Утеря
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу 13 медал гирифтанд
23.11.2026
оила.тч
50

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу 13 медал гирифтанд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу дар Чемпионати ҷаҳон - Abu Dhabi World Jiu-Jitsu Championship 2026, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 13 медал ба даст овард.

Медалҳои тиллоро Рамз Ҷӯраев (77 кг), Абдулло Латипов (62 кг), Ҳабиб Мавлянов (23 кг) ва Маҷид Соҳибзода (26 кг) ба даст оварданд.
Мустафо Қудриддинов (60 кг), Акрам Лутиев (77 кг) ва Мусаввир Садриддинзода (34 кг) бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин, Ашраф Сайдализода (56 кг), Дилшод Маъруфӣ (62 кг), Муҳаммад Садриддинзода (34 кг), Салмон Иброҳим (45 кг), Шоҳрух Темурӣ (38 кг) ва Марям Темурӣ (40 кг) мақоми сеюмро касб карда, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Ҳамин тариқ, тими Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳонро бо 13 медал ҷамъбаст кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД