Commerc banl
Асрори “Ҳафтсин”, “Ҳафтшин” ва “Ҳафтмим”-и наврӯзӣ
21.03.2026
Oila.tj
26

“Ҳафтсин” хони наврӯзист, ки дар ҷашни Наврӯз бо маводи гуногун, аз ҷумла бо 7 намуд чизе, ки бо ҳарфи форсии “Син” шуруъ мешаванд, оро ва зебу зиннат дода хоҳанд шуд: синҷид, сабза, самок, сир, суманак, сикка ва сирко.

Ин ҷо қобили тазаккур аст, ки ҳар як ашёи рамзи махсусеро ифода менамояд: себ - аломати зебоӣ, сабза, яъне донаҳои сабзидаи тухми гандум - рамзи зиндагӣ, эҳёи ҳаёт, сирко - дарозумрӣ ва сабру тоқат, санҷид - меҳру муҳаббати поку беолоиш, сикка - сарвату дороӣ, шукуфоӣ, сир - тандурустӣ ва дур гаштан аз бадбахтию нокомӣ ва суманак - рамзи фаровонию осудагӣ. Дар ин зимн бояд ёдовар шуд, ки суманак як ҷузъи асосӣ ва ҳатмии дастархони наврӯзӣ мебошад. ки бидуни он густурдани суфраи идона ғайри қобили қабул шуморида мешавад. Тайёр кардану анҷом додан ва пухтани суманак худ як раванди муайянеро молие аст. Қабл аз ҳама донаҳои гандум ба зарфи ҳамвори фулузӣ гузошта шуда, ба рӯи он об мепошанд ва болои он бо матоъи сафед — дока пӯшонида мешавад, ин се рӯз идома меёбад. Баъд ниҳолҳои сабзидаро бо корд хеле хурд реза мекунанд. Сипас оби онро полуда, бо орд ва об омезиш дода, ба қадри даркорӣ равған илова менамоянд ва ба дег андохта бо кафлес банавбат ковиш медиҳанд. Ин анъана сирф аз ҷониби занҳо анҷом дода мешавад ва дар арафаи иди наврӯз сурат мегирад. Занҳо ҳангоми ковидани суманак суруд мехонанд, ки нақароташ ин аст:

Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем,

Дигарон дар хоб, мо кафча занем.

Ба ҷуз маводи мазкур рӯи сурфаи наврӯзӣ зарфи об бо моҳии сурх, оина, шамъдон, хушкбору тарбор, ширинӣ, тухми мурғ ва дигар хӯроку ғизоҳои лазиз гузошта мешуданд.

Албатта, дар аҳди қадим гузинаҳои (вариантҳои) дигари ҳафтсин ба мисли “ҳафтшин” ва “ҳафтмим” вуҷуд доштанд. Масалан, гузоштани “ҳафтшин”-ро ниёгони мо чунин тасвир намудаанд:

Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,

Мениҳоданд мардуми Эрон,

Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,

Шамъу шамшоду шойеъ андар хон.

Шигифтии масъалаи “ҳафтсин” дар он зоҳир мегардад, ки аввалан, хоне, ки дар субҳи Наврӯз ороста мешуд, бояд аз порчаи сафед таҳия мегардид ва он рамзи Сипанормуз –худои ҳомию нигаҳбони Замин дар олами муҷаррад дар боварҳои қадими ориёӣ буд ва рамзи бороварии Заминро ифода мекард ва сониян, ҳамин масъала, дар навбати худ, ба ҳаёти муқимӣ гузаштани ниёгони мо дар аҳди қадимро нишон медод. Барои ҳамин суфраи наврӯзиро танҳо хони идона густурдан намедонанд ва ҳар хӯрокӣ ва ашёе, ки рӯи он гузошта мешуд, рамзу розгуна буд, ки ҳам шамили мазҳари устуравию таърихӣ, ҳам намоёнгари маънавиёту нидои ботини қалби инсон ва ҳам намоишгари афкори ҷаҳоншиносӣ ва хилқати оламро таҷассум мекард. Дар суфраи наврӯзӣ ҳама чиз кинояомезу нишонвора аст ва ҷанбаи тамсилии «ҳафтсин» аз он иборат аст, ки табиатро ҳамчун офаридаи неки Аҳурамаздо ба таҳрику ҷунбиш дармеоварад, набототу гиёҳонро ба рушди боландагӣ вомедорад, эҳёи табиатро фароҳам месозад ва ба афзоиши хайру баракати замин, ки ягона манбаи парваришу самаровари маводи ғизоӣ мебошад, дар соли нави меомада мусоидат мекунад. Ранги сафеди суфраи наврӯзӣ мазҳари таҷаллии Офаридгор ва офариниши олам низ мебошад. Дар маросимҳои расмии наврӯзӣ дар толори оташкадаҳо ва маҳали пазироии шоҳону ҳокимони давр суфраҳои музайяне, ки атрофи онҳо кашидадӯзӣ ва ё қаламкорӣ шудаанд ва дар хонаводаҳо хони хонаводагӣ густарда мешуданд. Дар садри суфра китобмонаки (раҳлии) хотамкоришуда мегузоштанд, ки рӯи он китоби муқаддас гузошта мешуд, моҳӣ гузоштан рӯи хони наврӯзӣ ифодаи он буд, ки вақте Офтоб аз бурҷи ҳут (яъне моҳӣ), ки охирин моҳи соли куҳна буд (дар солшумории кунунии Эрон моҳи исфанд), ба бурҷи ҳамал ворид мешуд, ба охир расидани соли куҳна ва фаро расидани Наврӯзи оламафрӯзро ифода мекард. Ба ибораи дигар, тақвими соли куҳна ва қабули соли нав арзёбӣ мешуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД