sebiston july new
Боридани борон ва барф пешгӯӣ шудааст
322

 

Дар рӯзҳои истироҳат, яъне аз 16 то 20-феврал ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон якбора сард шуда, боридани борон ва барф дар назар аст.

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ бориши барфи шадид пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани борону барф пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд низ борону барф пешгӯӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ 1+7 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 дараҷа гарм ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

Аммо дар роҳҳои кӯҳӣ барф ва яхбандӣ пешгӯӣ шудааст, аз ҳамин хотир аз ронандагоне, ки бо роҳҳои кӯҳӣ сафар карданиянд, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт бошанд ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД