Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз барои хариду фурӯш ва фаъолияти савдо рӯзи хеле мувофиқ аст. Агар корҳоро шахсан назорат кунед ва ба ҳар кас зуд бовар накунед, метавонед фоидаи хуб ба даст оред. Баъд аз нисфирӯзӣ эҳтимоли нофаҳмӣ бо дӯстдошта ё ҷанҷоли оилавӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ оромиро нигоҳ доред. Дарди сари бегоҳирӯзӣ метавонад аз фишори баланд бошад, бинобар ин, саломатиро назорат намоед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз диққати асосии худро ба масъалаҳои молиявӣ равона кунед ва аз шиносҳои нав эҳтиёт бошед. Бо наздикон аз рӯйи ҳар гапи майда муноқиша накунед, зеро баҳс метавонад ба ҷанҷоли калон табдил ёбад. Агар дар назди дӯстдоштаатон гунаҳкор бошед, бахшиш пурсед. Барои мустаҳкам кардани масуният витамину машқҳои ҷисмонӣ фоида меоранд.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Ҳар қадаре ки меҳнат мекунед, ҳамон андоза ба истироҳат низ ниёз доред. Таносуби дурусти кор ва дамгирӣ боиси пешрафти шумо мешавад. Барои нафароне, ки ошиқанд, вале ҷуръати қадами аввалро надоранд, рӯз мусоид аст. Ҷасур бошед, то муҳаббатро аз даст надиҳед. Саломатиятон дар ҳолати хуб қарор дорад ва ташвиши ҷиддӣ дида намешавад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Ҳар пешниҳоди имрӯзаро бо диққат баррасӣ кунед ва ҷиҳатҳои мусбату манфии онро таҳлил намоед. Бемориҳои музмин метавонанд худро нишон диҳанд, бинобар ин табобатро ба таъхир нагузоред. Имкони ба даст овардани маблағи хуб вуҷуд дорад, аммо танҳо дар сурате ки фаъол ва ҳушёр бошед. Сустӣ метавонад фурсати муҳимро аз дастатон бигирад.
Асад (23 июл-22 август)
Агар аз кори худ лаззат баред, онро бо дилгармӣ ва масъулият анҷом медиҳед. Танҳо ба хотири пул худро азоб надиҳед ва кори нописандро қабул накунед. Дар муносибатҳои ошиқона ғуруру такаббурро канор гузоред, зеро ин метавонад ба сардӣ ва ҳатто ҷудоӣ оварда расонад. Меҳрубонӣ ва фаҳмиш имрӯз калиди оромии шумост.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Ба тағйироту навгониҳои пешомада омода бошед ва ба андешаи ҳар кас такя накунед. Баъд аз нисфирӯзӣ дар муҳити оилавӣ эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Барои пешгирии ҷанҷол бо наздикон бо сабру меҳрубонӣ рафтор намоед. Агар шамол хӯрда бошед, табобати саривақтӣ кунед. Чораҳои одии хонагӣ низ метавонанд ба беҳбудӣ кумак расонанд.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз ҳатто як иштибоҳи хурд дар гуфтор метавонад боиси ранҷиши наздикон гардад. Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли баҳси ҷиддӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ суханҳоро бодиққат интихоб кунед. Пеш аз гирифтани қарз ҳатман фикр кунед, ки чӣ гуна онро бармегардонед. Ба саломатӣ низ аҳамият диҳед, зеро хатари ҷароҳат бардоштан ё сар задани нохушӣ зиёд аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Ҳар суханро ба дил наздик нагиред ва бадгумонӣ накунед. Дар лаҳзаҳои душвор аз наздикон кӯмак пурсидан айб нест. Вазъи молиявӣ баъд аз нисфирӯзӣ беҳтар мешавад. Рашку гумони беасосро канор гузошта, бо дӯстдоштаатон бо меҳрубонӣ рафтор намоед. Дарди миён метавонад аз шамолкашӣ бошад, худро гарм нигоҳ доред.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз нақша ва ниятҳои худро ба ҳар кас ошкор насозед. Бо шахсони ношинос сирру дарди дил накунед. Пеш аз ҳама кори худро анҷом диҳед ва баъд ба дигарон кӯмак расонед. Бонувон беҳтараш аз шиносоии шитобкорона худдорӣ намоянд. Мардҳо метавонанд кори даромаднок пайдо кунанд, вале барои фоидаи хуб меҳнати ҷиддӣ лозим мешавад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Ба ҳар маслиҳат гӯш надиҳед, зеро эҳтимол касе нияти бад дошта бошад. Ҳушёрӣ шуморо аз зарар нигоҳ медорад. Бегоҳро ба истироҳат ё сайругашт бахшед, то асабҳоятон ором шавад. Вазъи молиявии худро ба ҳама намоиш надиҳед, зеро ҳасад ё ранҷиш ба вуҷуд омада метавонад. Оромӣ ва хоксорӣ ба нафъи шумост.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз барои таъмир ё корҳои вазнини хонагӣ рӯзи мувофиқ нест. Барои ишқварзӣ ва зиёфат низ эҳтиёт кунед. Агар имкон бошад, вақтро ба ибодат ва оромӣ бахшед. Сайругашт дар ҳавои тоза ба шумо нерӯи тоза мебахшад. Хобҳое, ки мебинед, метавонанд маъно дошта бошанд. Бо оғози кори нав вазъи молиявии худро беҳтар месозед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ба кумаки дигарон умед набандед ва корҳои худро мустақилона анҷом диҳед. Сабру таҳаммул имрӯз барои шумо хеле муҳим аст. Роҳбарият заҳмати шуморо қадр мекунад, аммо мукофот каме дертар мерасад. Аз дӯстдоштаатон суханони хуш мешунавед. Барои бонувон эҳтимоли хостгорӣ вуҷуд дорад ва масъалаи тӯй метавонад ҷиддӣ баррасӣ шавад.