Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2024
1914

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Бо вуҷуди душвориҳо бурдбориҳои зиёд ба даст меоред ва имкони ба вазифаи баландтар ноил гаштанатон фароҳам меояд. Ба гапи нафароне, ки бо маслиҳатҳои худ шуморо аз роҳ мезананд, гӯш надиҳед. Дар ҷодаи муҳаббат ягон тағйирот дида намешавад. Саломатиятон чандон бад нест, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи нав бароятон вазнину дилгиркунанда меояд, корҳоятон дар баробари зиёд будан фавран бояд ба анҷом расонида шаванд. Нимаи дуюми рӯз барои сафарҳо мусоид аст. Дар масъалаҳои пулӣ бояд сарфа кардани маблағро сар кунед, рӯзҳои наздик ба пул эҳтиёҷатон зиёд мегардад. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур сохта, табъи худро хуш нигоҳ доред, вагарна хаставу бемадор мегардед. Ғизои фоиданок истеъмол намуда, бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз дар хонаву ҷои кор бояд мустақилона қарорҳои муҳимро тарҳрезӣ намоед. Фикру ақидаи шумо ба атрофиён писанд намеояд, вале ба ин чиз диққат надиҳед. Агар шумо роҳбар бошед, нисбати зердастони худ аз ҳад зиёд серталаб набошед ва дар баробари ин, уҳдадориҳои худро ба дӯши дигарон бор накунед. Камбудиву мушкилоти ҷиддиро ба ғайри худатон касе беҳтар рафъ сохта наметавонад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз дар хонаву ҷои кор душвориҳо сар мезананд. Муносибат бо наздикон бад гашта, шубҳаву гумони баде, ки дар дил доред, дар амал татбиқ мегардад. Аз ин лиҳоз, эҳтиёткор бошеду фикру нияти нек кунед. Нисбати мушкилоти фарзандон низ фориғболӣ накунед. Бо нафаре, ки дӯсташ медоред, забон ёфтанатон душвор мегардад. Вақте расидааст, ки аз пайи табобати бемориҳои музмин шавед. Ба наздиконатон, ки аз шумо кумак мепурсанд, то ҷое имкон доред, мадад расонед.

Асад (23 июл-23 август)

Ба садои қалб гӯш диҳед, он гоҳ неруи худро ба самти даркорӣ равона месозед. Наздикон ва аҳли оила ба маслиҳати шумо ниёз доранд. Эҳтимоли яку якбора тағйир ёфтани нақшаҳоятон дар назар аст. Дар чунин ҳолатҳо танҳо ба қувваи худ умед бандед, маслиҳати бегонаҳо вазъиятро душвортар месозад. Аз нафароне, ки роҳҳои ба осонӣ ба даст овардани пулро пешниҳод мекунанд, худро дур гиред. Нафарони муҷаррад аз вохӯрии ногаҳонӣ бахти худро меёбанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Ҳодисаҳои ногаҳоние, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, қисми зиёди нақшаҳоятонро халалдор месозанд. Диққати бештари худро ба ҳамкорони тиҷоратӣ ва шахси дӯстдошта равон созед. Танҳо бо ҳамин роҳ шумо муносибатҳои вайронгаштаи худро ба эътидол оварда метавонед. Барои он ки кисаатон б пул намонад, пулро боақлона сарф намоед. Нафарони муҷаррадро ишқи тоза неру мебахшад. Нимаи дуюми рӯз аз пайи мустаҳкам сохтани масунияти бадан шавед, бештар дар ҳаракат бошеду меваи зиёд истеъмол кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Вақте расидааст, ки чизҳои нодаркорро аз хонаи худ партоеду тарсу ваҳмро аз сар дур созед. Ташвишу корҳоятон хеле зиёд мешавад. Агар дар атрофатон нафароне бошанд, ки нисбаташон эътимод надошта бошед, беҳтараш сари вақт муносибатро бо ин нафарон қатъ намоед. Рӯз барои машқҳои ҷисмонӣ мусоид аст, серҳаракатӣ ба саломатиятон фоида мерасонад. Вақте расидааст, ки нафарони муҷаррад аз пайи пайдо кардани бахти худ шаванд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз кунҷи танҳоиро ихтиёр накунед. Ҳама гуна сафарҳо ҳам даромади пулӣ меоранду ҳам табъатонро хуш мегардонанд. Муносибататон бо атрофиён беҳтарин гашта, бо дӯстдоштаатон наздиктар мешавед. Дарди миён аз нав хурӯҷ мекунад. Нисбати саломатӣ бепарвогӣ накарда, фавран аз пайи табобат шавед. Мушкилоти пулӣ намекашед, вале бояд пулро сарфа кунед, рӯзҳои наздик мушкилоти сахти пулӣ мекашед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Хабари ногуворе, ки дар ин рӯз мешунавед, ба зудӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад. Нимаи дуюми рӯз ба зиндагиятон тағйироти куллӣ ворид мегардад, бо тақдир баҳс накарда, ҳар чизе ба саратон омад, сабурона қабул намоед. Оқибати ҳама кор бо хурсандӣ анҷом меёбад. Рӯзҳои наздик хароҷоти калон мекунед, аз ин рӯ, пулро сарфа кунед. Бемориҳои музминро танҳо бо маслиҳати мутахассис табобат кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар дар оғози корҳоятон душворӣ кашидед, руҳафтода нашавед. Аз миёнаи рӯз сар карда, корҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Барои он ки сари қарори нодуруст наоед, бояд бо нафаре маслиҳат карда амал намоед. Нафарони муҷаррад бояд ба атрофиёни худ зеҳн монанд, нафаре шуморо дӯст медорад, вале иқрор шуда наметавонад. Ба оиладорон баҳс карданро тавсия намедиҳем.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар ба қувваи худ бовар кунед, ҳатман муваффақ мегардед. Бо шарикони корӣ дар масъалаҳои шахсӣ гап задану дарди дил карданро тавсия намедиҳем. Ҳатто ба дӯстони беҳтарини худ бовар накунед. Дар масъалаи саломатӣ ба кори меъда диққати хоса диҳед. Ба шумо парҳези шадид лозим аст. Ранҷишу хафагиро дергоҳ фаромӯш карда наметавонед, аз ин рӯ, аз доираи нафароне, ки бароятон писанд нестанд, дурӣ ҷӯед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Эҳтимоли ба доми макру ҳила ва дасисаву найранги нафароне, ки эътимодатон нисбаташон зиёд аст, афтиданатон имконпазир аст. Дар ҷои кор танҳо бо уҳдадориҳои худ машғул шавед ва ба кори дигарон бинӣ нахалонед. Дар муносибатҳои ошиқона сабабе барои рашки шумо вуҷуд надорад. Барои он ки аз фишори рӯҳӣ амон ёбед, аз рӯйи имкон қабл аз хоб пиёдагардӣ кунед. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД