arzon replenishment
Ҳазрати Муҳаммад (С.С) аз назари бузургмардони олам
1223

Рӯзи мубораки Ҷумъа барои тамоми мусалмонони ҷаҳон рӯзи муқаддас, рӯзи қабулшавии дуоҳо ва рӯзи фиристодани салавоту дуруд ба паёмбари Ислом Муҳаммад (с.а.в) маҳсуб меёбад. Маъмулан дар ин рӯз бештари мусалмонон ба ҳабиби Худо дуруд мефиристанд. Бузургии паёмбари ислмро натанҳо аҳли дин, балки дигар нобиғаҳои лам низ эътироф намудаанд. Аз ҷумла дар китоби "Зиндагонии Муҳаммад (с)" (Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал, ҷилди аввал ва дуввум, нашри сеюм. Душанбе 2018, нашриёти "Русская литература") гуфтаҳои бузургон дар бораи паёмбар дарҷ гардидааст. Мо дар ин рӯзи мубораки ҷумъа гуфаҳои чанде аз бузургонро дар бораи Ҳазрати Муҳаммад манзури муштариёни сомонаи Оила. ТЧ месозем.

"Шахсияти Муҳаммад (с) чун пешвои ислом, инак, ҳазору чорсад сол аст, ки дар байни ҷонибдорону мухолифони ӯ баҳсу мунозираҳо меангезад. Вале сарфи назар аз ин мунозираҳо Муҳаммад (с) як инсони фурӯтан, ростқавл, хоксор ва покманишу некмазҳар буда, аксаран ба риёзату ниёиш умр ба сар мебурд. Ӯ дар тӯли зиндагияш аз инсофу адолат, баробарию бародарӣ, дастгирию пуштибонии аҳли ислом пайравӣ мекард ва шукӯҳу ҷалоли зоҳириро намеписандид."
Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

"Афсӯс мехурам, ки ҳамзамонат набудам, о Муҳаммад! Одамизод як бор интихобшудаи худро диду дигар ҳеҷ гоҳ набинад. Бо арзи эҳтироми бузург пешат сар фуруд меорам."
Отто Бисмарк, рейхскантслери Олмон

"Хостам беҳтарини ононеро донам, ки имрӯз дар дили миллионҳо одамон ҳокимияти бебаҳс дорад. Ман комилан боварӣ ҳосил кардам, ки ислом мақоми хешро дар он рӯзгор на бо зӯри шамшер, балки бо матонати софдилона, худфидокунии олии Пайғамбар, содиқона иҷро кардани вазифаи худ, далериву нотарсӣ, имони комил ба Парвардигору рисолати аслии хеш ба даст овардааст.
Роҳи хешро ин гуна муайян кардааст, на ба воситаи шамшер.
Вақте ки ман қироати ҷилди дувуми китоби зиндагонии Пайғамбарро ба анҷом расондам, хеле афсӯс хӯрдам, ки дигар чизе дар бораи зиндагии бузурги Ӯ хонда наметавонам."
Маҳатма Гандӣ
"Ҷони худ дар хатар гузошта бутпарастонро ба ибодати Худои ягона даъват намуду оғоз ба кишти саҳроӣ, зиндагии ҷовидона гузошт.
Ноадолатист, агар мо ӯро ҳамчун одами забардасти таърихи инсоният нашуморем. Мо бояд пайғамбарияшро эътироф бикунему Ӯро фиристодаи Худованд дар замин бидонем."
К. Маркс, файласуф
"Агар сарварии мутлақи олами имрӯза ба инсоне мисли Муҳаммад вогузор мегардид, ӯ дар ҳалли мушкилоти он муваффақ мешуд. Ин дар навбати худ оромиву хушбахтиҳоеро меовард, ки инсоният ба он ин қадар ниёз дорад."
Бернард Шоу, нависандаи бузурги англис
"Ҷойи ҳеҷ шакке нест, ки Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) аз бузургони муслиҳи дунёст, он ҳам муслиҳе, ки ба ҷомеаи башарӣ хидмати шоёне карда ва ин ифтихору бузургӣ барои ӯ бас аст, ки як миллати хунрез ва ваҳширо аз чанголи аҳриманони одати зиштдошта бираҳонид ва роҳи пешрафтро ба рӯйи онҳо боз кард, ҳол он ки ҳар марде натвонад ба чунин коре бузург иқдом кунад ва натиҷа бигирад.
Аз ин рӯ, Паёмбари Ислом сазовори ҳама гуна эҳтиром ва икром мебошад. Шариати Паёмбари Ислом ба сабаби мувофиқати он бо ақлу ҳикмат дар оянда оламгир хоҳад шуд. . Лев Толстой

"… Охирин асаре, ки аз бузургворию азамати худ ошкор сохт, ин буд, ки дар аснои бемории худ, дар рӯзҳои пеш аз марг ба мардум гуфт: "Эй мардум! Ҳар кас, ки ман ба пушти ӯ задаам, ин пушти ман аст, маро қасос кунад. Ҳар кас, ки ба ирзи (шаъну шараф обрӯю эътибор) ӯ носазо гуфтаам, ин ирзи ман аст, ҷуброн кунад. Ҳар кас, ки моле аз ӯ гирифтам ин моли ман аст, аз он бигираду аз душмании ман натарсад, зеро душманӣ кори ман нест.".
Марде се дирҳам аз ӯ даъво кард. Се дирҳамро ба ӯ дод. Пас аз он аз ҷаҳон чашм пӯшиду ин мероси бузурги маънавиро ба ҷой гузошт, ки ҳамеша дар ҷаҳон паҳн мешавад, то Худо гуфтори худро тамом кунад ва дини худро бар ҳамаи динҳо фирӯз созад, гарчи кофирон кароҳат дошта бошанд.
Худо бар ӯ дуруд ва салом фиристад."
Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал
Таҳияи Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД