Arzon march 2024
Баррасии ҷалби ширкатҳои фаронсавӣ ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
30.10.2024
Оила.ТҶ
841

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл вохӯрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои Кумитаи мазкур, зимни вохӯрӣ аз ҷониби раиси Кумита ба меҳмонон вобаста ба фазо, имкониятҳо ва механизмҳои ҷалби сармоягузорӣ дар кишвар маълумот дода шудааст. Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби ширкатҳои фаронсавиро ҷиҳати сармоягузорӣ дар самтҳои энергетика, маъдан, туризм ва рақамикунонии кишвар мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд иброз намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД