Commerce bank may-june 2026
Ҷазо (ҚИСМИ 4)
294

Фарёди ҷигархароши се авбош дар деворҳои канори шаҳри Новосибирск ба девори хомӯшӣ бархӯрда, бенишон мегашт. Сармои Сибир гӯё ба ин кулбаи пур аз дард даромада, хуни рагҳоро ях мебаст. Пизишки ҳарбӣ бо дастони беҳиси касбии худ асбобҳоро омода мекард.

Вақте ки кордчаи ҷарроҳӣ дар зери нури хираи чароғ дурахшид, Парвиз аз ҳуш рафт, аммо Осим ва Рустам мисли каждуми дар оташ афтода худро ба ҳар сӯ мезаданд.

​Полвон-амак пушташро ба онҳо гардонд. Ӯ намехост ин манзараи нафратоварро бинад. Дар дастони ӯ танҳо ҳамон як ҷуфт гӯшвораи тилоии Гулзира буд. Ӯ гӯшвораҳоро ба лабҳояш мебурд, бӯй мекард ва дар ҳар нафасаш бӯйи оғӯши кӯдакии духтарашро меҷуст. Ашки ҷашмонаш ба рӯйи гӯшвора мечакид.

Аз паси пушти ӯ нолаи даҳшатбор ва ҷонкоҳи Осим баланд шуд. Ин на фарёди одӣ, балки нолае буд, ки мардӣ ва ояндаашро зинда ба зинда аз вуҷудаш ҷудо мекарданд. Пизишки ҳарбӣ коршро бераҳмона ва дақиқ иҷро мекард. Ҷазои сазовори ин ҳайвонҳо маҳз ҳамин буд: онҳо дигар ҳеҷ гоҳ наметавонистанд ба номуси касе даст дароз кунанд, ҳеҷ гоҳ соҳиби фарзанд намешуданд ва ин доғи нангро то гӯр бо худ мебурданд.

​Пас аз ду соат дар хона бӯйи хуни шӯр ва уфунати тарс паҳн шуд. Се авбош, ки акнун комилан ахта ва залил шуда буданд, дар хуни худ метапиданд. Дигар дар ҷисми онҳо мадоре намонда буд, ки фарёд зананд; танҳо нолаи паст ва гулӯгире аз даҳонашон мебаромад.

​Баҳром бо дастмоле хуни дастони пизишкро пок кард ва ба Полвон-амак наздик шуд:

- Кор тамом, амак. Акнун чӣ кор кунем? Инҳоро зинда монем ё дар ҳамин ҷангал дафн кунем?

​Полвон-амак оҳиста ба гашт даромад. Ӯ ба канори Осими ниммурда омад. Осим, ки ҳамеша худро шери майдон медонист, акнун мисли саги кӯчагӣ дар пеши пойи ӯ мехазид. Ӯ бо лабони кафида ва хуншораш калимаҳоро базӯр ҷудо кард:

- Амак, моро бикуш, илтиҷо мекунам, моро бикуш. Бо ин номус, бо ин шармандагӣ чӣ хел зиндагӣ кунем. Моро бикуш.

​Полвон-амак акси Гулзираро аз замин бардошт ва ба рӯйи Осим партофт.

- Не,- қатъӣ гуфт падар.- Марг барои шумо туҳфа аст. Шумо бояд зиндагӣ кунед. Ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа бо ин дарду шармандагӣ бисӯзед. Вақте ки ба кӯча мебароед ва кӯдакони мардумро мебинед, дилатон реш-реш шавад, ки ҳеҷ гоҳ нишоне аз шумо намемонад. Бигзор ин сурати духтари ман то лаҳзаи маргатон дар пеши чашмонатон бошад.

​Муйсафед ба ҷавонон нигоҳ кард:

- Инҳоро ба канори ягон беморхонаи шаҳр баред ва партоед. Бигзор зинда монанд. Зиндагии онҳо акнун аз ҳазор бор мурдан ваҳшатноктар хоҳад буд.

​Полвон-амак ба Тоҷикистон баргашт. Дигар он Полвони бовиқору пурқувват набуд. Қоматаш хам гашта, мӯйҳояш дар давоми чанд рӯз мисли барфи Сибир сап-сафед шуда буданд.

Рӯзи ҷумъа буд. Муйсафед ба утоқи духтараш даромад. Дар рӯйи миз дафтари хотираҳои Гулзира ва як лӯхтаки хурдакаке, ки ҳанӯз дар бачагӣ барояш харида буд, меистоданд. Полвон-амак ба рӯйи бистари духтараш афтод. Вақте ӯ куртаи охирини пӯшидаи духтарашро ба рӯяш кашид, гӯё нафаси зиндаи ӯро ҳис кард.

Муйсафед бо овози баланд чунон гиря кард, ки ҳамсояҳо аз овози нолаи ӯ ба ҳавлӣ омада, ашк мерехтанд. Маҳалла мотам дошт. Ҳама медонистанд, ки қотилон ҷазои худро гирифтанд, вале ин ҷазо гули пажмурдаро дубора зинда карда наметавонист.

​Субҳи рӯзи дигар Полвон-амак ба зиёрати қабри духтараш рафт. Борони реза-реза меборид, гӯё осмон ҳам ба дарди ин падар шарик буд. Мӯйсафед дар сари қабри навбунёди Гулзира нишаст. Хоки тарро бо дастонаш сила мекард, гӯё мӯйҳои духтарашро шона мезада бошад.

- Духтарҷон, он касифон дигар ба ҳеҷ кас зарар расонида наметавонанд. Онҳоро Худо ва виҷдонашон уқубат хоҳанд кард. Аммо дадоятро бубахш, ки дар он шаби шум туро аз чанголи он зишткорон наҷот дода натавонистам.

​Муйсафед сарашро ба рӯйи хоки сарди қабр гузошт. Овози гиряи ӯ бо садои борон ва шамоли баҳорӣ омехта шуд. Ӯ дигар қувваи хестан надошт. Ҷисми хаста ва дили шикастаи ӯ дар ҳамин ҷо, дар канори ягона фарзандаш оромӣ меҷуст.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД