Formula july 2024
Бахт аз мотамхона (қисми 2)
1985

 

Давомаш ... Қисми аввалашро дар ин ҷо хонед.

Дар қади Нишона кӯдак заду хусуру хушдоманаш аз шодӣ дар куртаашон намеғунҷиданд, аммо Асрор парво надошт. Руқия гоҳ-гоҳе ба хабаргирии духтарандараш меомад, вале Нишона бо ӯ дуруст гап намезад.

Нишона дар моҳи нӯҳуми ҳомиладорӣ қарор дошт, ки хусуру хушдоманаш ба як деҳаи дурдаст ба хонаи як рафиқи шавҳараш тӯй рафта, дар бозгашт ба садамаи нақлиётӣ афтида, ҷо ба ҷо фавтиданд.

Рӯзи марги ин ду нафари барояш азиз, Нишона он қадар гирист, ки беҳуш шуда афтод, чун ба худ омад, дар беморхона буд ва ҳис кард, ки тифлакаш дар батни ӯ нест. Духтурон ба вай гуфтанд, ки тифлаш мурда ба дунё омадааст.

Дунё дар назари Нишона торик шуд, шабу рӯз мегирист, на касе хабаргирияш меомад, на касе аз аҳволаш мепурсид. Дар палатаи люкси рӯ барӯяшон зане хоб буд, ки мегуфтанд шавҳараш сарватманд аст. Рухшона духтараки оддие буд ва ҳамеша дилаш ба ҳоли Нишона месӯхт ва барояш хӯрок меовард, сардухтури зоишгоҳ низ зани солори боандеша дилаш ба ҳоли ҷавонзани ситамкашида месӯхт.

Рухшонаро дилаш бемор буд ва ба хотири сиҳату саломат таваллуд кардани фарзандаш моҳи нӯҳуми ҳамлашро дар беморхона сипарӣ мекард. Нишонаро ҷавоб доданд, касе ба бурданаш наомад, боз Рухшона ба имдодаш расид ва ба дасташ пул дод то ба хонааш расад.

Сюрпризи шавҳар

Дар хона ӯро касе интизор набуд, ӯ пушти дарвозаи нақшин қариб як соат интизор монд ва баъд духтараки хоболуде дарро кушода, “ба шумо чӣ лозим?” гуфта пурсид. Нишона бо ҳайрат ба духтар нигариста пичиррос зад:-Ин ҷо хонаи ман аст.

Духтарак бо бепарвоӣ гуфт:

-Агар ту зани Асрор бошӣ, ӯ дигар туро ба хона роҳ доданӣ нест ва маро ба занӣ гирифтааст.

- Нишона,як тараф ист,- гӯён, духтаракро тела карду вориди хонае шуд, ки новобаста аз номеҳрубонии ҳамсар як замон он ҷо хушбахту хушрӯз буд.

Духтарак, ки пеши зебоии Нишонаи хору зор хоки сиёҳ буд, ба хонаи хоби ӯ даромаду соҳиби хонаи хоб, Нишона ба хонаи хусуру хушдоманаш.

Пас аз як соат Асрор болои сараш пайдо шуд, аз афташ маълум буд, ки ӯ низ нав аз хоб хестааст. Нишона ба чашмони сарду бераҳми шавҳараш нигариста гуфт:

- Аз ту як хоҳиш, рафта ҷасади кӯдакамонро аз сардхонаи беморхона гирифта, ба хок супор. Ман аз духтур пурсидам, агар ду рӯз пас наравӣ, онҳо худашон ба хокаш месупоранд, вале он гоҳ мо намедонем дар куҷо…

- Асрор бо писханд гуфт:

- Кӯдаки мурдаро ҳеҷ кас ба хок намесупорад ва ман ин корро намекунам! Ман зан гирифтаам ва ӯ бо ту дар як хона зистан намехоҳад, аз ин рӯ, талоқатро додам. Ту як сағираи почаканда будӣ, дар ин хона ба чиз ҳақ надорӣ, либосҳоятро Гуля ба партовгоҳ бурда партофт. Агар хоҳӣ, худатро ҳам ба партовгоҳ бурда напартоем, аз инҷо гум шав!

Нишона на худашро пеши пойи шавҳар партофт, на зорӣ кард ва на чизи дигар, ӯ аз хона берун шуд ва ба хонаи ҳамсоя, ки дугонаи хушдоманаш буд, даромада аз ӯ маслиҳат пурсид. Дугонаи хушдоманаш, ки ҳамроҳи писару келинаш зиндагӣ мекард, дилаш барои ин сағираи бепаноҳ сӯхт ва ба вай гуфт, ки ақаллан даҳ рӯз бояд ин ҷо хоб кунӣ, баъд як кор мекунем.

Гардиши қисмат

Холаи Гулбаҳор, як зани меҳрубони аз тифлӣ сағирмондае буд, ки аз дори дунё як писар дошт. Дар бистуяксолагӣ бева монда бошад ҳам, ба хотири писари ягонааш шавҳар накард ва духтари хоҳарашро келин гирифта, соҳиби ду набера шуда буд.

Ин зани раҳмгин даҳ рӯз не, чил рӯз Нишонаро чун духтараш пешаш гирифта нишаст, писару келинаш ҳам нисбати ин зани сиёҳбахт хеле меҳрубон буданд. Вале Нишона духтаре набуд, ки аз ин меҳрубонӣ сӯистифода кунад, барои ҳамин баъди каме ҷон гирифтан, аз хола иҷозат хоста ба зоишгоҳ рафт.

Мехост аз ҳамон зани барояш меҳрубон, сардухтур Гулноз Аброр хоҳиш кунад то барояш коре биёбад, зеро аз модарандараш бӯйи умед надошт. Сардухтур ӯро ба хубӣ қабул намуда гуфт:

- Рухшонаро ёд дорӣ?

- Бале,- гуфт дар ҷавоб Нишона.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД