formula
Боз як сутуни санъати тоҷик фурӯ рафт!
1757


Имрӯз боз як сутуни санъати тоҷик фурӯ рафта, ҳунарманди маҳбуби ҳамагон Раҷаб Ҳусейн дар синни 81- солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳунармандону теарту кино ва дигар мухлисони ин марди ҳунар хабар доданд.
Раҷаб Ҳусейн ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва СССР (1980)., Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2001) буда, фарзанди замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Ин марди сар то по ҳунар дар рӯзҳои аввали аланга задани оташи ҷанги хонумонсӯзи Гитлерӣ -15-уми августи соли 1941 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Давраи кӯдакиву наврасиаш хеле душвор гузашта бошад ҳам, ин ҷавони ташнаи илму ҳунар ҳаргиз аз омӯхтан дур набуд ва тавассути ҳамин талошҳо институти театри бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро соли 1964 хатм намуда, дар Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Лоҳутӣ то соли 1998 ба сифати актёр фаъолият менамуд. Аз соли 1998 Раҷаб Ҳусейн ба Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский гузашта, дар ин саҳнаи ҳунар низ накшҳои зиёде офарид.

Дар маҷмӯъ ҳунарпеша тақрибан дар шаст спектакл, аз қабили «Гамлет», «Шаби гирифтани моҳ», «Рустам ва Сӯҳ¬роб», «Дод аз дасти ақл», «Роҳзанон», «Маро тарк макун», «Сарбозони инқилоб», «Шаби охирини Суқрот» нақшҳои хотирмон офаридааст.

Ҳунари Раҷаб Ҳусейн бештар дар самти кино зуҳур намуда, аз нерӯи эҷодии ин марди ҳунар «Тоҷикфилм», киностудияҳои Маскав, Узбекистон, Минск, Афғонистон зиёд баҳра бурдаанд.

«Қиссаи зиндони Павиак», «Чор дарвеш», «Ситораи Улуғбек», «Ҷумъаи ҳафтум», «Хӯҷаини об», «Робита», «Субҳи Ганг», «Тӯфон дар водӣ», «Ман — сарҳад», «Гаравгонон», «Сарҳади ором», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Себ аз ҷаннат», филми бисёрсериягии телевизионии «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» намунае аз қариб панҷоҳ филманд, ки Раҷаб Ҳусейн дар онҳо образҳои хотирмон ва фаромӯшнашавнада офаридааст. Саҳмаш дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ низ ниҳоят калон аст.

Солҳои охир ба филмҳои туркӣ, ки дар кишвари мо сербинанда мебошад, овоз медод, вале афсӯс, ки сайёди аҷал риштаи умри ин ҳунарманди асилро барканд.

Сабаби марги Раҷаб Ҳусейн маълум нест, вале маросими дафни ин ҳунарпешаи шинохаи точик дар шаҳри Санк Петербугри Русия баргузор мегардад.

Аҳли эҷоди сомонаи ОИЛА. ТҶ аз даргузашти ин ҳунарманди нотакрор андуҳгин буда, ба пайвандони маит изхори ҳамдардӣ менамоянд ва дар таҳаммули ин фоҷиа аз даргоҳи Худванд барояшон сабри ҷамил хоста, дуогуи онанд, ки хонаи охирати маит обод бошад. .

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД