35 years of independency
Шоҳасари Ғафуров дар Олмон нашр шуд: муаррифии «Тоҷикон» дар Душанбе
20.11.2026
оила.тч
29

Шоҳасари Ғафуров дар Олмон нашр шуд: муаррифии «Тоҷикон» дар Душанбе

Тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ дар шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид. Нашри ин асари таърихӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон ба роҳ монда шудааст.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, китобро дипломати тоҷик Соҳибназар Ғайратшо ба забони олмонӣ тарҷума ва барои нашр омода кардааст.

Муаррифии асар дар Вазорати корҳои хориҷӣ таҳти унвони «“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров - дарсҳои таърихӣ» баргузор шуда, бо ташаббуси ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сафорати Олмон, Дафтари ҳамкории Швейтсария ва Бунёди Конрад Аденауэр ташкил шудааст.

Иштирокдорон зимни чорабинӣ таъкид кардаанд, ки тарҷумаи осори таърихию фарҳангии тоҷикон ба забонҳои хориҷӣ барои муаррифии таърих ва тамаддуни миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Ба гуфтаи онҳо, масъалаҳои дар асари мазкур инъикосёфта, аз ҷумла рушди роҳҳои тиҷоратӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва ҳамкории минтақавӣ, имрӯз низ мубрам мебошанд.

Дар маросими муаррифӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, олимон, аҳли фарҳангу адаб ва корпуси дипломатӣ иштирок доштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД