густурданд. Сабур чашмашро аз меҳмони мисли фаришта зебо канда наметавонист. Холаи калониаш, ки зани бисёр зирак буд, нигоҳи харидоронаи ҷиянашро ба дугонаи духтараш эҳсос намуда нимшӯхию нимҷиддӣ ба хоҳараш гуфт:

-Ҳанифаҷон, писарат калон шудааст, кай сари ӯро ҷуфт мекунӣ, ки як табақ оши тӯяшро хӯрда, баъд Россия равем?
-Эҳ, агар ин бача розӣ мешуд, ман кайҳо соҳиби келин шуда, имрӯз худам келинчак барин дар сари дегу табақ ҷумбуҷул намекардам,-даст афшонд модари Сабур.
-О дигар бачаҳо «маро зан диҳед» гуфта, аз гиребони падару модарашон медоранду ту чаро аз зангирӣ қимобӣ, ҷиян?-Ба Сабур рӯ овард холааш.
Ҷавон шарм дошта себи хубонӣ барин сурх шуд ва мисли духтари қадрасе, ки аз хостгорҳо мегурезад, тирвор худро аз дар берун зад. Меҳмонҳо қоҳ-қоҳзанон ба ханда даромаданд.

     Бахти бо пойи худ омада
Меҳмонҳо шаб дар хонаи онҳо монданд. Моргазидаро он шаб хоб мебурду Сабурро не, ҳар замон оҳи сард кашида аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар мегашт. Симои зебои меҳмони нозанин як лаҳза ҳам аз пеши назараш дур намешуд. Садое аз ғайб ҳар замон талқин мекард: «Сабур, фариштаи орзуҳоят бо пойи худаш омадааст, дилашро ёб, вагарна ягон ҷавони чаққон бахтатро аз таги биниат гирифта мебарад». Садои ғиҷиррозанон кушода шудани дар риштаи хаёлоти ҷавонро барканд. Пардаи тирезаи хонаашро бардошта аз меҳмонхона берун шудани сояи наҳиферо дид. Соҳиби сояро дарҳол шинохт, ҳамон меҳмони нозанини ҳамроҳи холаҳояш омада. Сабур осемасар либосҳояшро пӯшид ва ҷомаашро ба сари китфаш партофта аз дар баромад. Чароғи рӯйи ҳавлӣ дар назараш имшаб равшантар месӯхт. Меҳмони париваш дастонашро шуста офтобаро дар лаби марза монд ва маҳин-маҳин қадам зада ба меҳмонхона даромаданӣ шуд, вале Сабур чолокона аз банди дасташ дошта гуфт:

-Як дам ист хушрӯча, ман ба ту як гапи бисёр муҳим дорам.
Духтар чунон сахт тарсид, ки якбора рангаш пахта барин сап-сафед канда, нафас дар гӯлӯяш печид. Сабур ларзидани банди дили меҳмони нозанинро баръало ҳис карда, ӯро оромкунон пичиррос зад:
-Натарс, ман ба ту ягон бадӣ намекунам, фақат рози диламро гуфтан мехоҳаму халос.
Духтар каме осуда шуда саволомез ба ӯ нигарист. Нигоҳҳояшон ба ҳам бархӯрданд. Бо дидани чашмони хумории духтар Сабур оламу одамро аз ёд бурд ва дар ҳоле, ки дилаш мисли кабки дарӣ худро ба панҷараи сина мезад, тез-тез нафас гирифта истода пурсид:
-Аввал бигӯ, ки чӣ ном дорӣ?
-Дилрабо!
-Касе ин номро ба ту гузошта бошад, хато накардааст, бо як нигоҳ дили маро рабудӣ Дилрабоҷон,-Бо эҳтирос пичиррос зад Сабур.
-Наход?!-Саволи духтар оҳанги ишваю ноз дошт.
-Бале, ошиқат шудам, ошиқи зор, агар розӣ бошӣ, модарамро ба хонаатон хостгорӣ фиристода, туро бо тӯю тамошо арӯс карда ба ин хона меорам,-шаф-шаф накарда якбора шафтолуи гапро гуфт Сабур. Ин рафтори ҷавонмардонаи писари мулло ба меҳмони зебо писанд омад ва бо аломати ризо сар ҷунбонда ба меҳмонхона даромад. Сабур чунон хурсанд шуд, ки гӯё хазинаи амир Олимхонро ёфта бошад.

           Маҷнуни сонӣ
Саҳар баъди ношто меҳмонҳоро гусел карданд. Сабур ғамгин шуд. Мехост дар бораи қарораш ба волидонаш бигӯяд, вале шарм медошт, охир чи тавр ба падараш мегӯяд, ки маро зан диҳед. Чанд рӯз хаёлию парешонхотир гашт. Аз гулӯяш чизе намегузашт, ҳушу хаёлаш мудом бо Дилрабо банд буд. Метарсид, ки ягон ҷавони дигар чолокӣ карда ба хонаашон хостгор мефиристаду Дилраборо гирифта меравад ва ӯ як умр дар ғами арӯси орзуҳояш сӯхта мемурад. Дигаргун шудани авзои писарашро мушоҳида намуда, як рӯз Ҳанифахола дар сари дастурхон пурсид:

-Бачам, барои чӣ вақтҳои охир якбора камгап шуда мондаӣ?
-Ошиқ шудааст, барои ҳамин Маҷнун барин хуши бо ягон кас гап задан надорад,-Ҳазл кард хоҳараш, ки табиатан бисёр шӯх буд.
-Ошиқ шуда бошад, дарди бахайр аст, кафшамро напӯшида хостгорӣ меравам,-Сухани модар низ оҳанги шӯхӣ дошт, вале ғайри чашмдошташ Сабур ҷиддӣ ҷавоб дод:
-Модар шуда ҳамин хел тинҷ гаштан мегиред, шарт аст, ки ман «очаҷон, маро зан диҳед» гуфта зорӣ кунам?!
Ҳанифахола эҳсос кард, ки писараш ошиқ шудааст, дарҳол ваҷоҳати ҷиддӣ гирифта гуфт:
-Бачаҷон, ту фақат номи арӯси таги чашм кардаатро бигӯй, дигараш ба зиммаи ман, Худо хоҳад дар байни даҳ рӯз келинро мефарорам.
-Дилрабо, дугонаи Гулсун.
-Ҳамон духтари ҳамсояи холаатро мегўӣ?
-Бале модарҷон, ана ҳамон духтарро аз ҷонам зиёд дўст доштаам.
-Ғам нахӯр, худи ҳозир ман ба холаат занг зада тору пуди он духтарро фаҳмида мегирам,-Ҳанифахола инро гуфта рақамҳои апаашро чид.
Апааш «духтари ҳунарманд, боодоб, камгап, хонақап аст» гӯён, Дилраборо таърифу тавсиф кард ва Ҳанифахола дарҳол дасту остин барзада аз паси пухтани кулча шуд, то келини арзандаро аз даст надиҳад.

       Хостгорӣ ва тӯй
Волидони Дилрабо хостгоронро бо чеҳраи хандон пешвоз гирифта дастурхони пурнозу неъмат оростанд. Холааш, ки падару модари Сабурро ҳамроҳӣ мекард, дар назди ҳамсоя ҷиянашро таъриф карда ба осмони ҳафтум баровард. Бачаи зебои намозхону тақводор будани домодшавандаро дида соҳибхонаҳо розигӣ доданд. Азбаски роҳ дур буд, корро кашол надода, ҳамон бегоҳ ҷавононро фотиҳа карданд. Ҳанифахола кайҳо ҷиҳози арӯсро харида монда буд, рӯзи дигар вай ҳамроҳи шавҳараш ба бозор рафта, дигар майда-чӯйдаҳои барои тӯй лозимиро гирифту бегоҳ мошини пурборро ба хонаи қудо фиристод. Модари Дилрабо хешу ақрабояшро ҷамъ намуда дар байни даҳ рӯз курпаю болин ва дигар лавозимоти арӯсро духта монд. Азбаски ҳарду оила ҳам одамони тақводор буданд, мисли дигарон тӯйро дар тарабхона бо рақсу бозӣ гузаронидан намехостанд. Маъракаи хоксоронае ороста ба мардум оши наҳор доданд ва Дилраборо ба Сабур никоҳ карда ба хонаи бахташ гусел намуданд.


    Кӯзаи наву оби хунук
Зиндагии навхонадорон ширин оғоз ёфт. Сабур «духтари зеботарин насибам гашт» гӯён, шабу рӯз дар атрофи Дилрабо парвона буд. Падару модараш ҳам аз келин розӣ буданд, чунки арӯсак аз субҳ то шом содиқона хизмати хусуру хушдоманашро карда, меҳмонҳои аз дар медаромадро бо обу иззат гусел менамуд. Сабур фикр мекард, ки зани нозанину ҷаққони ӯро дида ҳамсоядухтарҳо аз рашк мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта мемуранд, вале хушбахтиаш дер давом накард. Тақрибан ду ҳафта пас арӯсак якбора қавоқию дағал шуда монд. Шавҳараш ягон чиз пурсад, норозиёна ҷавоб медод, хушдоманаш кореро фармояд, ғур-ғуркунон зери лаб чизе мегуфт. Сабур гумон мекард, ки сабаби дигаргун шудани рафтори Дилрабо дар волидонашро пазмон шудани ӯст, вале…


      Арӯси кайфӣ
Як рӯз додари Сабур ҷӯраҳояшро ба меҳмонӣ даъват кард. Яке аз дӯстонаш носкаш буд ва вақти ба ҳавлӣ даромадан носкадуяшро бароварда як каф носро каппа зад. Ин дам чашми Дилрабо, ки рӯймоли калон дар сар кабудӣ реза мекард, ба меҳмон афтиду чашмонаш якбора барқ заданд. Меҳмонҳо ба хона даромаданд. Одатан дар ин хонадон занҳо ҳеҷ гоҳ ба назди меҳмонҳо намедаромаданд, вале аз чӣ бошад, ки имрӯз Дилрабо шавҳарашро ҷеғ назада, худаш ба назди меҳмонҳо дастурхон бурд. Чойники чой дар даст аз дар даромадани ӯро дида додаршӯяш чолокона аз ҷояш бархост ва «янгаҷон, мегуфтед ман худам ба шумо ёрӣ мерасондам» гӯён, дастурхонро аз дасти ӯ гирифт. Арӯсак чойникро ба лаби тиреза монд ва мисли гурбаи дузд чолокона халтаи носро ноаён гирифта аз дар баромад. Чашмонаш аз шодӣ барқ мезаданд, чунон хурсанд буд, ки гӯё як халта зар ёфта бошад. Ба ошхона баргашта арӯси кайфӣ ҳатто пӯшидани дарро фаромӯш карда, осемасар носхалтаи дуздидаашро баровард ва ба дасташ як каф нос рехт. Сабур барои бурдани хӯрок ба назди меҳмонҳо ба ошхона даромада шоҳиди ин манзара гашт. Арӯсак ҳатто омадани шавҳарашро эҳсос накарда носро каппа зад. Носкашии занашро дида Сабур лаҳзае дар ҷояш шах шуда монд, баъд бо тамоми овоз дод зад:

-Ту чӣ кор карда истодаӣ, аҳмақ!
Дилрабо аввал аз тарс аз ҷояш як қад парида бошад ҳам, баъд худро ба даст гирифта гуфт:
-Кайфи нос гирифт, як каф кашидам-да, чӣ ин қадар дод мезанӣ?
-Боз забонат дароз-а?!-Барошуфт Сабур.
-Барои чӣ забонам кӯтоҳ бошад, на ғаррӣ кардааму на дуздӣ, ки муттаҳам бошам,-бидиррос зад Дилрабо.
-Ман мард ҳастам, вале ин чизи ҳаромро ба даҳонам намебарам, ту зан шуда истода чӣ хел носи бадбӯйро мекашӣ?! Тфу!
-Ту кайфи носро аз куҷо медонӣ! Як каф каш, баъд роҳаташро мефаҳмӣ,-Даст афшонд арӯси носкаш.
- Мани аҳмақ ҳар шаб ҳамин лабҳои носолуди туро мебӯсидаам-а?! Дилам беҳузур шуд, дафъ шав, ки рангу рӯятро набинам,-Сабур тела зада арӯсашро аз дар берун кард…
Дилрабо гириста-гириста, худашро ба пеши пойи Сабур партофту зорӣ намуд, ки сирри носкашияшро ба касе нагўяд.
-Қасам ба Худо, дигар асло нос намекашам! Сабурҷон ту фақат ба ман як шанси дигар деҳ, носро партофта зани намозхону худотарс мешавам ва як умр гарду чангу хоки даратонро бо ҳамин кокулони дарозам мерӯбам,-тавалло мекард арӯсак.
Сабур каме ором шуд ва дар назди зани ҷавонаш шарт гузошта гуфт:
-Ман ба хотири обрўи туро дар назди аҳли оиаамон нарезондан ин сирро ба касе намегӯям, вале дониста мон, агар як бори дигар носкашиатро бинам, худам туро ба дор меовезам!

        Хумори нос
Аз байн қариб як моҳ гузашт. Аҳволи Дилрабо бе нос рўз ба рўз бадтар мешуд. Арӯсакро чунон сахт хумори нос гирифта буд, ки дигар ба назараш на шавҳараш менамуд, на хонаву дари обод ва на обрӯи худу падару модараш, дилаш танҳо нос мехост. Тайёр буд ҳама зару зеварашро бар ивази як халта нос диҳад, баъзан беихтиёр дар пеши назараш халтаи нос намудор мегашт, вале чун барои гирифтанаш дасташро дароз мекард, дасташ дар ҳаво муаллақ мемонд. Хушдоманаш, Ҳанифахола бехабар аз сару савдои арӯс табъи нохуши Дилраборо мушоҳида намуда мегуфт:

-Келинҷон, агар падару модаратро ёд карда бошӣ, бигӯ, Сабур туро ба хонаатон меҳмонӣ мебарад.
-Не, холаҷон, зиқ нашудаам. Шумо ғами маро нахўред, ман акнун арӯси ин хонадонам, бояд хизмати хусуру хушдоманамро кунам,-посух медод Дилрабо сир бой надода.

Найранги келинчаки хуморӣ
Сабур нисфирўзӣ ба хона омад, то падару модарашро ба хонаи тағояш ба тӯйи духтарашон барад. Ҳанифахола кулчаю тӯшаи бисёре пухта буд ва мехост якбора келинашро ҳам ба хонаи додараш талбон барад, вале ҳарчанд кард, Дилрабо розӣ нашуд.

-Холаҷон шумо равед, саломатии ман имрӯз чандон хуб нест, насиб бошад, дар ягон маъракаи дигарашон меравам,-сар ҷумбонд келинчак. Сабур эҳсос кард, ки пойи занаш барои ба меҳмонӣ рафтан накашида истодааст, табассум намуда гуфт:
-Очаҷон, Дилраборо ба ҳолаш гузоред, ягон вақти дигар меравад.
Шавҳару хушдоманаш рафтанд. Дилрабо дар хона танҳо монд. Садои ноаёне аз ғайб дар бехи гӯшаш гӯё пичиррос мезад: «Шанси хубро аз даст надеҳ, дар хона касе нест, касе нос кашиданатро намефаҳмад…» Келинчак инони ихтиёр аз даст дода ҳар чи бодо бод гӯён, аз дарвоза баромаду ба дасти бачаи 10- солаи ҳамсоя Сиёвуш 3 сомонӣ дода гуфт:
-Бачаҷон, илтимос, рафта барои акаи Сабурат нос биёр!
Кўдаки сода хурсанд шуда тозон ба дӯкони носфурӯш рафт ва баъди чанд лаҳза бо як халта носу ду дона хурӯсқанд баргашт. Дилрабо носро аз дасти Сиёвуш гирифт ва аз пешонааш бӯсида таъкид кард:
-Боз ба касе нагӯӣ, ки янгаи Дилрабо маро носхарӣ фиристод!

            Роҳати ҷон
Дилрабо аз саросемагӣ худаш ҳам нафаҳмида монд, ки чӣ хел носро аз халта ба кафаш рехта ба зери забонаш партофт. Ҷонаш роҳат карда, дарди сараш якбора монд. «Худо хоҳад ба чанд моҳ мерасад» гӯён, осемасар носро пинҳон кард ва бо табъи болида ба ҳавлӣ баромада аз паси кору бори хона шуд. Келинчак чунон хурсанд буд, ки гӯё кони зар ё хазинаи шоҳ Ҷамшедро ёфта бошад. Садои сигнали мошини шавҳарашро шунида тозон дарвозаро кушод. Холаи Ҳанифа ҷиҳози зебо ва тӯйи осмонкафи тӯйи духтари додарашро хуб таъриф карда, қанду қурси ба корсонаш рехтаи тўйдоронро дар пеши келинаш рехт.
Хӯроки шомро хӯрданд. Сабур аз занаш хоҳиш кард, ки либосҳояшро шўяд, чунки пагоҳ як вохӯрии корӣ дорад. Баҳонаи либосшўйӣ ба ҳаммом рафта, келинчак боз халтаи носро аз ҷайби хилъаташ баровард. Нав як каф носро ба зери забон партофта буд, ки хушдоманаш офтобаи об дар даст таҳораткунӣ даромад, то намози хуфтанашро бихонад. Дилраборо дар ҳаммом дида Ҳанифахола норозиёна гуфт:
-Шабона дар ҳаммом тани танҳо мондани зани ҷавон хуб нест. Тамоми махлуқоти ноаён маҳз дар ҳаммому ҳоҷатхона ҷамъ мешаванд. Либосшӯиятро мон, пагоҳ мешӯӣ. Сабур даҳ куртаи дигар дорад, бизгор ягонтои дигарашро пӯшида равад…

Аз тарси он ки ҳозир хушдоманаш нос кашиданашро мефаҳмаду шарманда мешавад, келинчак носи даҳонашро фурӯ бурд. Гӯлӯяш ба хориш даромада, ӯро чунон сулфаи сахте гирифт, ки Ҳанифахола ба таҳлука афтид. Кампири бечора «Ба ту чи шуд, духтарам?» гӯён ба тахтапушти келини носкашаш ду-се то зад ва як пиёла об нӯшонд. Дилрабо баъди нӯшидани об каме ба худ омад ва базӯр-базӯр нафас кашида, дар дил хушдоманашро дашномҳои болохонадор дода ба хонаи хоби худаш равон шуд.

    Омад ба сарам аз он чи метарсидам
Сабурро аллакай хоб бурда буд. Келинчак халтаи носашро дар ҷевон пинҳон карда дар паҳлуи шавҳараш дароз кашид, чӣ гуна хобаш бурд, худаш ҳам нафаҳмида монд. Як поси шаб Сабур бедор шуд ва рӯ ҷониби арӯсаш гардонд. Рӯйи чун моҳ зебо ва кокулони дар рӯйи болин парешони ҳамсараш, ки ба мисли актриссаҳои филмҳои машҳури голливудӣ зебо буд, ӯро ба ваҷд овард ва домоди ташнаи васл лабонашро ба лабони арӯси масти хобаш ниҳод. Бо расидани лабони гарми Сабур ба лабонаш Дилрабо бедор шуд. Аз тарси фош гаштани сираш чунон дасту по хӯрд, ки ғайри ихтиёр оби носолуди даҳонаш ба рӯйи шавҳараш пош хӯрд. Сару рӯйи Сабур пури туфу нос шуд. Ҷавонмард ба ғазаб омада аз банди кокулони занаш дошта дод зад:

-Худозадаи беаҳд, боз нос кашидӣ? Ту ба ман чӣ ваъда дода будӣ?
Дилрабои нимҳушёр гурба барин вингос мезад, вале чӣ гуфтанашро фаҳмида намешуд.
Сабури аз ғазаб девона гашта арӯси семоҳаашро чунон лагадкӯб кард, ки дар баданаш ягон ҷойи обод намонд. Дилрабо аз зарби мушту лагади шавҳар ҳушёр шуда бо тамоми овоз мегирист. Садои доду фиғони зану шавҳар ҳама аҳли оиларо бедор кард. Ҳанифахола ва мӯйсафедаш ба ташвиш афтида ба сӯйи хонаи хоби писарашон давиданд. Вақте ки пиру кампир аз дар даромаданд, Сабур бо чашмони аз косахонаи сараш баромада гулӯи занашро бӯғӣ мекард.
-Сағераи падарлаънат, сар деҳ, духтари мардумро мекушӣ охир!-Бонг зад падараш.
-Мекушам! Ман ин лаънатиро мекушам!-Девонавор дод зад Сабур.
Пиру кампир базӯр келини ғарқи хунашонро аз чанголи писарашон халос карданд. Падараш ба рӯйи Сабур як торсакии обдор зада гуфт:
-Барои чӣ духтари мардумро мезанӣ? Аз ҳаққу ҳамсояҳо шарм намедорӣ, ки дар ин нисфи шаб хонаро ба сарат бардошта, кинои бе пул дода истодаӣ, лаънатӣ?!
-Ин аҳмақро кушам ҳам, боз ҳаққи ман меравад, охир ман ӯро қасам дода будам, ки дигар ин корашро накунад.
-Ин бечора чӣ гуноҳ кардааст охир?-Бо садои нолон пурсид модараш.
-Инро бинед, магар зани солимақл ҳамин корро мекунад?!-Инро гуфта Сабур кӯрпаро аз болои рахти хобашон бардошт. Рӯйҷо пури нос буд.
-Вой Худоҷон, ин духтар нос мекашидааст!-Ҳанифахола даҳонашро бо кафи дастонаш дошта ба замин нишаста монд.
Хусуру хушдомани лолмондааш чи гуфтанашонро намедонистанд, Дилрабои ғарқи хун бошад, аз шарм сарашро намебардошт.
-Дафъ кунед! Зуд ӯро аз ин хона дафъ кунед, ки аз бӯйи бади даҳонаш дилам беҳузур шуд,-Сабур бо ғазаб дарро пӯшида баромада рафт. 
 
       Шикасти бахт
Ба хонаи қудо занг зада падару модари Дилраборо даъват карданд. Сабур чунон ба занаш нафрат дошт, ки ҳатто рӯйи падару модари ӯро низ дидан нахоста ба наздашон набаромад. Ҳанифахола буду шуди гапро ба қудоҳояш нақл карда рӯйҷои пур аз носро ба падару модари Дилрабо нишон дод, то нагӯянд, ки шумо духтари моро туҳмат карда истодаед. Даҳони волидонаш аз шунидани ин нағмаи Дилрабои таърифӣ воз монда, бечораҳо чи гуфтанашонро намедонистанд.

-Духтаратонро ба нағзӣ гирифта баред, писарамон дигар бо ӯ зиндагӣ кардан намехоҳад,-лаб газида гуфт Ҳанифахола.
Наздикони Дилрабо аз шарм ҳатто сарашонро набардошта хапу хомӯш духтарашонро ба мошин шинонда рафтанд.
Як ҳафта пас бародари Дилрабо мошини боркашеро киро карда оварду тамоми ҷиҳози арўсии хоҳарашро бор карда бурд.
Ҳамин тавр одати бадаш ба решаи ниҳоли ишқ ва бахти ин келинчаки носкаш табар зада, сиёҳбахт шуд. Падараш «моро шарманда кардӣ» гӯён, дигар ба рӯйи Дилрабо нигоҳ намекунад, модараш бошад, шабу рӯз як гапро такрор мекунад:
-Аз сарат монад ҳамон носи ҳаром, наход бо дасти худат оилаатро вайрон карда, номи бади бевагиро бигирӣ, духтари беақл!
Дилрабо барои бахти забунгаштааш зор-зор мегиряд. Хуб медонад, ки дар хонавайрон шуданаш танҳо худаш гунаҳкор аст, вале то ҳол носро партофта наметавонад. Шаби дароз гиря мекунаду баъди хаста шудан боз як каф носро ба зери забонаш мепартояд, то дарду аламҳои дилашро сабуктар созад.
           Занқимоб
Падару модараш чанд бор дар хусуси дубора оиладор шудан бо Сабур суҳбат карда бошанд ҳам, ҷавон розигӣ надод. Қимоб шудааст аз зангирӣ ин домоди бетолеъ, метарсад, ки ин дафъа ягон арӯси бангӣ ё наркоман насибаш нашавад. Ҷўраҳояш ба ҳоли ў хандида мегӯянд:

Сабур, оҳи дили ҳамин духтарҳои ошиқи зори деҳаамон туро гирифт. Бечораҳо дар ғами ишқат сӯхта кабоб шуданд. Мемурдӣ, ки аз қишлоқи худамон зан мегирифтӣ. Мушт ба сина зада мегуфтӣ, ҳоло истед, ман чунон зане мегирам, ки даҳони ҳаққу ҳамсояҳо воз монад, дар ҳақиқат арӯси ёфтаат бо носкашиаш ҳамаро қоил кард ҷӯраҷон!
Домоди мағрури фиребхӯрда дар ҷавоб танҳо талх табассум мекунад, охир чи ҳам мегуфт, арӯси кофта-кофта ёфтаи худаш, ошиқи зори ҳусну ҷамолаш гашта, Дилраборо ба занӣ гирифт, аммо…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД