Туҳфаи бузурги падари Раҳими Ғармӣ ба 30 оила
Соҳибкори тоҷик Муҳиб Бобоҷонов, падари соҳибкори шинохта Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, ба 30 оилаи ниёзманд дар водии Рашт манзили истиқоматӣ тақдим кардааст.
Ба иттилои мақомоти ноҳияи Рашт, ин манзилҳо барои ятимон, шахсони дорои маъюбият ва дигар оилаҳои ниёзманд аз ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор сохта шудаанд. Хонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ба соҳибони нав ройгон супорида шудаанд.
Дар маросими супоридани калиди манзилҳо муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иштирок кардаанд.
Ҳамзамон, дар маҳаллаи «35-солагии Истиқлолият» ду корхонаи саноатӣ - дӯзандагӣ ва ширинипазӣ ба фаъолият оғоз кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин корхонаҳо беш аз 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Дар баробари ин, дар маҳалла майдончаи варзишӣ ва майдончаи бозии кӯдакон низ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд.