goodwell
Ба дугонаам бовар накунам? (ҚИСМИ 1)
236

Бисёр зани хушбовар ҳастам, гумон мекунам бадгумонӣ ва аз як кас беҳуда шубҳа кардан одамро мубталои беморӣ месозад… Ростӣ, ҳоло дар зиндагиям як рӯйдоде ба амал омадааст, ки хешу табору пайвандонамро дар ташвиш мондааст. Шаш моҳ боз хусуру хушдоман, падару модар, апаву хоҳари худаму шавҳарам фақат маро насиҳат мекунанд.

Ман ба қароре омадам, ки қиссаи ин навгонии рӯзгорамро менависаму аз хонандагон маслиҳат мепурсам. Охир, беҳуда нагуфтаанд:

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад…

Дугонаҳои ҷамолакӣ

Мо дар оилаамон шаш-ҳашт нафар ба воя расидаем, ду фарзанди калонии хонадонамон духтар буданду ҳамин, ки мактабро хатм намуданд, шавҳар карда рафтанд. Баъди панҷ акаам ман ба дунё омадаам, ки ноздонаю эркаи падару модар ва бародаронам будам. Падари ман раиси ҷамоат, зиндагии серу пуру осоиштае доштем, бародаронам низ дар донишгоҳҳои олӣ хонда, соҳибкасб буданд. Дар ҳамсоягиямон марди подабоне мезист, ки панҷ писару панҷ духтар дошт, ин оилаи серфарзанд камбизоат буданд. Модарам ҳамеша ба модари ин хонадон холаи Идимоҳ ёрӣ мерасонд ва хола низ дар навбати худ ба ҳама корҳои модарам кумак мекард.

Духтари хурдии хонадон Салима ҳамеша бо модараш ба хонаи мо меомад ва мо дугонаҳои ҷонӣ будем. Салимаро он қадар дӯст медоштам, ки бисёри шабҳо гиря мекардам, ки ӯро набаранд. Падарам чизе, ки ба ман харад, барои Салима низ мехарид, мо якҷоя ба мактаб рафтем, дар як синф мехондему сари як миз менишастем. Ба дӯстии мо рашки дигар духтарон меомад, моро бо шӯхӣ Фотима Зуҳро низ мегуфтанд.

Давраҳои кӯдакию наврасӣ пушти сар шуданду ману Салима мактабро хатм кардем. Бародарам ҳардуи моро ба коллеҷи тиббӣ дохил кард, коллеҷро низ якҷоя хондем, пули шартнома, хӯрду хӯрок ва либоси дугонаамро акаҳои ман пардохт мекарданд. Падару модарам низ Салимаро мисли духтарашон дӯст медоштанд. Чун вақти зангирии бародари панҷумам расид, волидон аз ӯ хоҳиш карданд, ки розӣ шавад, то Салимаро келин кунанд. Аммо бародарам гуфт, ки Салима духтари зебо, тозакору хушахлоқ аст, аммо ман ӯро барои худам хоҳар медонам ва ҳеҷ гоҳ ба ӯ хонадор намешавам. Салима низ ин гапро шунида, чанд рӯз қаҳр карда, хонаи мо наомад, ки наход ман ба акаам ба шавҳар бароям? Бо ҳамин дигар волидонамон дар ин мавзуъ даҳон накушоданду акаамро ба духтари дигар хонадор кардем.

Тӯй болои тӯй

Ману Салима хостгорони зиёде доштем. Вақте ба хонаи амаки Одилу холаи Идимоҳ хостгоре меомад, онҳо давида пеши падару модари ман меомаданду маслиҳат мепурсиданд. Баъди домодхушкуниҳои зиёд, маро ба писари акаи янгаи калониям, ки дар пойтахт кору зиндагӣ мекард, ба шавҳар доданд. Салимаро сардухтури ноҳия барои писараш келин кард. Мо пайи ҳам тӯй шуда, порисаи падариро тарк намудем. Салима дар маркази ноҳия зиндагӣ мекарду ҳамроҳи хусуру хушдоману шавҳараш кор мекард. Занҳои бекори деҳа ғайбат мекарданд, ки бо шарафи дугонагӣ бо духтари раиси ҷамоат духтари подабон соҳиби бахт шуд. Аммо ин тавр набуд, Салима духтари қоматбаланди зебо, хушсухану ҳунарманд буд. Сардухтур ва занаш ӯро дидаю санҷида барои писари ягонаашон келин карданд.

Ман ҳамагӣ чил рӯз дар деҳа бо хусуру хушдоманам мондаму баъд ҳамроҳи шавҳарам ба шаҳр кӯч бастем. Шавҳарам тиҷорати мошин мекард ва ҷавони дилёбу корчаллон буд. Дар як муддати кӯтоҳ соҳиби ҳама чиз шудем, ба кор кардани ман ҳоҷат набуд. Мо пайи ҳам соҳиби се писари нозанин ва як духтари хушрӯяк гаштем.

Ману Салима хонадор шуда бошем ҳам, ҳамеша аз аҳволи ҳамдигар хабардор мешудем. Салима дар ҳафт соли зиндагӣ соҳиби фарзанд нашуд. Ӯ зуд-зуд ба Душанбе барои табобат меомад ва дар хонаи мо мемонд. Шавҳарам ҳам бо шавҳараш муносибатҳои нағз доштанд, аммо бефарзандӣ дугонаамро хонавайрон кард. Баъди ташхисҳои зиёд дар як клиникаи бонуфузи Ҳиндустон маълум шуд, ки Салима модар шуда наметавонад. Зану шавҳаре, ки мисли Лайлию Маҷнун якдигарро дӯст медоштанд, дар сина дарди фироқ аз ҳам ҷудо шуданд.

(Давом дорад)

НОЗАНИН

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД