arzon replenishment
Аз маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ то сохтмони иншооти стратегӣ
1012

Як ҳайат аз Тоҷикистон дар як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла ҷаласаи 14-уми Хазинаи Рушди Осиё иштирок намудаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин чорабиниҳо дар доираи ҷаласаи ҳарсолаи 57-уми Шӯрони мудирони Бонки Осиёии Рушд гузаронида шудаанд, ки дар шаҳри Тбилисии Грузия баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Осиёии Рушд Ҳоким Холиқзода иштирок намудаанд.

Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода роҷеъ ба вазъи кунунии иқтисодиёти ҷаҳон, минтақа ва Тоҷикистон, инчунин самтҳо ва афзалиятҳои минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд изҳорот додааст.

Дар ҳошияи ҷаласа, ҳамзамон мулоқотҳои дуҷонибаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава, ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Йингмин Янг, ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Тереза Червинска, директори генералии БОР доир ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков ва директори иҷроияи БОР Викас Шил баргузор гардидааст.

Дар мулоқотҳо масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд, идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ, маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, рушди “иқтисоди сабз” ва ҷалби сармоягузориҳо барои сохтмони иншооти муҳими стратегии кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар панели сатҳи баланд дар мавзӯи “Маблағгузории сабз дар занҷираи арзиши иловашуда дар доираи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (СAREC) ҳамчун панелист иштирок ва суханронӣ намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД