goodwell
Ҷазо (ҚИСМИ 1)
120

Духтари 16-солаи Полвон-амак баъди ба мағоза баромада рафтан якбора бедарак шуд. Тамоми аҳли маҳалла, хешовандон, кормандони полис ба кофтукоби ӯ баромаданд. Аммо гӯё ба замин даромада бошад, аз ӯ дараке набуд.

Полвон-амак барои дарёфти духтараш 100 сомонӣ туҳфа ваъда кард. Номи пулро шунида, одамон дигар кофтукоби духтаракро фаъолтар намуданд. Баъди 32 рӯз ҷасади ин духтараки зеборо аз поёноби дарё пайдо карданд. Полвон-амак аз гап монд. Аз байни 5 писараш ӯ ба духтараш ниҳоят меҳри беандоза дошт. Гулзира ниҳоят меҳрубону ширинзабон буд. Фақат “дадаҷон” мегуфт.

Полвон-амак ба идораи полис ариза навишта, хоҳиш кард, ки сабаби марги духтарашро дақиқ бисанҷанд.

Ташхиси лабораторӣ нишон дод, ки Гулзираро таҷовузи гурӯҳӣ кардаанд. Сипас миқдори зиёди ҳаби нашъадор нӯшонида, шояд ба ин восита ба қатл расонида, баъдан барои рӯйпӯш кардани ҷиноят ӯро ба дарё партофтаанд.

Полвон-амак баъди шунидани ин даҳшат ба фикр афтод. Ба дил қасам хӯрд, ки ин гурӯҳи таҷовузгарро ба ивази баҳои ҷонаш бошад ҳам, дастгир карда, пеш аз полис худаш ҷазои онҳоро медиҳад.

Полвон-амак солҳо дар вазифаи роҳбарӣ кор карда, дӯстони вазифадори зиёде дошт. Бо як нафар собиқ корманди милиса, ки ниҳоят зираку ботаҷриба буд, маслиҳат карда, пинҳонӣ аз пайи ҷустуҷӯйи ҷинояткорон шуданд.

Гулзира он бегоҳӣ “аз мағоза яхмос мехарам” гӯён баромада буд. Полвон-амак баъди кормандони полис бо кормандони мағоза суҳбат кардан худаш пинҳонӣ омада ба корманди мағоза гуфт, ки “агар ягон чизи шубҳанок дида бошӣ, бигӯ, ман ба ту пул медиҳам. Он бегоҳӣ духтари ман омада яхмос харид, ту дидӣ, баъд куҷо рафтанашро аҳамият надодӣ?”. Фурӯшанда ба пулҳо ва баъд ба чашмони хунгирифтаи Полвон-амак нигоҳ карда, тарсида пичиррос зад:

- Он бегоҳ, вақте Гулзира яхмос харида баромад, се ҷавони маҳалла - Осим, Рустам ва Парвиз аз пасаш рафтанд. Ман аз тиреза дидам, ки онҳо бо як мошини “Опел2-и сиёҳ буданд. Рақами мошинро дар ёд надорам. Торикӣ мефаромад. Ростӣ, дигар ба ғайр аз мошини онҳо ягон чизи шубҳаовар надидам.

Роҳе, ки тарафи хона мебурд, хилваттар ва камодам буд. Аз дили Полвон-амак гузашт, ки ин се ҷавони доимо бекор аз муҳоҷират меоянду се моҳ ин ҷо маишат карда рӯз мегузаронанд ва боз гашта мераванд. Шояд инҳо дар роҳ бо зӯрӣ духтари ноболиғашро ба мошин бор карда бурда кушта бошанд. Акнун ҳамаи қисмҳои муаммо дар каллаи Полвон ҷамъ шуданд. Суръати ҳаракати мошин, вақти ҷиноят ва психологияи ин се авбош.

Полвон-амак дарҳол ба хонаи Осим рафт, ки сардори ин даста буд. Дарвозаро падари Осим - Пурдил-амак кушод. Ӯ як пирмарди деҳқон буд, ки ҳанӯз аз фоҷиа ва ҷинояти писараш хабар надошт. Ӯ Полвонро ба хона таклиф кард.

​Полвон-амак хашми мисли вулқони худро зери ниқоби оромиш пинҳон карда, пурсид:

- ​Акаи Пурдил, Осим дар хона аст? Як кори зарурӣ доштам.

​Пирмард оҳе кашида, сарашро ҷунбонд:

- ​Эҳ, Полвонҷон, писарам нест. Рӯзи гузашта, субҳи барвақт бо ду рафиқаш - Рустам ва Парвиз шиносномаҳояшонро гирифтанду рафтанд. Писарам гуфт, ки чун ҳарвакта барои муҳоҷират ва мардикорӣ ба шаҳри Новосибирски Русия меравем, он ҷо кори хуб ёфтем. Рости гап, ногаҳонӣ рафтанашон маро ҳам ҳайрон кард, ҳатто дуруст хайрухуш накарданд. Ҳозир соате пеш занг зад, гуфт, ки сиҳату саломат ба Новосибирск расидаанд.

​Полвон-амак даруни дилаш табассуми талхе кард. Мардикорӣ не, онҳо гурехтанд. Онҳо фикр карданд, ки баҳонаи семоҳаи доимии онҳо - рафтан ба муҳоҷират ин дафъа барои рӯйпӯш кардани қатл хидмат мекунад. Онҳо фикр карданд, ки дар Новосибирск гум мешаванд.

Полвон-амак дилаш гувоҳӣ медод, ки маҳз кушандаҳои духтараш ҳамин авбошҳои маҳаллаанд.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД