Commerc banl
Аз 2-юми март бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ оғоз меёбад
54

Шуруъ аз 2-юми март даври аввали бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳоноти марказонидашудаи тестӣ барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар оғоз меёбад.

Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ, қабули ҳуҷҷатҳо то 28-уми апрел идома хоҳад ёфт. Арзиши бақайдгирӣ барои хатмкунандагони синфи 11, муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 370 сомонӣ ва барои хатмкардаву хатмкунандаҳои синфи 9-ум 320 сомонӣ мебошад.

Дар 43 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 50 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру навоҳии дигар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудааст. Суроғаи ин нуқтаҳоро дар сомонаи www.ntc.tj пайдо кардан мумкин аст.

Довталабоне, ки бо сабабҳои гуногун дар даври аввал сабти ном карда наметавонанд, имкон доранд дар даври дуюми бақайдгирӣ, ки аз 10 то 30-юми июн баргузор мешавад, иштирок карда, сабти ном намоянд.

Даври сеюми бақаёдгирӣ дар доираи ҷойҳои холӣ аз 29-уми август то 10-уми сентябр гузаронида мешавад. Даври чорум танҳо барои шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил дар доираи ҷойҳои холӣ буда, аз 2 то 20-уми ноябр баргузор хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД