Arzon march 2024
Аз лабони кӯдак бӯса кардан мумкин аст?
1097

 

Кӯдакон натанҳо барои модарон, балки барои дигар аъзоёни оила низ азиз буда, ҳар нафар мехоҳад, ки ҳангоми ба даст гирифтан ҳамчун рамзӣ дӯстдорӣ аз лабони кӯдак бибӯсад.

Аммо бархе аз калонсолон ин амалро қабул надоранд ва онро як манбаи сироятёбии кӯдакон меҳисобанд. Духтурони кӯдакона ва равоншиносон дар ин масъала чӣ назар доранд?

Навозиш ба кӯдак эҳсоси амният мебахшад, вале...

Анна Журба, роҳбари Маркази машварати равоншиносӣ мегӯяд:

“Ҳама гуна навозиши волидон, ба монандӣ оғӯш кардан, бӯсидан ба кӯдак муфид буда, эҳсоси амният ва боварӣ мебахшад. Ин амалҳо бори дигар исбот мекунанд, ки тифлакро дӯст медоранд”

Кӯдаке, ки дар муҳити саршор аз муҳаббату дӯстдории зиёд ба воя мерасад, баъд аз болиғ шудану ба воя расидан, ҳамон муҳаббати аз волидону наздикон гирифтаашонро ба кӯдакони дигар мебахшанд.

                Бӯса манбаъи сироят аст

Аммо Алиса Любимова, равоншиноси тиббӣ ва психотерапевт дар масъалаи бӯсидан аз лабони кӯдак назари дигар дорад.

“Пеш аз ҳама, аз лабони кӯдак бусидан ғайригигиенӣ аст. Оё шумо ягон бор дар бораи миқдори бактерияҳо дар лабони калонсолонвуҷуд дошта  фикр кардаед? Бештари бемориҳои вирусӣ дар пӯст мавҷуд аст, ки  давраи ниҳоиашон хеле тӯлонӣ мегузарад ва агар дар ин давра аз лабони кӯдак бӯса кунед, хатари зиёди сироят ёфтан дорад. Як қатор бемориҳои рӯдаи меъдаю рӯда ва пӯст маҳз бо бӯса ба кӯдакон мегузаранд” –мегӯяд Любимова ва мефзояд:

“Лабони кӯдак бениҳоят ҳассосанд ва ҳангоми бӯсидан ретсепторҳои ҳассос сигналҳои ҳаяҷонбахшро ба мағзи сараш мефирситанд. Аммо бӯсаи рухсора, болои сар, кафи даст ё дигар ҷойҳое, ки шумораи ретсепторҳо камтар аст, чунин ҳаяҷонро ба бор намеорад.”

 

                Таъсири бӯса ба психологияи кӯдак

Ирина Похомова, равоншиноси оилавӣ ба саволи болозикр чунин посух гуфтааст:

“Пеш аз ҳама бояд донист, ки муносибати оила ба чунин бӯса чӣ гуна аст ва он чӣ аҳамият дорад? Барои волидайн ва бобою бибӣ ин як навъ бӯсаи махсус аст, ки аз дигарон фарқ мекунад ё не?Агар дар зеҳни онҳо, яъне нафаре, ки кӯдакоро бӯса мекунад, бӯса кардан аз пешона ё сар фарқе надошта бошад, кӯдак онро ҳамин тавр қабул мекунад ва ягон муҳаббати зиёдатиро эҳсос намекунад, вале хешовандон ба чунин бӯса аҳамияти хоса диҳанд, пас омода бошед, ки кӯдак меҳри худро танҳо ҳамин тавр баён мекунад.”

Мувофиқи гуфтаҳои Похомова, агар чунин бӯса дар оилаи кӯдак шинос бошад, пас ӯ ҳам кӯшиш мекунад, ки чунин бибӯсад.

           Вақте ки модар фарзандашро мебӯсад...

Мо ҳама бо ёрии системаи муҳофизатии бадан аз микроорганизмҳои патогенӣ халос мешавем. Ҳуҷайраҳои мо шахси бегонаро мешиносанд ва барои мубориза бо ӯ яроқи муҳофизатии худро дорад, ки онро - антитело истеҳсол мекунанд. Аммо иммунитети кӯдак дар ин ҳолат комилан бетаҷриба аст, вай ҳанӯз намедонад, ки чӣ гуна зуд ва ба миқдори зарурӣ антитело тавлид кунад, ки душмани ба бадан воридшудаашро нест кунад.

Зан бо бӯса кардани кӯдаки худ аз ӯ як микроорганизмро мегирад, ки ҳуҷайраҳои таҷрибавии баданаш фавран ба он ҳамла карда, антителоҳои заруриро омода мекунанд. Ҳамчунин модар дар баробари шири худ ба кӯдак силоҳи омодаи зидди ин микроорганизми зарароварро медиҳад.

Аз ҳамин сабаб, кӯдаконе, ки модаронашон онҳоро аксар вақт бӯсида шир медиҳанд, бо бемориҳо тезтар ва осонтар мубориза мебаранд. Аммо худи зан бояд солим бошад.

                      Назари гинеколог

Елена Лызлова, акушер-гинекологи Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Перм Сеченов мегӯяд, бӯса ва оғӯшкуниҳо дар ҳаёти кӯдак нақши муҳим доранд. Муҳаббат, ғамхорӣ ва суханони гарми волидон барои рушди равонӣ ва зеҳнии кӯдак фазои мусоид фароҳам меорад.

Норасоии муҳаббат кӯдакро одамгурез месозад

Ба ақидаи олимон, афроде, ки дар кӯдакӣ ба онҳо таваҷҷуҳ камтар будааст, баъди ба камол расидан аз одамон ва дунё норозӣ гашта, дар муошират бо атрофиён дурӣ меҷӯяд. Аз худкунии дарс барояшон хеле душвор мегардад, баъдан дар донишгоҳ ва чойи кор бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегарданд.

                    Аз герпес эҳтиёт шавед!

Аз нуқтаи назари тиббӣ дар бадани инсон микроб ва бактерияҳои зиёде зиндагӣ мекунанд, ки ҷисми калонсолон ба таъсири зараровари онҳо тобовар аст. Аммо ҷисми кӯдак номукаммал аст. Мутобикшавии кӯдакон ба олами атроф оҳиста-оҳиста ба вуҷуд меояд ва системаҳои муҳофизатии бадани онҳо низ зина ба зина ташаккул меёбанд.

Бӯса кардани кӯдак дар лабон хатари воридшавии сироятро тавассути луобпардаи даҳон ба таври назаррас зиёд мекунад, аммо шахси калонсол ҳатто намедонад, ки вай интиқолдиҳандаи сироят аст. Тез-тез бӯса кардани кӯдак хатари сироятёбиро аз герпес меафзояд.

Системаи масунияти кӯдак қодир нест, ки бо вируси герпес мубориза барад.

Волидони гиромӣ, андеша намоед, ки шумо боз чӣ гуна метавонед муҳаббат ва меҳри худро нисбат ба фарзандатон бидуни бӯсаи лаб баён кунед? Кадом роҳҳои ифодаи эҳсосоти муҳаббати ҳақиқӣ мавҷуданд?

Ба ҳар роҳе, ки метавонед меҳру муҳаббати худро ба фарзандатон баён намоед, зеро пойдевори саломатӣ ва хушбахтии инсон аз меҳру муҳаббат ва навозиш сохта мешавад.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД