arzon replenishment
ҚАСАМИ САРХӮР қисми 2
1392

Бо гузаштани як сол, ниҳоли умеди пиру кампир гул карду Гулӣ ба онҳо набера, шоҳписари зебое ҳадя намуд. Гулии ба сайругашт омӣхта то баромадани чилааш ба зӯр тоқат карду тарбияи писарашро ба уҳдаи модараш гузошта, боз ба кор баромад.

Сахӣ баробари хушдоманаш дар тарбияи Ардашер иштирок мекарду писаракашро чун гул парвариш менамуд. Ардашер оҳиста-оҳиста ҷон гирифта, калон мешуду ба дили бибию бобо ва падару модараш хушнудӣ меовард. Гулӣ баъди Ардашер як писари дигар таваллуд карду бо ҳамин дигар умрашро сарфи кор намуд. Мардуми мо ба баъзе масъалаҳо нуқтаи назари бераҳмона доранд, масалан хонадомодҳоро мазоҳу масхара мекунанд. Сахӣ низ аз ин «лутф»-и мардуми деҳаи Гулзор бенасиб набуд. Касе ӣро бо номаш ёд намекард, номаш домоди Ғоиб буд…

Баъдтар сархамию гапи Гулиро дар замин намонданаш сабаб шуд, ки ӣро занкалон унвон диҳанд. Барои Сахӣ ин ҳама муҳим набуд, муҳим дидани табассуми Гулӣ, арзи сипоси хусуру хушдоман ва фарзандони азизаш Ардашеру Алишер буданд. Оҳиста-оҳиста гирди номи Гулӣ овозаҳои нав ба нав паҳн мешуданду баъзеи онҳо ҳақиқат низ доштанд. Гулӣ ба лутфи ягон мард беаҳмият набуд ва маъракаву зиёфат, шӯхиву бозӣ бо мардони айёшро дӣст медошт. Бо раиси хоҷагӣ Маҳдӣ Амин бошад, муносибатҳои ошиқона дошт. Инро ҳама медонистанд ва оқибат овоза ба гӣши Сахӣ низ расид. Сахӣ дар назди хусуру хушдоманаш аз Гулӣ ҳақиқат ё дурӣғ будани ин овозаро пурсид.

Гулӣ бо чашмони ашкбор гуфт, ки ин мардум ба ӣ бахилӣ мекунанду дар ҳаққаш овозаҳои беасос мебароранд. Ӣ аввал бо Қуръон қасам хӣрду баъд гуфт, ки “раис ба ҷойи падарам бошад, агар вай дасти маро бо нияти бад дошта бошад, пес шавам”. Сахӣ ба ӣ бовар кард, аммо нигоҳи пурғазаби модараш дилашро сурох мекард. Гулӣ барои ба даст овардани дили модар гуфт:

-Сари ду писарам,- Модар бори аввал дар ҳаёташ ба бари рӣйи духтараш шаппотии сахте зада, фарёд зад:

-Ба сари бачаҳои бегуноҳам қасам нахӣр! Агар ту ба рӣйи онҳо ва ҳамин шавҳари нозанину меҳрубон по монда бошӣ, Худо песу ради маърака шавӣ!

Гулӣ бари рӣяшро дошта, ба хонаи хобаш даромад, Сахӣ аз қафояш рафту он ҷо чӣ гап шуд ё не, касе намедонад, вале баъди ҳамин моҷаро касе дигар дар хонавода ёди гуноҳҳои Гулӣ намекард. Ҳарчанд байни мардум овозаҳо зиёд буданд.

Солҳо пайи ҳам мегузаштанд, раиси ошиқи Гулӣ аз сактаи мағзи сар оламро падруд гуфт, Гулӣ зуд ба ҷойи вай ошиқи дигар ёфт. Вале ин ишқаш дер напоид, зеро Гулии қасамзадаро пӯсташ сафед шудан гирифт. Бар замми ҳамаи ин, дар пояш омоси фасодноке пайдо шуду баъди ҷароҳӣ як пояш сахт мелангид. Оҳиста-оҳиста ҷойи ӣро дар саҳна духтаракони ҷавон гирифтанду Гулии як вақтҳо овозадорро касе суроғ намекард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД