goodwell
"Бо истифода аз каҷбел куштааст" Гумонбар дастгир шуд
18.11.2026
Оила
73

"Бо истифода аз каҷбел куштааст" Гумонбар дастгир шуд

Дар Душанбе ҷасади марди 66-сола бо нишонаҳои марги маҷбурӣ пайдо гардида, дар робита ба ин ҳодиса як нафар дастгир шудааст.

Ба иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, 16-уми ноябри соли 2026 дар кӯчаи Хуҷандии ноҳияи Сино ҷасади Сафаров Исмоил, сокини 66-солаи шаҳри Бохтар, дарёфт карда шуд.

Зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия Исломов Суҳроби 37-сола, сокини ноҳияи Фархорро бо гумони содир намудани ин ҷиноят дастгир карданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, гумонбаршаванда 15-уми ноябр бо марҳум муноқиша карда, бо истифода аз каҷбел ба сари ӯ зарба задааст, ки дар натиҷа Сафаров ба ҳалокат расидааст.

Гумонбар ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД