Arzon march 2024
Чаро кӯдак норасид ба дунё меояд?
3003

 

Кӯдаке, ки пеш аз мӯҳлат таваллуд шудааст, нигоҳубини махсус мехоҳад.
 Фарзанд меваи умри инсон аст ва ҳар падару модар ба дунё омаданашро бе саброна интизор мешавад.

Гоҳо чунин мешавад, ки кӯдак пеш аз мӯҳлат ба дунё омада, волидонашро дар изтироб мегузорад, зеро аксарият бар он назаранд, ки тилфаки норасид зинда намемонад ёноқисулақлу касалӣ мешавад. Кампиракони солхӯрда мегӯянд, ки бача ҳафтмоҳа таваллуд шавад, боке нест, вале дар ҳаштмоҳагӣ ба дунё биёяд, умеди зинда монданаш нест. Ин андешаҳо то куҷо ҳақиқат доранд?

Норасидҳо 4 навъ мешаванд

Кӯдаконеро норасид меноманд, ки дар ҳафтаҳои 28-37 уми ҳомиладории модарашон ба дунё омадааст. Одатан вазни чунин тифлакон аз 2500 кг камтар ва қадашон дар ҳудуди 40-45 сантиметр мешавад. Вобаста ба вазнашон кӯдакони норасидро ба 4 гурӯҳ ҷудо мекунанд.

-Кӯдаки норасиде, ки 2000-2500 кг вазн дорад
-Кӯдаки норасиде, ки 1500-2000 кг аст
-Кӯдаки норасиде, ки 1000-1500 кг аст
-Кӯдаки норасиде, ки вазнаш аз 1000 кг камтар аст.

Афсона ё ҳақиқат?

Ақидаи зинда намондани кӯдаки норасид афсонаи кампиракон аст, ҳатто тифлаки норасиде, ки вазнаш аз 500 грамм зиёд аст, метавонад зинда монад, агар вақти ба дунё омадан ақалан як маротиба мустақилона нафас гирифта тавонад.

Чаро бача норасид таваллуд шуд?

Сабабҳои пеш аз мӯҳлат ба дунё омадани кӯдакон зиёданд. Ба ягон касалии сироятӣ гирифтор будани зани ҳомиладор, таксикози сахт, бемориҳои модарзодӣ, пеш аз мӯҳлат ҷудо шудани ҳамроҳак аз ҷанин, пеш аз мӯҳлат рехтани обҳое, ки кӯдакро дар батни модар иҳота намудаанд, одатҳои бади модаршаванда аз қабили нашъамандӣ, майзадагӣ ва сигоркашӣ метавонанд боиси ба дунё омадани тифли норасид гарданд. Бештар занҳо ҷавони синнашон аз 20 поён ва бонувони аз 35 сола боло кӯдаки норасид мезоянд.

Нишонаҳои тифли норасид

Кӯдакони норасид аз тифлакони расида ҷисман фарқ карда меистанд. Одатан чунин тифлакон каллаи калон доранд ва сарашон аз рӯяшон бузургтар аст. Пӯсти кӯдакони норасид бисёр тунук буда, духтарча бошад узвҳои занонаааш ба назар аз ҳад калон менамоянду писарча бошад, тухмчаҳояш хуб инкишоф наёфтаанд. Аз рӯйи нохунҳо низ норасид будани кӯдакро муаян кардан мумкин аст.

Кӯдаки норасид сина мемакад?

Кӯдакони норасид хеле сустанд ва бо садои паст мегирянд. Овози гиряашон ба мингоси гурбача монанд аст. Одатан чунин тифлакон мустақилона сина макида наметавонанд. Нафасгириашон номӯътадил буда, фишори хунашон тақрибан 75\20 мм. рт аст.

Ғизодиҳии аввалини тифли норасид вобаста ба ҳолати саломатиаш аст. Кӯдак пеш аз ҳафтаи 32 юми ҳомиладорӣ ба дунё омада бошад, тақрибан 12-36 соат баъди ба дунё омаданаш ӯро шикамашро бо глюкозаи 10% «сер» мекунанд. Глюкоза ба гари дасти кӯдак гузаронида мешавад. Вазни кӯдаки норасид аз 1800 гр зиёд бошад, модар метавонад бемалол тифлакашро сина диҳад. Ба кӯдакони вазнашон камтар бо соска шир медиҳанд. Мабодо тифлак сина ва соска макида натавонад бо воситаи зонт ӯро сер мекунанд. Кӯдаки норасидро дар як шабонарӯз 7-8 маротиба маккондан лозим аст.

 Тифле, ки нигоҳубини махсус мехоҳад

Кӯдакони норасидро дар палатаи махсус нигоҳ медоранд. Ҳарорат дар утоқе, ки тифлаки норасид хобидааст, бояд на пасттар аз 25 градуси сутунчаи симоб ва намнокии ҳавои утоқ 555-60 % бошад. Тифлаки норасидро танҳо баъди ба 2500 гр расидани вазнашон аз таваллудхона ҷавоб медиҳанд.

 Майдачаи ҷаққонак

Ин тифлакон ба нигоҳубини махсус ниёз доранд. Муҳити ором, муҳаббати бепоёни падару модар ва дигар аъзоёни оила, ҳамчунин маҳси бадан имкон медиҳад, ки майдаяки барои дидани ин дунё каме шитобкарда хуб афзоиш ёбад. Одатан тифлакони норасид тез инкишоф меёбанд, агар нигоҳубинашон хуб бошад. Ба кӯдаки норасид аллакай дар 4 моҳагӣ творог ва шӯрбоча, яъне каша хӯрондан мумкин аст, чунки ин майдачаи ҷаққонакро аз кӯдакони нӯҳмоҳа таваллуд шуда дигар фарқ карда намешавад.

 Девона ё ҳушёр?

Норасид ба дунё омадан ба саломатии қисми зиёди ин тифлакон таъсири ногувор намерасонад, вале ба ҳар ҳол, инкишофи сусти ақлонии баъзе тифлакони пеш аз мӯҳлат ба дунё омада ба назар мерасад. Тифлакони норасид гоҳо фалаҷ ё бо дигар иллатҳои модарзод ба дунё меоянд.

 Кӯдак норасид таваллуд намешавад, агар…

Бонувони азиз! Пеш аз мӯҳлат ба дунё омадани тифли батнатонро нахоҳед, пеш аз ҳама ба саломатии худатон аҳамият диҳед. Қабл аз ҳомиладор шудан аз ташхиси пурра гузашта, тамоми дарду иллатҳоятонро табобат намоед, то касалиҳои кӯҳнашуда боиси сар задании мушкилот дар саломатии шумов а тифлаки ояндаатон нагардад. Фаромӯш накунед, ки зани ҳомиладор ҳамеша бояд дар зери назорати духтури амрози занона-гинеколог бошад.

Ва аз ҳама муҳимаш, аз одатҳои бад даст кашеду ҳамеша бо табъи болида табассум карда гардед! Ханда умри шумов а фарзандатонро дароз мекунад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД