goodwell
Ҷазо (ҚИСМИ 2)
145

Дили падар, ки баъзан аз тамоми қонунҳои криминалистика ва тиббӣ-судӣ дақиқтар аст, гувоҳӣ медод: маҳз ҳамин се авбоши маҳалла хуни ноҳақи духтарашро рехтаанд - Осим, Рустам ва Парвиз. Ҳамонҳое, ки солҳо боз дар кӯчаҳо беҳудагардӣ мекарданд, азоби муҳоҷиратро кашида, пули ёфтаашонро дар се моҳ сарфи айшу ишрат менамуданду боз ба Русия бармегаштанд. Аммо танҳо бо гувоҳии дил кор буд намешуд. Исбот лозим буд. Охир, онҳо дар содир кардани ҷиноят ва рӯйпӯш кардани изи худ таҷриба доштанд.

Ин дафъа барои Полвон-амак на қувваи бозу, вале зиракии фавқулода ва сабр лозим буд. Сарчашмаи ин зиракӣ на аз китобҳои детективӣ, балки аз таҷрибаи зиндагии худи ӯ, аз шинохти хислати одамон маншаъ мегирифт.

Ӯ аз падари ин авбош рақами телефони ӯро гирифта, таъкид кард, ки “ака, ба писаратон чизе нагӯед, ман ки ба муҳоҷират равам, худам ба ӯ мегӯям, то дар он ҷо маро дастгирӣ кунад. Ҳоло ғами духтарам маро парешон кардааст”.

Ӯ бо дӯстони дар шаҳри Новосибирск доштааш дар тамос шуд. Рақами ин авбошро ба онҳо фиристода, гуфт, ки ман ба наздикӣ меоям, шумо ин авбошро бо ҳамроҳонаш ёфта, ягон ҷо маҳкам кунед, ман 200 ҳазор сомонӣ медиҳам. Боз 100 сомонии дигар баъди кор.

Ҷавонони баномуси муқими Новосибирск вақте фоҷиаи Полвон-амакро шуниданд, пулро як сӯ гузошта, ба номуси мардӣ қасам хӯрданд, ки қотилонро аз таҳи замин бошад ҳам, пайдо мекунанд. Барои онҳо хуни як духтари ноболиғи ҳамватан аз ҳар чиз баландтар буд.​

Аз байн ду рӯз гузашт. Дар ин муддат ҷавонон дар Новосибирск бо усулҳои хоси худ корро шуруъ карданд. Онҳо тавассути шиносҳои худ дар ширкатҳои алоқаи мобилӣ макони дақиқи телефони Осимро муайян карданд. Маълум шуд, ки сигнал аз як дачаи кӯҳна ва хилват дар канори ноҳияи Кировский меояд.

Полвон-амак ҳамон шаб чиптаи ҳавопайморо ба самти Новосибирск харид. Дар тӯли парвоз ӯ ҳатто як лаҳза ҳам чашм напӯшид. Пеши назараш симои хандони Гулзира, овози ширин ва охирин калимаҳои ӯ - “дадаҷон, ман ҳозир яхмос мехарам, бармегардам” чарх мезаданд. Ҳар як тапиши дили ин падар акнун лаънат ва қасос мехост аз котилон.

​Вақте ки ҳавопаймо дар фурудгоҳи Толмачево нишаст, ҳавои шамолаки Сибир ба рӯяш зад, вале оташи даруни Полвон-амак чунон баланд буд, ки ӯ ин сарморо ҳис намекард. Дар берун ӯро се ҷавони тоҷики баномус ва бовиҷдон пешвоз гирифтанд. Сардори онҳо, ҷавоне бо номи Баҳром ба Полвон-амак наздик шуда, дасташро ба нишони эҳтиром ба синааш гузошт:

- Ассалому алейкум, Полвон-амак. Мо ҳама чизро тайёр кардем. Он се ҳайвони одамнамо дар ҳамон дачаи канори шаҳр ҳастанд. Бачаҳои мо атрофро назорат доранд, онҳо роҳи гурез надоранд.

​Мошин дар назди як дачаи кӯҳна ва нимторик, ки дар байни дарахтони баланди сӯзанбарг пинҳон буд, қарор гирифт. Полвон-амак бо ҳамроҳии ҷавонон вориди ҳавлии камодам шуд. Дар дарун Осим, Рустам ва Парвиз рӯйи фарши хунуки сементӣ, дасту по баста ва латукӯбшуда мехобиданд. Дар чашмони онҳо дигар он ғурури авбошонаи маҳаллӣ набуд, танҳо тарси марг ва ларза дида мешуд.

Вақте Полвон-амак калиди дарро тоб дода, вориди хона шуд, се авбош ба ӯ нигоҳ карданд ва якбора шах шуданд. Онҳо интизор надоштанд, ки падари Гулзира то ин ҷо, ба таҳи замини Сибир аз пайи онҳо меояд.

​Полвон-амак наздик омад. Ӯ ҳеҷ чиз нагуфт. Танҳо аз кисаи куртааш як акси хурди Гулзираро бароварда, дар пеши рӯи онҳо гузошт. Акс аз ашки чашмони падар доғдор шуда буд.

- ​Ба ин акс нигоҳ кунед,- бо овози ҷигарсӯз гуфт Полвон-амак. Ин духтари ман аст. Охирин орзуи ман, ягона гули ҳаёти ман. Шумо бо ин духтари бегуноҳ чӣ кор кардед?

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД