Чӣ гуна мизоҷи худро фаҳмидан мумкин аст?
112

Агар мехоҳӣ, ки мардум харид кунанд - фақат пешниҳод кардан басанда нест.

Бояд бидонӣ, эҳсос кунӣ ва пешгӯӣ намоӣ.

1. Кист ӯ?
Синну сол гуногун - ниёзҳо ҳам гуногун:

  • Наврасон - тренд ва чизҳои ҷолибро меҷӯянд.
  • Ҷавонон - тавозуни нарх ва сифатро меҷӯянд.
  • Бозрасон - боэътимодӣ ва роҳатиро қадр мекунанд.

Мисол: Барномаи омӯзиши англисӣ.
Барои наврасон - бояд мисли бозӣ бошад.
Барои калонсолон - бояд ҷиддӣ, бо ҷадвал ва таҳлилҳо бошад.

2. Чӣ ӯро ба ташвиш меорад?
Одамон чиз намехаранд - онҳо ҳалли мушкилоти худро мехаранд.

Мисол: Ғизои солим + вақт нест барои пухтан?
Ҳал: расонидани хӯрокҳои муфид.
Шиор? → "Зуд. Муфид. Бомазза".

Мисол: Uber машҳур шуд, чунки як мушкилро ҳал кард - таъмини таксӣ тавассути апликейшни қулай.

3. Аз куҷо ва чӣ гуна мехаранд?

  • Дар мағоза ё онлайн?
  • TikTok мебинад ё тафсирҳоро дар Wildberries мехонад?
  • Барои тахфиф мунтазир аст ё барои қулайӣ пардохт мекунад?

Мисол: Чехол барои телефон мефурӯшӣ?

  • Наврасон? → TikTok ва Instagram-ро истифода кун.
  • Бозрасон? → дар маркетплейсҳо бош, боварӣ эҷод кун.

Мисол: Amazon бузургтарин мағоза шуд, чунки максимум қулайӣ ва минимум қадамҳои зиёдатӣ пешниҳод кард.

ХУЛОСА:

Фаҳмидани мизоҷ - танҳо таҳлил нест.
Ин ҳис, суҳбат, мушоҳида ва омӯзиши пайваста аст.

Мизоҷ - фақат харидор нест.
Ӯ компаси ту аст.
Агар шунидани ӯро ёд гирӣ - бизнеси ту ҳамеша ба самти дуруст ҳаракат мекунад.

Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»

https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#

https://www.instagram.com/mba.tj?igsh=dmhjNzM4bWljOGw4

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД