orienbank akciya
Аврупоиҳо аз дидани атласу чакан ба ваҷд омаданд
266

Дар пойтахти Англия - шаҳри Лондон намоиши фарҳанги миллӣ ва сарулибоси тоҷикӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон, ки рӯзи 18-уми май бахшида ба Рӯзи байналмилалии гуногунии фарҳангӣ баргузор гардид, аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Лондон гӯшаи фарҳангии миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳи ЭКСПО чакан, атласу адрас ва дигар либосҳои миллии тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, ба меҳмонон оид ба таърихи пайдоиш ва рамзи нақшҳои гулдӯзӣ маълумот дода шудааст. Дар баробари намоиши либосҳои миллӣ, ҳамзамон сӯзанию кундал ва асбобҳои мусиқии миллӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳунармандони тоҷик бо дутор таронаҳои халқии тоҷикӣ суруда, хотири меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро шод гардонидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД