1xbet
Асрори хунини падар (ҚИСМИ 3)
361

Аз байн як сол гузашту Бахтовар тамоми нозукиҳои тиҷоратро аз худ кард, дар қадди ман ҳам кӯдак пайдо шуд. Барои мани дуҷон супоридани санҷишу имтиҳон, таҷрибаомӯзиву кори дипломӣ душвор бошаб ҳам дастгириҳои шавҳараму падарам рӯҳбаландам мекарданд. Амакаму янгаам ва фарзандонашон низ зуд-зуд ба хонаамон омада дастгиру мададгорамон буданд.

Имтиҳонҳоямро бо баҳои аъло супорида дипломамро гирифтаму баъди як ҳафта писарчаам ба дунё омад. Хурсандии падарам ҳадду канор надошт ӯ ба писарчаам номи падарашро гузошт, Адҳами мо рӯз ба рӯз мисли гул мешукуфту зебо мешуд ва падарам атрофи «отаҷон»-аш парвона буд…

Бемории падар

Падарам аз рӯйи одат хеле барвақт аз хоб мехестанду намозашонро хонда баъд новобаста аз фасли сол дар боғ гардиш мекарданд. Як субҳи боронии тирамоҳ хестаму падарамро надидам, хизаматгорзан наҳорӣ тайёр мекарду Бахтовар бошад алаккай либосашро пӯшида сари мизи хӯрокхӯрӣ қаҳва менушид. Ба саволи ман, ки падарам хуб бошанд, китф дар ҳам кашида гуфт, ки шояд ҳавои сард, хоб бошанд.

Ман одати падарамро хуб медонистам ва тозон ба хонаи хобашон даромадам, ҳатто тақ-тақ карданро аз хотир баровардам. Падарам рӯйи ҷогаҳаш ба пушт мехобиду рангаш сап-сафед канда буд, ман бо тамоми овоз Бахтовар гуфта дод задаму аз ҳуш рафтам. Чун ба худ омадам боли сари падарам духтурашро дидаму зур зада аз ҷоям хеста дадаҷон шумо чӣ хел гуфта инони гиряро сар додам. Падарам бо хандаи талх пичиррос зад:

- Ту ин қадар беғайратӣ, ман намурда гиряву ҳушравиро бин- тавба…

Падарам дигар аз бистар нахест, духтураш ҳар бегоҳ аз авҳолаш хабар гирифта давоҳои заруриро менавишт ман худам сузандорую қатраҳояшро мечакондаму як лаҳза аз боли сараш дур намерафтам. Писарамро асосан доя нигоҳ мекард, ҳар рӯз чанд бор бо хоҳиши падарам ӯро наздаш меовардам, набераву бобо хеле хандаю бозӣ мекарданд, аммо падарам мадор надошт. Ман духтури занона бошам ҳам, аз рӯйи давоҳои ба падарам навиштаи духтур медонистам, ки дили падарам чун шаъм сухта, оҳиста-оҳиста адо шуда истодааст, аммо аз Худои бузург умед доштам. Охир ӯ ҳамагӣ панҷову чор сол дошт...

Асрори хунин

Падарам аз рӯзи бемор шуданаш сурати модарамро дар рӯ ба рӯяш гузошта соатҳои дароз ба ӯ дида медухт. Як рӯз суратро гирифта болои ҷевон гузоштаму гуфтам, чӣ ин қадар ба ӯ нигоҳ мекунӣ, бевафоӣ карда худашро кушту маро ятим Шуморо як умр бадбахт кард. Бо шунидани ин сухан чашмони падарам пур аз об шуданду гуфт:

- Ин ҷо шин!

Ман рӯ ба рӯяшон дар намркурсӣ нишастам. Падарам дастонамро миёни дастони харобу зарду хазонаш гирифта афзуд:

- Духтарам, модаратро ман куштам. Ман модаратро бо дӯстдориҳо гирифта бошам ҳам, баъди кӯдакдор шуданаш ба ӯ камаҳмият шудам. Дар ҳамсоягиямон бевазане мезист, ки се духтари бероҳа дошт, духтари хурдии ӯ бо ишваю нозу адояш дили маро бурду ман дигар модари ба тифли хурдсол овораатро пиру дилнокаш номида бо ӯ ишқварзӣ мекардам. Модарат инро медонист… Як шаб баъди зинокории навбатӣ аз назди маъшуқаам омадаму модарат маро бо қавоқи гирифта пешвоз гирифт, ту дар гавҳораат мисли барачча ором мехобидӣ. Ӯ мӯйҳои дарози мушкфомашро, ки то зонуяш мерасиданд парешон карда буду бо куртаи парпарии шабпӯш мисли парии афсонавӣ зебо буд. Ман дар дил худамро мазаммат мекадам, ки чунин париро монда пеши як сиёҳҷурдаи бероҳа меравам. Бо ҳамин фикрҳо модаратро сахт ба оғӯш кашидам, ӯ чун оҳуи рамидаи сур бо силтавзаниҳо худашро аз оғӯши ман раҳо карда бо қаҳр гуфт:

- Ба ман пасмондаи Сайлии сиёҳ даркор нест, таги табақ хӯрда одат накардаам…

(Давом дорад)

ЗАЙНУРА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД