arzon replenishment
Қасами сархӯр қисми 1
1635

 

Амаки Ғоиб ва холаи Хайрӣ ҳамроҳ солҳои тӯлонӣ зиндагӣ карда бошанд, ҳам аз дори дунё як духтар доштанд. Фарзандони дигарашон дар кӣдакӣ аз дунё гузашта, дар дили волидайни худ сад доғ гузоштаанд. Амаки Ғоиб Хайрии соҳибҷамолу тозарӣзгорро аз ҷонаш бештар дӣст медошт, аз ин рӣ, ҳеҷ гоҳ номи ҷудоиро ба забон намеовард.

Холаи Хайрӣ баъзан шавҳарашро ба зангирӣ талқин мекард, ҳатто аз ҳисоби занони бевамонда барояш ҳамсар низ мекофт. Аммо мард шукронаи Гадобегими яккаю ягонаашро карда мегуфт, ки духтари аз даргоҳи Худо гадоӣ карда гирифтаашро ба шавҳар медиҳаду соҳиби набераҳои зиёд мегардад. Аз дунё бенишон нахоҳад рафт.

Гадобегим аз номи мондаи волидонаш шарм медошт, аз ин рӣ, худашро Гулбегим муариффӣ мекард ва ҳамин тавр, номаш Гулӣ шуда рафт. Падару модар буду шудашонро сарфи эркадухтари ягонаашон карда, намемонданд, ӣ дасташро ба косаи тар занад. Гулии нозпарвар хӣрдану хобиданро медонисту халос. Як шуғли дигараш бо доира хондани ашӯлаҳои халқӣ буд. Ӣ дугонаҳояшро ҷамъ карда, базм меорост, овозаш ширадору хушоҳанг буд. Гулӣ мактабро хатм карду ҳамон сол дар хоҷагияшон як гурӯҳи созию овозӣ ташкил ёфт. Гулӣ бо волидонаш маслиҳат карда, шомили ҳамин гурӣҳ шуд. Акнун ӣ гули сари сабади ҳама маъракаҳои хоҷагӣ буду берун аз ноҳия ҳам шӣҳрат дошт. Вақте мавсими тӣйҳо оғоз меёфт, ӣ шабу рӣз ба тӣйгардӣ машғул буд. Аз ин ҳисоб маблағи хуб меёфт, хонаву дари фарсудаашонро чаппа карда, ҳавлии нав сохт, падару модарашро ҳар сол ба осоишгоҳҳои беҳтарин равон мекард, аммо волидайни бечора орзуи дигар доштанд. Мехостанд духтарашонро шавҳар дода, соҳиби набераю абера шуда, гирди онҳо парвона гарданд. Аммо Гулӣ ба Ҷаҳонгир ном як ҷавони муҳандис ошиқ буду қиссаи ишқашон байни мардум афсона гашта.

Вале модари Ҷаҳонгир ба хонаи волидони Гулӣ омада ба онҳо гуфт, ки ҳеҷ гоҳ писарашро ба ҳофиза нахоҳад дод.

-Духтаратонро ғундоред, ба ман келини отарчӣ даркор не,- ба пиру кампири ҳайрон нигоҳ карда, дод зад модари Ҷаҳонгир.

Пас аз як моҳи ин моҷаро Ҷаҳонгир ба духтархолааш хонадор шуд. Гулӣ, ки Ҷаҳонгирро дар зиндагияш такягоҳи хеш медонист, аз ин алам чанд вақт ба худ наомад, вале чанде баъд барқасди ӣ ба як сағираи бесоҳиб аз ноҳияи ҳамсоя ба шавҳар баромад ва шавҳарашро ба назди волидонаш оварда, армони онҳоро шикаст. Сахӣ шавҳари Гулӣ, ҷавонмарди сархаму коргар ва хеле боодоб буд, падару модараш айёми кӣдакияш дар садамаи автомобилӣ фавтидаву ӣ дар хонаи тағоҳояш ба камол расида буд. Баъди мурдани тағояш зану фарзандони тағояш “акнун зиндагиятро худат ёб” гӣён, ӣро беруни дар карданд. Ӣ ҳамхизмати як навозандаи Гулӣ буд ва ба ҳамин восита бо Гулӣ шинос шуд. Сахӣ ба хусуру хушдомани меҳрубонаш чун падару модар меҳр монд, мошинҳои гуногунтамғаро хуб таъмир мекард, аз ин рӣ, дар як гӣшаи ҳавлӣ устохонае бунёд карда, ба кор шурӣъ кард. Гулиро аз ҷонаш зиёдтар дӣст медошт, аз ин рӣ, ба ягон кораш эрод намегирифт. Гулӣ акнун зани шавҳардор буду ба кай хона омадану рафтанаш касе кор надошт.

Амаки Ғоиб ва холаи Хайрӣ аз домоди азизашон, ки дар ҳама кор ёвару мададгорашон буд, аз замин то бар само розӣ буданд.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД