formula
"Бешаи палангон" 85 сола шуд
403

Мамнуъгоҳи давлатии табиии “Бешаи палангон” дорои мавзеъҳои хушбоду ҳаво, олами набототу ҳайвонот, паррандагони нодир, гулу гиёҳ ва кӯлу дарёҳо мебошад.

Ин макони табиӣ, ки қариб 50 ҳазор гектар ҳудуд дошта, дар қаламрави ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қубодиёни вилояти Хатлон ҷойгир буда, яке аз ҷозибаҳои гардишгарии минтақаи сайёҳии водии Вахш ба шумор меравад. Бархе аз мавҷудоти мамнуъгоҳ дар Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудаанд.

Рӯзҳои 18-19-уми октябри соли ҷорӣ 12 рӯзноманигор аз расонаҳои мухталиф дар доираи семинари иртиботии лоиҳаи “Ширхӯрони Осиёи Марказӣ ва мутобиқшавӣ ба иқлим (CAMCA)” аз ин мавзеи зеботарини ҷумҳуриамон - Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”, ки аҳаммияти калони экологӣ дорад, дидан намуданд. Нахуст кормандони ВАО аз осорхонаи мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” боздид намуда, бо кӯмаки роҳбалад – сармутахассиси мамнуъгоҳ Даврон Бегҷиков аз ҳолати имрӯз - олами ҳайвоноту набототи он ҷо шинос шуданд ва чунин шумориданд, ки Мамнуъгоҳи давлатии табиии “Бешаи палангон” бо гуногунии биологии худ дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани экосистемаи минтақаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст.

Бояд гуфт, ки “Бешаи палангон” 4-уми ноябри соли 1938 таъсис ёфта, чунин ном гирифтани он аз ибтидои солҳои 30-50-уми асри гузашта ба яке аз намудҳои ҳайвоноти нодир-паланги туронӣ, ки дар он ҷо ба сар бурдааст, иртибот дорад. Охирин вуҷуди паланги туронӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст.

Дар мамнуъгоҳ қариб 50 намуди ҳайвонот, 214 навъи паррандагон ва зиёда аз 480 намуди дарахту гиёҳҳо мавҷуд буда, айни ҳол ҳудуди он ба 4 минтақа, 9 дидбонгоҳ ва 65 квартал тақсим гардидааст, ки дар онҳо кормандони масъул шабонарӯз фаъолият мекунанд.

Аз намояндагони синфи ширхӯрон дар ҳудуди мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ, ғизол, гурбаи қамишзор, кафтор, мири мушон, хуки ваҳшӣ, ҳашаротхӯри пакана, ҷайраи ҳиндӣ ва ғайра дучор мешаванд. Яке аз зеботарин намуди ширхӯрони мамнуъгоҳ ин гавазни бухороӣ мебошад, ки дар туғайзорҳо паҳн шудааст ва ҳоло теъдоди онҳоро зиёда аз 370-385 сар мегӯянд.

Дар дохили мамнуъгоҳ ду парваришгоҳ барои нигоҳубин ва зиёд намудани паррандагони нодир ва бештар намудани саршумори оҳуҳо ташкил карда шудааст, ки дар он се намуди оҳу - гавазни бухороӣ, сайгак ва ҷеран мавҷуд аст.

Тавре ки сармутахассиси мамнуъгоҳ Даврон Бегҷиков иброз дошт, хӯроки асосии гавазни бухороӣ саксавул аст ва ҳоло дар ҳудуди мамнуъгоҳ аз ҷониби масъулин майдони кишти ин намуди растанӣ васеъ карда шудааст.

Дар ҳудуди мамнуъгоҳ 23 кӯл боқӣ мондааст. Онҳо макони зисти обсабзҳо, содатаринҳо, харчангҳо, гамбусакони обӣ, нармтанҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвоноти обӣ мебошанд. Дар кӯлҳои мамнуъгоҳ 20 навъи моҳӣ зист мекунад, ки бархе аз онҳо намудҳои эндемикӣ, яъне доираи паҳншавии маҳдуддошта мебошанд.

Экосистемаҳои мамнуъгоҳ макони зисти доимии парандагони муқимӣ буда, барои зимистонгузаронии паррандагони муҳоҷир низ шароити мусоид дорад. Бо кӯшишу заҳмати масъулини мамнуъгоҳ бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори паррандагони нодир соли 2012 парваришгоҳи махсусе сохта шудааст, ки дар он шутурмурғ, тазарв, кабк, дуғдоғ парвариш карда мешавад. Паррандагони муқимӣ ин мавзеи табиӣ-мурғи даштӣ, кафтар, гунҷишк, лаклак, мурғобӣ, акка, булбул ба шумор мераванд. Ба паррандагони мавсимӣ бошад турнаҳо, ғозҳо, мурғобӣ, лаклакҳо, қашқанак, бакланҳои калон ва хурд-авганка мансубанд. 

Яке аз калонтарин калтакалосҳои замони муосир сусмори хокистаранг (эчкамар) дар минтақаи биёбони мамнуъгоҳ дучор мешаванд, ки онро “тимсоҳи биёбон” низ меноманд.

Олами набототи мамнуъгоҳ низ хеле бой аст. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ 604 намуди рустаниҳо мерӯянд. Аз ин миқдор, 322 намуд хӯроки чорво, 49 намуд техникӣ, 44 намуд дармонӣ, 10 намуд муфтхӯр ва 22 намуд заҳрнок мебошанд.

 

Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои он, ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ дар роҳи ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи устувори гуногунии биологии ин мамнуъгоҳ нақша-чорабиниҳои гуногунро амалӣ менамоянд, то ҳолати табиии мамнуъгоҳ ба стандартҳои байналмилалии ҳудудҳои ҳифзшаванда ҷавобгӯ бошад ва он статуси «мамнуъгоҳи зистсипеҳрӣ»-ро соҳиб шавад. Аз ин рӯ, муносибати оқилона ба табиат ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа омилҳои асосие мебошанд, ки дар оянда ҷиҳати ҳифзу нигаҳдории гуногунии биологӣ нақши муассир мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки 20 сентябри соли равон зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир шуд, ёдгории табиии “Бешаи палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Имсол тоҷикистониён 85-солагии Мамнуъгоҳи давлатии табиии “Бешаи палангон”-ро таҷлил мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД