orienbank akciya
Бе падар нестам! Қисми 3
1636

Моҳира таърихи аз модараш дар бораи падараш пурсидан ва чӣ гуна зери тозиёна гирифтани ӯро ба Бақозода нақл карда, гирякунон гуфт:

-Шумо муаллимҷон ба модарам чизе нагуфта, ақаллан як маротиба падарамро ба мактаб оред. Ман ӯро дидан мехоҳам. Як боракак биёяд, ман ӯро ба ҳамсинфонам нишон диҳам, бас аст.

Бақозода хеле ба андеша рафта, гуфт:

-Ин тавр бошад, як маслиҳат мекунем, вале дар ин бора ту ба касе чизе намегӯӣ.

-Ман розиям муаллимҷон, ҳарчӣ шумо гӯед, гӯш мекунам ва ба касе намегӯям,-илтиҷоомез гуфт, Моҳира.

Бақозода сари ӯро силакунон гуфт:

-Дигар модаратро ғам надеҳ. Дар бораи падарат ҳам, аз ӯ напурс. Ман падаратро меёбам ва ҳатман ба мактаб меорам. Бигзор ин сир байни ману ту монад. Ту розиӣ?

Моҳира бо табассуми кӯдаконааш шодикунон гуфт:

-Ман розиям, муаллимҷон. Вале шумо ба ваъдаатон вафо мекунед?

-Ту ваъда деҳ, ки нағз мехонию модаратро ғам намедиҳӣ, –гуфт Бақозода.-Чунон хон, ки падарат аз чунин духтари доно ифтихор кунад. Ман бошам, шуморо ба дидори ҳамдигар мерасонам.

-Муаллимҷон, ман нағз мехонам, вале шумо кай падарамро меоред? –Моҳира боз ба саволи Бақозода бо савол ҷавоб дод.

Бақозода сари ӯро сила карда, гуфт:

-Бисёр не, як моҳ интизор шав. То охири моҳ туро ба дидори падарат мерасонам.

-Хуб, муаллимҷон,-Моҳира «ура, ура» гӯён, аз дар баромад.

Воқеан баъди ин сӯҳбат Моҳира ба куллӣ тағйир ёфт. Агарчӣ Сайёра аз сӯҳбати Бақозодаву Моҳира огоҳ буд, вале дар чӣ бора сӯҳбат кардани онҳоро намедонист. Ӯ тағйироти равонӣ ва аз нав пайдо шудани шодмониро дар чеҳраи Моҳира дида, хурсанд шуд, ки Бақозода тавонистааст духтарашро бо насиҳатҳояш ба ҳаёти нав баргардонад, вале ӯ намедонист, ки ин ҳама тағйирот, аз умеди дидор бо падар ба вуҷуд омадааст ва воқеан чун сир миёни муаллиму хонандаи синфи ду ба таври шифоҳӣ имзо шудааст. Сирре, ки ҳарду аз Сайёра то охир пинҳон доштанд. Баъди ин сӯҳбат на танҳо вазъи равонии Моҳира тағйир ёфт, балки хонданаш дигар шуда, ӯ аз нав духтари аълохон шуд. Ҳар рӯз дар хона модарашро маҷбур мекард, ки ба дарсҳои ӯ ёрӣ диҳад. Сайёра бо дилу ҷон ҳар хоҳиши ӯро иҷро мекард.

Аз ҳама аҷиб он буд, ки Моҳира дигар аз модар дар бораи падар чизе намепурсид. Сайёра агарчӣ сабаби хурсандии духтарашро намедонист, худ низ хурсандӣ мекард. Вале Моҳира ғоибона ҳар рӯз барои расидан ба дидори падар омода мешуд. Дақиқаҳо дар назди оина истода, мӯйҳояшро шона мекард ва ба тартиб медаровард. Барои зебо бофтани мӯй аз модараш кӯмак мехост. Рӯзи ғайб задан низ ӯ худро хеле ороиш дода буд. Ба назар чунин мерасид, ки ба ягон чорабиние омодагӣ мегирад...

Бақозода ба ваъдаи ба шогирд додааш вафо карда, баъди чанд рўз ба падари Моҳира занг зада, вазъиятро ба ӯ фаҳмонд. Асрор, ки хеле муштоқи дидор бо фарзанд буд ва борҳо ба воситаи Бақозода ба онҳо кӯмак карданӣ шуда буду Сайёра онро қабул накарда буд, гуфт:

-Муаллим чӣ маслиҳат медиҳӣ? Ман чӣ кор кунам? Вақте духтарам ғайрат карда, ба дидори ман омода шудааст, бояд ӯро ноумед накунем. Агар имрӯз аз ин имконият истифода набарем, фардо дер мешавад.

-Ту падари қонунии Моҳира ҳастӣ,-гуфт Бақозода. Ҳарчанд шумо зану шавҳар бо қарори суд расман ҷудо шудаед, вале суд рафтуои туро ба он хона манъ накардааст. Ту ҳақ дорӣ бо фарзандат вохӯрӣ. Роҳи ягона ин аст, ки ту ӯро медуздӣ ва барои хавотир нашудани Сайёра мактубе навишта, ӯро огоҳ мекунӣ ва баъди ду– се рӯз пас меорӣ. Сайёра ҷуз ба тақдир тан додан роҳи дигар надорад. Зеро Моҳира калонак шуд. Ӯро дигар бо задану кӯфтан нигоҳ дошта намешавад. Вақте Сайёра мебинад, ки шумо падару духтар дӯст шудед, ҷуз созиш роҳи дигаре намебинад.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД