Хӯриш бо ҷигар
Маҳсулоти лозима:
3 бодиринги шӯр, 500 г ҷигар, 1 бонка нахӯди сабз, 2 сабзӣ, 1 пиёз, 200г майонез, намак.
Тарзи таҳия:
Ҷигарро дар об пухта, қариби пухтанаш намак кунеду хунук кунонида, хурд-хурд реза намоед. Сабзиву пиёзро хурд реза карда, дар равған зирбонед. Бодирингро хурд-хурд реза карда, ҳамаашро бо майонез аралаш кунед. Як маслиҳат: ҷигарро пешакӣ пухта, алоҳида бо майонез омезед. Он гоҳ ҷигар болаззат мешавад. Сипас дигар маҳсулотҳои резаро ба он илова созед.