formula
Бемории хоҳар динамро дигар кард
2189

 

Соли 1998. Осори ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз боқӣ монда буд. Камбудии нон, набудани шароити хуби иқтисодӣ дар ҳар як оила баръало дида мешуд. Гурӯҳе аз мардон барои пайдо кардани қути лоямут роҳи муҳоҷиратро интихоб мекарданд. 

photo_2023-12-22_14-43-27

Аммо ман мушкилии дигар доштам. Мехостам бо кадом роҳе набошад, хоҳарамро аз чанголи беморӣ раҳо созам. Шаб то субҳ дар фикри пайдо кардани маблағ мешудаму рӯзона дар ба дари беморхонаҳо даво меҷӯстам...

            7 фарзади падару 1 модар

Дар оилаҳои тоҷик баъди аз сар гузаштани падар зимоми оиларо дар дасти фарзанди калонӣ медиҳанд. Ман, ки дар оила фарзанди калонӣ будам, баъд аз марги мармузи падар масъулияти падариро ба дӯш гирифтам. Хотирам ҳаст, ки қариб ҳар сол дар хонаи мо тифл ба дунё меомад.  

кудакон

Ман ки кӯдаконро зиёд дӯст медоштам, таваллуд шудани онҳо бароям хушбахтии дигар ҳадя мекард, вале ҳеҷ гоҳ таъмини онҳо то кадом андоза мушкил аст, дар гӯшаи хаёлам намеомад. Модарам то дами зинда будани падарам дар ҷое кор намекард. Ӯ танҳо ба тарбияи фарзандон машғул буд...

Рӯзҳои сахти бепадариро бештар ҳис мекардам, аммо...

Акнун зарур омад, ки баъд аз дарс ман ба ҷустуҷӯи кор бароям. Дар дастам ҳамеша як сумкаи латтагин буд ва дохили он як пораи матоъ, 3 чуткаи пойафзолтозакунӣ ва ду малҳам, яке рангаш сиёҳ ва дуюмаш хокистарӣ буд, бо худ мегардонидам. Агар раваду ҷои хилват ёбам, матоъро тунук карда чуткаву малҳамҳоро болояш мегузоштаму аз мардон даъват мекардам, ки биёянду пойафзолҳояшонро тоза кунанд. 
падари чавоннн

Гоҳе, агар ин корам барор намегирифт, ба назди бозорҳо рафта, сумкаи пурбори якеро мебародштам ва бо ҳамин корҳои майда чуйда пул ба даст оварда, рӯзгори хонаводаро пеш мебурдам. 

Кӯшиш мекардам, ки вақти хӯрдани хоҳаракону додараконам аз дастурхон дуртар истам, то ки онҳо сер шаванду модарамро ғам надиҳанд. Вале диққат медодам, ки модарам ғами маро мехӯрду гоҳҳе пораи нони калонтарро ба назди ман мегузошт, то ки шикамам сер шаваду қуввати кор кардан пайдо кунам... 

Хоҳарамро бетоқат мешуду падар меҷӯст...

Хоҳарам Меҳрона (ном бо хоҳиши қаҳрамон иваз карда шуд), ки бештар бо падарам бозӣ мекарду падарам бештари вақти холиашро бо ӯ мегузаронд, набудани падарро ҳис мекард. Аз модарам зуд-зуд дар куҷо буданашро мепурсид. Оча, падарам кай меояд, оча падарамро куҷо бурданд, оча гуфти, ки ӯ ба кор рафту боз меояд, чаро намеояд, ҳамин саволҳои кӯдакона зиёд медод ва аммо ҷавоби мушахасе намегирифт. Баъзан вақт модар ҳушашро ба дигар чиз банд кардани мешуду ягон ширинӣ пинҳони аз дигар фарзандонаш медод. Гоҳе вақте дигар супориш медод, ки либосҳои додараконашро таҳ карда, хонаро ғун дорад. Вақтҳое мешуд, ки ба ҳар баҳона гиря мекард ва шабона хоби нором дошт.

девушка гир дора

Рӯзона дар кор будам ва шабона аз хастагӣ хобам мебурд, вале баъзе шабҳо дар гиряҳои хоҳарам бедор мешудам, ки шикоят аз дард мекард. Модарам аз ӯ ҳар лаҳза мепурсид:  “Куҷоят дард мекунад, пуштат ё шикамат?”.  Ӯ ин саволҳоро бо овози паст мепурсид, то дигар кӯдакон аз хобашон бедор нашаванд. Гоҳҳо худро ба хоб мегирифтам ва гоҳи дигар болои сараш то сокит шудани дард менишастам.

Доруҳои зидди дард медодем, бо тавсияи кампирони ҳамсоя чанд маротиба ба назди муллоҳо барои дуохонӣ бурдем, аммо дардаш чанд рӯз кам мешуду боз хуруҷ мекард. Меҳрона бештар дар бистар буд. Кори хонаро анҷом дода наметавонист. Ҳамсояҳо мегуфтанд, ки ӯ ғамбемор аст ва падарашро ёд кардаасту ин ҳолат мегузарад. Аммо саломатии ӯ маро нигарон мекард.  

photo_2023-12-22_14-46-37Модарам маслиҳат дод, ки бояд ӯро ба назди духтур барем. Аммо бепул чӣ гуна ба беморхона меравем?

                        Дарду дар ба дарӣ

Баъдтар зарур шуд, ки шабона ҳам ба корҳои илова машғул шавам. Дар бозорҳо мегаштам, то мошинҳои пурбор маро барои фаровардани борашон киро намоянд. Ҳамаи ин ба хотири муолиҷаи хоҳарам буд. Каме маблағ кор кардаму аз шиносҳои падарам суроғаи духтури шинос ва соҳибкасбро пайдо кардам.

Он солҳо пайдо кардани мошин хеле душвор буд. Ҳама аз деҳа то роҳи марказӣ, ки тақрибан 4 километр роҳ буд, пиёда тай мекарданд ва ману Меҳронаву модарам саҳари барвақт ба роҳ баромадем. Баъд аз муоинаи духтур маълум шуд, ки як гурдаи хоҳарам аз андозаи муқаррариаш хурд шуда истодааст ва бояд ба хотири гурдаи солими хоҳарамро аз даст надодан дар зери назорати духтур бошад. Мо розӣ шудем, тамоми муоинаҳоро гузаштем ва табобатро оғоз кардем...

капленитса

Даҳ рӯзи аввал табобат зери назорати духтурон гузашту Меҳронаро рухсат карда, ба хона овардем ва табобатро бо доруҳои таъиншуда идома додем. Бояд тибқи маслиҳати духтурон ҳар моҳ муоинаи такрорӣ мегузаронидем. Аммо на ҳамеша дар вақти таъиншуда ба духтур бурда метавонистем. Чунки рӯз ба рӯз таъмини фарзандони падар мушкил мешуду пайдо кардани маблағ осон набуд.

Саломатии хоҳарам маро ба дунёи дигар бурд

Талаботи рӯзгор зиёд мешуд. Дар як ҳафта бояд ман раған, биринҷ, каротошкаю пиёзу сабзӣ, собун мехаридам. Дар як моҳ ҳадди ақал 1 ё 2 пойафзол мехаридам. Хулоса, намедонистам, ки кадом камбудиро баробар кунам. Кори даромаднок меҷӯстам, аммо канӣ чунин кор, ки ҳамаи мушкилиҳои рӯзгори маро бароварда созад?

мард сухбат_1

 

 

Дар кӯчаҳо гоҳҳо занҳо маро ба ким чӣ хел ҷаласаҳо даъват мекарданд, китобҳои ройгон медоданд, ки онро мутолиа кунем ва саволҳои пай дар пай ҳам медоданд, аммо бо сабаби мушкилиҳоям вақти гӯш кардан надоштам.

Рӯзе маро ба як маҳфил даъват карданд ва гуфтанд, ки хӯроки ройгон медиҳанд ва барои иштирок роҳкиро низ медиҳанд. Намедонам чаро якбора розӣ шуда, дар вақти ваъдагӣ ба онҷо ҳозир гаштам...

Зиндагӣ пойбанди молу мулк будааст

 

Хонаи на онқадар боҳашамат, вале орому сокит. Чеҳраҳои гуногунмиллат, миёнашон тоҷиконро низ вохӯрдам. Дар ҳар гӯшае ду нафарӣ ё се нафарӣ паст –паст суҳбат мекарданд. Касе ба касе аҳамият намедод. Ман бошам бо нигоҳҳои канда - канда ба ҳар гӯша чашм медавондам.

“Ман куҷо омада бошам, кай маҷлис мекарда бошанд ва кай маро роҳкиро медода бошанд, то фармудаҳои модарамро, ки пеш аз хона баромаданам 1 собуни либосшӯӣ, 1 собуни саршӯӣ, 2 киллограмм макарон ва агар пулам расад, 1 киллограм қанди сафед гуфта буд, бубарам...

зиндаги маро ба роихи дигар бурд

Баъд аз 20 дақиқаи интизорӣ ҳамон нафаре, ки маро ба ин маҳфил даъват карда буд, ҳозир шуд ва гуфт, ки 10 дақиқа пас вохӯрии мо оғоз мешавад. Ҳанӯз даҳ дақиқа нагузашта буд, ки ҳамон нафар бо як бонуи хушандом ва хеле хушмуомила ба назди ман омаданду маро ба ӯ шинос кард. Ин одами ман ва ӯ аъзои нави гурӯҳи мо хоҳад шуд. Шароити зиндагиаш хеле вазнин аст ва мехоҳад, рӯзгори худу фарзандони падарашро, ки бар зиммааш аст, пеш бубарад. Давоми шиносоиро худатон суҳбат кунед гуфту бо узрхоҳӣ аз назди мо дур шуд...

Вохӯре, ки маро ба олами ғайб ва пур аз нишот бурд  

Бону бо як эҳтироми хоса суҳбат мекард. Ман ки бо чунин бонуҳои зебо ва ородода шуда дар умрам якумбор ҳамсуҳбат шуда будам, ҳамон замон хеле мафтунаш шудам. Ӯ аз нигоҳҳои ман пай бурдагӣ барин нигоҳашро аз ман мегурезонд ва барои тасдиқи фикраш аз ман пурсон мешуд ҳамин тавр не? Бале мегуфтам, вале гоҳе намедонистам, чаро бале гуфтам.

мардддд

Ӯ ба ман хуб шудани зиндагии оянда, кушода шудани мушкилиҳо ва ҳатто табобати Меҳронаю сафарҳои хориҷаро кафолат дод. Ман ба хотири саломатии хоҳарам розӣ шудам, ки дар ҳама вохӯриҳо иштирок мекунам. Он солҳо танҳо телефонҳои хонагӣ буд ва ками андар кам одамон телефонҳои ҳамроҳ доштанд. Аз он ки ман доштани чунин телефонро ҳатто орзу намекардам, ин бону ваъда дод, ки агар дар маҳфилҳои мо иштироки фаъол дошта бошед, мо ба шумо телефон ҳадя мекунем.

Баъди аз маҷлис берун шудан, ба фикр фурӯ рафтам ва чанд рӯз ҳис мекардам, ки бояд қарори қатъӣ барорам, ҳарчанд ба онҳо дар иштироки ояндаи худ ваъда дода будам. Медонед, барои он ки ман ба чунин зиндагӣ ноил шавам, бояд пайравӣ аз дини онҳо мекардам...

       Аз мушкилиҳо берун шудам, аммо...

Аз байн 8 моҳ гузашт ва зиндагии ману рӯзгори фарзандони падарам дигар шуд. Модарам мепурсид, ки ту чӣ кор мекунӣ, ки ин қадар даромади хуб дорӣ, вале ман аз бисёр будани корам ва маблағи хуб додани корфармо мегуфтам. Чанд бор хостам, ки иқрор шавам, вале тарсидам, ки мабодо модарам аз баҳрам гузарад, зиндагии баъдинаи ман чӣ мешавад?

бехбуди

Ростӣ, зиндагии ман рӯз ба рӯз хуб шудан гирифт. Онҳо дар баробари ғизо ҳамчунин либос, доруворӣ, маблағи муайян ҳам медоданд. Як рӯз он бонуе, ки аз зиндагии ман огоҳ буд, ба ҳуҷраи кориаш даъват карду гуфт:

Мо лоиҳаеро роҳандозӣ намудем, ки дар доираи он аъзои фаъоламонро ба муолиҷаи ройгон фаро гирем ва ё ба кишварҳои хориҷ барои табобат фиристем. Шумо гуфта будед, ки хоҳаратон бемор аст, анкета пур кунед ва онро баррасӣ мекунем ва хоҳаратонро ҳамроҳи як ё ду нафар аз пайвандонатон ба хориҷа мефиристем. 

Тасаввур намекунед, ки ман чи қадар хурсанд шудам, ҳатто аз хурсандӣ ашк аз чашмонам беист ҷорӣ мешуд, ки саломатии хоҳарамро барқарор мекунем, аммо як мушкилии дигар пешорӯи ман меистод. Ман ба модарам чӣ мегӯям? Ӯ маро аз ин ва баъд чӣ гуна қабул мекунад ва ба ҳамин монанд ҳазор саволи беҷавоб...

Омадам ба хона ва интизор шудам, ки ҳамаи хоҳару додараконам хоб кунанд ва дар ин масъала бо модарам ҷиддӣ сӯҳбат кунам ва ҳамин тавр ҳам шуд. Пеш аз ҳама табобати Меҳронаро нақл кардам, ки баъди ин сафарамон дигар на дору мехарему на ба назди духтурон меравем, ӯ сад дар сад тансиҳат мешавад.

Модарам аз ин хушхабар хурсанд шуданд ва маблағи сарфмешударо пурсиданд. Аммо гуфтам, ки ин ройгон аст ва дар доираи як лоиҳа чунин ташаббус гирифта мешавад, вале боз ҳам пинҳон доштам, сарчашмаи лоиҳа ва табобати ройгонро...

                   Ибодати пинҳонӣ

Дар хонаи мо ҳама намоз мехонданд, модарам, ман Меҳрона ва додарам. Аммо ман дар вақти намозҳо намоз мехондаму нимашаб пинҳонӣ ибодати дигар мекардам, то ки ба ин дин низ хиёнат накунам. Дар миён монда будам, чунки тибқи талаботи дини интихоб кардаам, бояд вақтҳои ибодат ба иботагоҳ мерафтам. 

_8

Хеле бароям мушкил буд, гоҳҳо метарсидам, ки ба ғазаби Худо гирифтор нашавам ва гоҳи дигар ба ин тарзи зиндагӣ нафрат пайдо мекардам. Аммо чӣ илоҷ намехостам, модарам аз ман рӯй гардонаду на аз ризқу рӯзии фарзандони падарам бимонам.

 

Рахти сафар бо умеди шифоёбӣ

Ман тамоми ҳуҷҷатҳои гуфтаашонро пешниҳод намудам ва рӯзи сафар муайян шуд. Вале бояд ё ман мерафтам ё модарам, чунки кӯдакони дигар дар хона бесарпаноҳ мемонаданд. Аммо дар он ҷо гуфтанд, ки барои ҳарсеи шумо мо тамоми шароитро муҳаё кардаем ва бе дудилагӣ сафар кунед. Аз холаам хоҳиш кардам, ки хоҳару додараконамро дар хонаи худаш нигоҳубин намояд, баъди амалиёти ҷарроҳӣ пештар аз модарам баргашта меоям.

Маслиҳат дуруст шуд ва мо рафтем ба яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки сатҳи хуби кориашон дар ҷаҳон шинохта шудааст. Ташхисҳои дар Тоҷикистон қаблан доштаи моро қабул накарданд ва аз нав муоинаи худашонро гузарониданд.

Баъд аз муоинаҳо гуфтанд, ки гурдаи бемораш аллакай хурд шудаасту эҳтимоли ками барқарор кардани он вуҷуд дорад. Модарам аввал розӣ нашуд, вале ба хотири он ки мо барои саломатии Меҳрона омада будем, илоҷи дигар надошт.

Рӯзи ҷарроҳӣ муайян шуд ва Меҳронаро бурданд барои амалиёт ва ману модарам пушти дарҳои бастаи ин шуъба мондем. Чор соат гузашт ва Меҳронаро аз назди мо гузаронида бурдан ба шуъбаи эҳё. Чанд соат он ҷо буд ва зери дастгоҳи нафаскашӣ бо беморӣ дастбагиребон буд. Духтурон гуфтанд, ки мо тамоми имкониятҳои доштаамонро истифода бурдем ва муайян кардем, ки гурдаи хурдшуда дар бадан набояд истад, чунки таъсири манфиашро ба гурдаи сиҳат мерасонад ва ба ҳамин хотир гурдаро гирифтем...

Модарам бо шунидани ин хабар хеле гирист ва зери лаб мегуфт, ки ӯ бо як гурда чӣ гуна фарзанд ба дунё меорад? Ӯро дар бағал гирифтаму ором кардам, ки ҳамааш ба хотири саломатии Меҳронаҷон аст ва духтурон ҳеҷ гоҳ бар зарари бемор кореро анҷом нахоҳанд дод.

Баъд аз ҳуш омадани хоҳарчаам, духтурон ба мо ҳамаашро фаҳмониданд ва модарам ором шуду баъди тамом шудани муолиҷаи муайяншуда ба Ватан баргаштем...

         Модарам маро аз хона пеш кард...

Вақте мо ба Ватан баргаштем, ҳамаи ҳолатро ба модарам нақл кардам. Модарам ончунон ба хашм омад, ки тамоми суханҳои пасту баландро гуфт ва маро фурӯхташуда ном монд. Ӯ бархурди сахт кард ва маро аз хонаамон пеш карду гуфт:

- Ман дигар намегузорам, ки паи қадами ту болои фарзандони ман бошад. Агар хоҳӣ, ки ман аз ту розӣ бошам,тавба кун, намоз хон ва аз Худо мағфирати гуноҳҳоятро бипурс!

Аммо ман ин гуфтаҳоро иҷро карда наметавонистам, роҳи баргашт надоштам. Ман аллакай аъзои фаъол будам ва баргаштанамро ҳеҷ гоҳ намебахшиданд. Аз сӯи дигар, агар бармегаштам, зиндагии хонаводагии мо дар кадом сатҳ мешуд, чӣ гуна ва бо кадом роҳ фарзандони падарамро мехӯрондаму мепӯшонидам?

хона пеш кар_1

Хулоса, аз хона баромадаму ба хонаи як дӯстам рафтам, ки ӯ ҳам аъзои мо буд. Оилаи онҳо ҳама пайравони он дин буданд ва муносибаташон хеле самимӣ буд. Модараш гуфт, ки дили модар меҳрубон аст ва туро мебахашд, танҳо барои ором шуданаш каме вақт лозим аст. Бояд аз аҳволи кӯдакон бохабар шавӣ, зеро онҳо манбаи даромад надоранд ва бе либосу ғизо азоб мекашанд. Ман суханҳои ӯро иҷро карда, ҳар рӯз ягон хӯрданӣ меовардаму аз дарвоза дарун гузошта, мебаромадам.

Чунин ҳолат як ҳафта давом ёфт. Ахиран модарам маро ба хона даъват кард ва пурсид, ки “аз роҳат бармегардӣ ё не? “

photo_2023-12-22_14-41-31

                Ба ӯ ниҳоят ҳамаашро фаҳмонидам...

Хулоса, маро бахшид, вале ҳис мекардам, ки дилаш хиҷил аст. Баъд аз ин бархӯрд ҳис кардам, ки модарам ба хоҳаронаш аз гаравиданам ба дини дигар гуфтааст. Зеро холаҳоям вақте ба хонаи мо меомаданд, ба ман сахтгӯӣ мекарданд ва мазҳабфурӯш ҳам мегуфтанд. Аммо барои ман ин муҳим набуд, чун шароити зиндагиамон хуб шуда буд, Меҳронаҷони мо саломатиашро барқарор кард, ман бошам зуд – зуд сафари кишварҳои хориҷӣ мекардам.

Бачахолаҳоям маро зери мушту лагад гирифтанд

Аслан оилаи мо аз як минтақаи дурдасти кишвар ба марказ кӯч баста будем, ки сабаби он иваз шудани ҷои кори падарам буд. Волидони модарам рӯҳонии сахт буда, эҳтироми хоса миёни мардуми деҳа доштанд. Вақте овоза шуд, ки ман динамро иваз кардам, нисбатам  бадбинӣ ва таҳдиду дашномҳо буд.

бачаи хола

Ҳатто як рӯз холабачаҳоям маро зери мушту лагад гирифта, биниамро шикастанд. Аммо чизе раҳи маро нагирифт. Ман дар дини нави худ боқӣ мондам.

 

 

То имрӯз зиндагии ман зери хатар аст

Ҳоло бо кӯмаки ман фарзандони падарам соҳиби маълумот шудаанд. Аксарияташон аллакай хонадоранд. Ҳарчанд аз камбудии рӯзгор шикояте надорам, аммо эҳсос мекунам, ки муносибат бо одами динашро ивазкарда осон нест. Оре, тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳар кас дар интихоби дину мазҳаб озод аст, вале воқеият чизи дигар мегӯяд...

       Ба дини наваш содиқ мемонад, агар...

виркан

Ин ҳолатро, ки дар Тоҷикистон гумон меравад ягона нест, ба баррасии Виркан Музаффарпур, муаллими калони кафедраи диншиносии факултаи фалсафаи ДМТ, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузоштем. Ӯ ба суоли пешниҳодкардаи мо чунин ҷавоб дод: “Маъмулан, ҳар нафаре, ки аз рӯи ғараз, “иҷбор” ё норасогии иқтисодӣ ва барои ҳалли ягон мушкилии дунявии худ дин ё равияашро иваз мекунад, ба дини наваш низ бешубҳа содиқ ва вафодор намемонад. Вале агар шахс ба хотири ҳалли мушкили руҳонӣ ва дарёфти ғизои маънавӣ ба дини дигар рӯ оварда бошад ва дар он дини нав ҷавоби хостаҳои маънавияшро пайдо кунад, ба ин дини интихобкардааш содиқ буданаш имкон дорад”.

Аз идора: Манзур аз омода ва пешниҳоди ин матлаб дар он аст, ки дар аксари ҳолат инсон барои аз вазъ берун шудан ба коре даст мезанад, ки худаш намехоҳад, вале ба мардум ин ҳолати худро гуфта наметавонад, бо вуҷуди он ки зери санги маломат меафтад, ё зери мушту лагад мемонад. Дар ҳама ҳолат ҷомеа бояд таҳаммулпазир бошад, зеро на ҳама амалҳое, ки инсонҳо анҷом медиҳанд, ба хоҳиши худашон сурат мегирад.

Ба хотири амнияти ҳамсуҳбат ҷои зист ва номи эшонро махфӣ гузоштем. 

Маҳина Давлатова  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД