Баргузории Барномаи омӯзишии омори кишоварзӣ
03.11.2025
Oila.tj
133

Бо ибтикори Сарраёсати Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА), Институти омори Туркия (ТУИК) ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Барномаи омӯзишии омори кишоварзӣ баргузор гардид.

7_10

Дар доираи барномаи мазкур барои кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш оид ба мавзуҳои барӯйхатгирии кишоварзӣ, истеҳсоли растанӣ, чорводорӣ, ҷангалпарварӣ, нишондиҳандаҳои иқтисодии бахши кишоварзӣ ва омори нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.

2_48

Барномаи серӯза барои рушди ҳамкориҳо дар самти омори кишоварзии Туркияву Тоҷикистон ва афзоиши иқтидори оморӣ равона шуда буд.

8_8

Дар маросими супоридани шаҳодатнома, ки дар охири барномаи омӯзишӣ баргузор гардид, Консули Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалит Ислам Тари, Муовини аввали директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло ва Ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал иштирок карданд.

6_20

Консули Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалит Ислам Тари ва Ҳамоҳангсози ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал дар маросим ба ҳамкориҳои қавии Туркия ва Тоҷикистон таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин барнома саҳми назаррасе дар рушди муносибатҳои ду кишвар дар соҳаи омор гузоштааст.

3_43

Муовини аввали директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло аз ҳамкории рушдёбанда бо Туркия изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки чунин омӯзишҳо дар инфрасохтори омории Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.

9_7

Интизор меравад, ки ҳамкориҳои Туркияву Тоҷикистон дар бахши омор оянда густариш хоҳанд ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД