shoh palace
Чипси тоҷикӣ аз хурмо
742


Кооперативи истеҳсолии «Беҳбудӣ»-и ноҳияҳои Кӯшониён бори нахуст аз хурмо чипс истеҳсол мекунад ва дар назар аст, ки чипси хурмо ба бозорҳои истеъмолии кишвар ва хориҷи кишвар дастрас гардад.

Дар ин бора Агентии иттилоотии “Ховар” хабар додааст.

Ҷамъовари хурмо дар кишвар ба фасли тирамоҳ рост меояд. Ёдовар мешавем, ки хурмо дар таркиби худ витаминҳои A, C ва P, микроэлементҳо, қанд, сафедаҳо, кислотаи лимӯӣ ва дигар моддаҳои биологии фаъол дорад.

“Беҳбудӣ” -кооперативи истеҳсолӣ-тиҷоратӣ буда, аз соли 2009 инҷониб фаъолият дорад. Дар сохтмонҳои бузурги вилоят, аз ҷумла, китобхона, меҳмонҳона осорхона ва дигар иншоотҳои фарҳангӣ саҳми ногустатанӣ дорад ва ҳамчунин дар самти хоҷагирдорӣ ва саноатӣ муваффақ мебошад. Дар баробари истеҳсоли чипс аз хурмо, ҳамчунин, дар коркард ва истеҳсоли хушк кардани олу, себ, зардолу, нок, шафтолу ва дигар меваҳо саҳми назаррас дорад.

Дар хабар омадааст, ки имрӯз истеҳсоли чипс аз мева дар Тоҷикистон равнақ гирифта истодааст ва боз як корхонаи дигар низ аз чанд навъи меваю сабзавот чипс истеҳсол мекунад. Тавре ки манбаъ менависад:
“Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меваҳои Бадахшон»-, ки дар ноҳияи Дарвоз фаъолият мекунад, истеҳсоли чор навъи чипс, аз лаблабу, сабзӣ, нок ва себро ба роҳ мондааст, ки бо истеҳсолоташ бозори дохилӣ ба хориҷи кишварро таъмин менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД